wrapper

Агентӣ

Агентӣ

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:

 

Дастгоҳи марказӣ  

1.Мудири бахши муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3074,75 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2.Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2265,7 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

1.Сармутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 2915,8 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2012,4 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

3.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1664,9 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд

        1.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1959,9 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;

        2.Мутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1612,4 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон

1.Мутахассиси пешбар – 3 ҷой, маоши мансабӣ – 1959,9 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;

2.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1612,4 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Душанбе

        1.Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2390,8 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ;

Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт

1.Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2168,4 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

1.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1779,2 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯйи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1459,5 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мудири бахш:

–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ;

– 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ;

– донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

 

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

 

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:

 

– таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

 

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

 

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;

– нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;

– маълумотнома оид ба доғи судӣ;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН);

–нусхаи маълумотнома дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;

– маълумотнома (справка-объективка) бо акси ранга.

 

 

Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо

 

Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Садриддин Айнӣ 126, шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ошёнаи 3), телефон 225-83-28, 225-83-32.

Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо баъд аз 21 рӯзи нашри озмун дар бораи гузаронидани озмун.

Муфассал...

Истиқлолият – бузургтарин сарвати миллӣ ва рамзи худшиносӣ

Истиқлолият – бузургтарин сарвати миллӣ ва рамзи худшиносӣ

 

Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ва неъмати бебаҳост, ки арзиши онро бо ҳеҷ гуна ченак баҳогузорӣ кардан мумкин нест. Маҳз истиқлолият ба миллат имкони худшиносӣ, худнигарӣ ва озодии воқеӣ мебахшад. Он заминаи асосии давлатдорӣ, пешрафт ва суботи ҷомеа мебошад.

Арзиши таърихиву маънавии истиқлолиятро инсоният ба хубӣ дарк бинмудааст. Зеро ҳар миллате, ки таърих ва тамаддуни худро мешиносад ва аз он ифтихор мекунад, истиқлолро чун бузургтарин сарват медонад. Истиқлолият ба ҷомеа нерӯи нав мебахшад ва миллатро ба худогоҳиву худшиносӣ мерасонад. Барои тоҷикон истиқлолият на танҳо озодии сиёсӣ, балки эҳёи тамаддун, забон ва фарҳанги миллӣ низ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода борҳо таъкид менамоянд, ки «Истиқлолият – неъмати бебаҳову сармояи маънавӣ маҳсуб меёбад!». Бар ҳақ дар муқоиса бо дигар сарватҳо, ки бо миқёс ва арзишҳои моддӣ чен карда мешаванд, истиқлолият танҳо бо ваҳдат, худшиносӣ ва ифтихори миллӣ арзёбӣ мегардад. Он ганҷинаест, ки наслҳои имрӯза ва оянда бояд чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Таърих исбот намудааст, ки Истиқлол ваҳдатофар асту Ваҳдат хоси халқу давлатҳоест, ки соҳибихтиёру озод мебошанд. Шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибихтиёр дар ин самт қадамҳои устувор гузоштаанд. Онҳо дар атрофи меъмори Сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид омада, ваҳдати миллиро бунёд менамоянд.

Истиқлолияти давлатӣ калиди соҳибдавлатӣ ва рамзи ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик мебошад. Миллат бо он тавонистааст тақдирашро ба дасти худ бигирад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хос пайвастагӣ пайдо намояд. Истиқлолият ҳамеша талош мекунад, ки набзи давлату давлатдорӣ бо набзи ҷаҳониён ҳамоҳанг ва ҳамсадо бошад, ки ин омили муҳими устувории сиёсӣ ва маънавии миллат мебошад.

Ба хотири дарки арзиши таърихӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои таҳкими истиқлолият, мо паҳлуҳои гуногуни ин неъмати азизи худододро мунтазам мавриди арзёбӣ қарор медиҳем. Истиқлолияти Тоҷикистон на танҳо дар асри охир, балки дар садсолаҳои дароз ва дар даврони таърихи куҳан ва сарнавишти иҷтимоии халқамон ҳамеша пирӯзии бузург маҳсуб меёбад. Чунон ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, таҳкими истиқлолияти миллӣ бояд мақсади доимии ҳар шаҳрванди худогоҳ бошад.

Дар даврони истиқлол Тоҷикистон тавонист дар соҳаҳои маорифу илм, иқтисоду фарҳанг ва сиёсат дастовардҳои назаррас ба даст орад. Баланд гардидани мақому манзалати омӯзгорон ва олимон, таҳкими пояҳои худшиносии миллӣ, густариши тафаккури техникӣ ва рушди насли нав ҳама аз баракати истиқлолият мебошанд.

Масъулияти наслҳои имрӯзу фардоро Пешвои муаззами миллат дар соҳаи маориф дониста, маҳз ҳамин соҳаро самти афзалиятнок эълон намуданд ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ ва наҷоти миллат арзёбӣ кардаанд. Ин мавқеи стратегӣ нишон медиҳад, ки илму маориф танҳо василаи донишандӯзӣ нест, балки заминаи воқеии пойдории истиқлолият ва рушду такомули ҷомеа ба шумор меравад.

Бо ҳамин далел, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бемайлони низоми маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисосу унвондор ва тақвияти неруи инсонӣ дар ҳама зинаҳои таълимро вазифаи аввалиндараҷа қарор додааст. Натиҷаи чунин сиёсати пайгирона дар он аст, ки тайи сиву чор соли истиқлолият соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои танзими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ садҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардиданд.

Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ин муддат фаъолияти худро ба ҳадафи асосӣ — бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равона сохтааст. Тарбияи худшиносиву худогоҳии насли нав, ифтихори ватандорӣ, таҳкими шаъну шарафи шаҳрвандӣ, ташаккули шахсияти донишҷӯёну хонандагон, инчунин таъмини амнияти иттилоотӣ ва рушди зеҳнии ҷавонон, аз ҷумла самтҳои калидии фаъолияти он маҳсуб мешаванд.

Аз дастовардҳои солҳои истиқлол, яке низ баланд гардидани мақому манзалати устоду олим аст. Ин падида, аз ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат шаҳодат медиҳад. Дар ин росто Садри фардоназари миллат таъкид кардаанд: «Давлату Ҳукумат ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омўзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомўзад ва он чӣ андўхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омўзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омўзгор буданду ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд». Ин андеша баёнгари он аст, ки китобу қалам, илму маърифат ва омӯзгори асил аз замонҳои қадим то имрӯз арҷмандтарин сармояи миллати тоҷик маҳсуб меёбад ва дар оянда низ чунин хоҳад монд.

Истиқлолияти воқеии давлат моҳияти раҳоӣ аз дастнигарӣ ва расидан ба худшиносиву худнигариро дорад. Ин неъмат танҳо амонати имрӯз нест, балки сармояест барои наслҳои оянда. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди худогоҳ вазифадор аст, ки истиқлолро пос дошта, онро ҳамчун рамзи ҳастии миллӣ ва омили бақои давлатдорӣ аз насл ба насл интиқол диҳад.

Истиқлолият меъёри ҳастии миллӣ ва пояи давлатдорӣ мебошад. Ҳифзу таҳкими он на танҳо рисолати наслҳои имрӯз, балки масъулияти наслҳои оянда низ мебошад. Бо ифтихори истиқлол, миллати тоҷик роҳи пешрафту шукуфоии худро интихоб намуда, ояндаи равшанро дар партави ваҳдату худшиносӣ месозад.

Сафарзода Сафармад Саид – сардори раёсати

назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти

ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолонаи

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Муфассал...

ДАСТОВАРДҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

ДАСТОВАРДҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Ба сифати вазифаи муҳимми давлат арзёбӣ намудани масъала оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо ба он асос меёбад, ки имрӯз субъектҳои дахлдор самти фаъолиятро дар робита ба такмили зеҳн ва ё тафакури наврасону ҷавонон тағйир диҳанд, ба талаботи ҷомеаи муосир пеш аз ҳама ба иқтидори зеҳнии худи ҷавонон мутобиқ гардонанд.

Ҳамеша Пешвои миллат иброз менамоянд, ки: «Яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат дар соҳаи маориф дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони болаёқат мебошад». Татбиқи ин ҳидоят дар мисоли чанде аз тадбирҳо (мактабҳои президентӣ, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва ғ.) амалӣ шуда истодаанд. Дар тақвияти ин ҳидоят ва дар доираи бистсолаи омӯзиши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 фарогирии шумораи зиёди лаёқатмандон лозим мегардад.

Ҳамзамон, ин механизм имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон ба омӯзишу истифодаи технологияҳои иттилоотӣ бештар машғул гарданд, ки ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат дастур медиҳанд, ки: «Мо бояд минбаъд низ тавассути стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ, бурсияҳо ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем ва барои иқтисоди миллии худ кадрҳои дорои сатҳи баланди касбият ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалиро омода намоем». Ин механизми дигаре мебошад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ барои омодасозии кадрҳои болаёқати сатҳи байналмилалӣ истифода мегардад.

Зимни Паёми имсола  28 декабри 2024 Роҳбари давлат дар бораи ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил дар хориҷӣ кишвар  чунин қайд намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.

Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалии» дар соли таҳсили 2025-2026 ки дар он беш аз 885 нафар тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар Федератсияи Россия 429, Ҷумҳурии халқии Хитой 156, Ҷумҳурии Беларусия 11, Ҷумҳурии Қазоқистон 91, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 20, Малайзия 2, Ҷумҳурии Федеролии Олмон 1, Ҷумҳурии Узбекистон 1, Давлати Қувайт 10, Аморати муттаҳидаи Араб 1, Ҷумҳурии Озорбойҷон 4, Арабистони Саудӣ 7, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ 65, Ҷумҳурии Маҷористон (Венгрия) 20, Ҷумҳурии Сербия 1, Ҷумҳурии Туркия 18,  Ҷумҳурии Исломии Эрон 41, Испания 1, Ҷопон 1, Канада 4, Сингапур 1 ва дигар давлатҳои пешрафта таҳсилро идома медиҳанд.   

Дар замони соҳибистиқлолӣ донишҷӯён тоҷик дар Англия, Италия ва Олмон дар давоми таҳсилашон тавонистанд, ки навгониҳои илмиро аз бар карда, соҳиби дипломҳои байналмилалӣ гашта, ҳамчунин аз рӯи мониторинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин давлатҳо ба даҳгона ва рейтинги рақами як дохил шудаанд, ки мояи ифтихори миллати тоҷик мебошанд. «Мояи ифтихор аст, ки дар байни шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани мониторинги таҳсил аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳамон давлатҳо рейтинги аввалро ишғол менамоянд».

Чунин донишҷӯён на танҳо дар Иёллоти Муттаҳидаи Амрико, балки дар Британияи Кабир, Малайзия, Олмон ва дигар давлатҳо низ фаъолона таҳсил дошта, номбардори миллати сарбаланди тоҷик  гардидаанд. Ёдовар мешавем, ки «хароҷоти таҳсили ин донишҷӯён пурра аз ҷониби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад. Аз ҷумла, маблағи таҳсил, маблағи хобгоҳ, стипендияи ҳармоҳа ба маблағи 500 доллари Иёллоти Муттаҳидаи Амрико, суғуртаи тиббӣ, маблағи раводид, тамдиди раводид ва маблағи роҳкиро барои рафтану баргаштан давоми 4 сол пардохт карда мешавад» Тибқи нақшаи дурнамое, ки аз рӯи дурнамои Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳия ва барои тасдиқ ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод мегардад, солҳои баъдӣ низ донишҷӯён дар хориҷи давлат он ихтисосҳоеро, ки дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ омода карда намешаванд, фаро мегиранд. Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ соли 2009  бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз таъсиси ин марказ рушд додани неруи инсонӣ, баланд бардоштани савияи донишу маҳорати ҷавонон ва пешорафту ояндаи босуботи Тоҷикистон мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон  бо итминон гуфта метавонем, ки таҷрибаи якчанд соҳаҳо ва муввафақ гардидан ба онҳо аз ҷумла,  роҳсозӣ ва энергетика, ҳамчунин фаъолияти бонкӣ (бахши хусусӣ) метавон хулоса намуд.

Чи тавре Пешвои миллат иброз менамоянд, агар завқу хоҳиш бошад, пас метавон лоиҳаҳои хуби сармоягузорӣ ва ё грантӣ таҳия намуда, ба ин самти фаъолият, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму техника, маблағҳои зиёди дохилию хориҷӣ ҷамъоварӣ ва амалӣ намуд.

Бо боварӣ гуфта метавонем, ки ин мутахассисон баъди таҳсил ба Ватан баргашта, дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми назаррас мегузоранд. Зеро тибқи созишнома ва шартномаҳои сеҷонибае, ки ғолибони озмуни Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор ба тасвиб расонидаанд, уҳдадор мебошанд, ки 5 сол дар мамлакат дар соҳаи омӯхтаашон фаъолият намоянд.

Ба муносибати Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш иброз намуд, таҳсилоти олии касбӣ яке аз пояҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳар як давлат ба шумор меравад.

Имрӯз дар кишвар 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амал мекунад, ки дар онҳо беш аз 213 ҳазор нафар донишҷӯ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Дар ҷаҳони муосир, ки босуръат тағйир ёфта, талаботи бозори меҳнат пайваста нав мегардад, зарурат ба таҳсилоти олӣ ҳамчун муҳити тавлиди дониш, технология ва инноватсия беш аз пеш эҳсос мегардад.

Маҳз бо кушишу, заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути таҳсилоти олии босифат ҷомеа метавонад ба кадрҳое такя намояд, ки бо дониш, масъулиятшиносӣ ва диди васеъ муҷаҳҳаз буда, дар ҳама соҳаҳои ҳаёт нақши фаъол бозида метавонанд.

Мо ҷавонон бояд ба қадри ғамҳориҳои Ҳукумати кишвар расида, дар ин сарзамини сулҳофарин, соҳибистиқлол ҳамеша дар ободву озодии ва ягонагии миллат кушишу заҳмат намуда, барои боз ҳам ба пешрафти  илму маориф ҳиссагузорӣ намоем.

Сармутахассиси раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллоев Меҳроб Кароматуллоевич

 

Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35