wrapper

Агентӣ

Агентӣ

Андешаҳо аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ

Андешаҳо

аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Дониш ва Дарси Сулҳ

 

Мулоқоти ҳарсолаи Пешвои муаззами миллат бо донишҷӯёну хонандагон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар дар Рӯзи дониш фурсати хубе фароҳам меоварад, ки вазъи ин соҳаи ҳаётан муҳимро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем. Зеро, маҳз, дониш омили асосии рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат, инчунин, сарчашмаи муваффақият ва зиндагии осудаи ҳар як инсон мебошад.

Ҳар сол дар мамлакат садҳо муассисаи нави таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, забономӯзӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ бунёд ва ба истифода дода мешаванд. Тамоми пешрафту дастовардҳои мо, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳаёти шоиставу осоиштаи мардум, пеш аз ҳама, ба пойдории сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ вобаста мебошад.

Бинобар ин, боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки соли нави таҳсил дар диёри маҳбуби мо бо Дарси сулҳ оғоз меёбад.

         Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дур мондан аз таълиму тарбия, дар навбати худ, боиси коста шудани андешаи сулҳхоҳона ва талош ба хотири сулҳу осоиш мегардад. Дар навбати худ, ҳоло ҳам дурмонӣ аз таҳсил мушоҳида гардида, масъулини соҳа вазифадоранд, ки садди роҳи  он бошанд. Мардуми мо набояд ҳаводиси солҳои 90-уми асри гузашта – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оқибатҳои даҳшатноки онро фаромӯш созанд ва авзои имрӯзаи ҷомеаи башарӣ ҷавонони моро водор месозад, ки андешаи сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳуввияти миллӣ қабул карда, ба хотири таҳкими ҳарчи бештари ин неъмати бебаҳо саъю талош намоянд.

Дар кишвар раванди ислоҳоти соҳаи маориф бомаром идома дорад.

Дар ин муддат санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шуданд. Маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол ба сол афзоиш дода шуд, ки ин, пеш аз ҳама, ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат карда истодааст.

Илова ба маблағҳои буҷетӣ ҳар сол ба соҳаи маориф аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳа давра ба давра беш аз 20 баробар зиёд карда шуд.

Ҳукумати мамлакат ба вазъи муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи хосса дорад. Зеро нахустин фаҳмишҳои кӯдакон дар бораи муҳит ва ашё маҳз дар ҳамин зинаи таҳсилот шакл мегиранд.

Дар баробари пешравиҳои муайян, дар ин соҳа ҳанӯз мушкилоти зиёд низ ҷой доранд, ки пеш аз ҳама, кам будани шумораи муассисаҳои томактабӣ ва кӯдакони ба таълиму тарбияи томактабӣ фарогирифташуда аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар назар бояд дошт, ки афзоиши босуръати аҳолӣ талаботи ҷомеаро ба таҳсилоти томактабӣ сол ба сол афзоиш дода истодааст.

Чунин ҳолат роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Вазорати маориф ва илм, инчунин, падару модаронро водор месозад, ки бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таъсиси шаклҳои алтернативии фарогирӣ ба зинаи томактабиро густариш бахшида, иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди маорифро дар хусуси то соли 2030 ба 50 фоиз расонидани фарогирӣ ба таҳсилоти томактабӣ таъмин намоянд ва дар оянда пурра таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои соҳибихтисос тадбирҳои судманд андешанд.

Таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз зинаҳои муҳимми соҳаи маориф маҳсуб ёфта, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади беҳтар кардани шароити таълиму тарбия ҳазорҳо муассисаи таълимии замонавӣ бунёд карда шуд.

Дар баробари дастоварду пешравиҳо дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамчун таҳкурсии асосии таълиму тарбия ва омили рушди неруи инсонӣ ҳанӯз як қатор мушкилоту душвориҳои ҳалталаб вуҷуд доранд.

Такмилу бознигарии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сифати таълим, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, кабинетҳои фанниву озмоишгоҳҳо, саводнокии рақамӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ҳамчун санади муайянкунандаи мазмун ва сатҳи таҳсилот амал мекунад, вобаста ба пешрафту дигаргуниҳои ҷаҳони муосир ба таҷдиди ҷиддӣ ниёз дорад.

Таҳия ва қабули стандарти нави давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ба натиҷа, таълими шахсиятсоз ва пайвастагии мактаб бо ҳаёти воқеӣ такя мекунад, амри зарурист.

 

Шарипов Баҳром – сардори шуъбаи

Агентии назорат дар соҳаи маориф

ва илми назди Президенти Ҷумҳурии

 Тоҷикистон дар минтақаи Ҳисор

 

 

Муфассал...

Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ

Рӯзи дониш ва Дарси Сулҳ

 

Ҳамасола дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ таҷлил мегардад, ки ин на танҳо оғози соли нави таҳсил, балки ибтидои маънавии як марҳилаи нав дар ҳаёти наврасон ва ҷавонони мамлакат мебошад.

Рӯзи дониш имсол низ бо як шукуҳу шаҳомати хоса бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Сараввал Пешвои муаззами миллат бинои нави таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи кишвар мулоқоти судманд доир намуданд.

Дар мулоқоти имсола Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дониш инсонро аз ҷаҳолат, нодонӣ ва зулмат раҳоӣ бахшида, ӯро ба самти шуур, ахлоқ, созандагӣ ва тараққиёт раҳнамоӣ мекунад. Шахсе, ки соҳибдониш аст, ба худ эътимод дорад, воқеиятро дуруст дарк мекунад ва метавонад барои беҳтар намудани муҳити худ ва ҷомеа саҳм гузорад.

Илму дониш ҳамчун сарчашмаи асосии пешрафти ҳамаи соҳаҳо аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Таъмини рушди устувори иқтисодӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои моддӣ ва маънавӣ, ташаккули шаклҳои самараноки идоракунии давлатӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ аз сатҳи рушди иқтидори инсонӣ вобаста мебошанд. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо соҳаи маориф аз ҷониби давлат ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳим арзёбӣ карда мешаванд.

Дарси сулҳ бо мақсади ташаккули ҷаҳонбинии сулҳҷӯёна ва тарбияи инсони таҳаммулгаро гузаронида мешавад. Ҳадафи он шинос намудани хонандагон бо арзишҳои сулҳ ва оромӣ, тарбия кардани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, мустаҳкам намудани дӯстию ҳамбастагӣ байни миллатҳо, афзун намудани маърифати сиёсӣ ва фарҳангии насли наврасу ҷавон ва баланд бардоштани қадри Истиқлол ва Ваҳдати миллӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи донишро дар оғози соли хониш яке аз анъанаҳои неки даврони соҳибистиқлолӣ, тантанаву бузургдошти саводу дониш ва хираду маърифати мардуми куҳанбунёди тоҷик маънидод менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро сар карда аз зинаи таълиму тарбияи томактабӣ таъкид доштанд, ки ҷиҳати таъмини муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои соҳибтахассус шумораи ихтисосҳои таҳсилоти томактабии шакли ройгон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зиёд карда шаванд. Ҳамчунин, бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатӣ вазифадор карда шудаанд, ки лоиҳаи Барномаи давлатӣ дар самти омода намудани омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқро омода намуда, дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Инчунин, ҷиҳати гузариш ба низоми 12-солаи таҳсилот, арзёбии сатҳи сифати таҳсилот ва татбиқи низоми бисёрхола дар муассисаҳои таълимӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мо аҳли маорифи кишвар дар ҷавоб ба ҳама дастгириву ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кушиш ба харҷ медиҳем, ки аҳлона кору фаъолият намуда, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Садуллозода Алишер – сардори раёсати

назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти

томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагии

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва

Илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муфассал...

БО ДОНИШ – БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

БО ДОНИШ – БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

 

Мо шоҳиди баромади пурмазмуну таъсирбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба Рӯзи дониш гардидем.

Ин суханронӣ на танҳо ҳамчун роҳнамо ва дастурамали ҳаёти барои ҷавонон садо дод. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо диди амиқ ва нуқтасанҷи хос масъалаҳои муҳими рушди илму маориф, нақши донишҷӯён дар пешрафти Ватан ва масъулияти ҳар як нафарро дар назди ҷомеа таъкид намуданд.

Баромади Пешвои миллат бори дигар собит сохт, ки омӯзгори сутуни асосии давлат, меъморӣ маънавиёт ва калиди саодати миллат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, якчанд нуқтаи асосиро таъкид намуданд:

1.Дониш ҳамчун қимати олӣ - дониш нерӯи асосии пешрафти миллат ва кафолати саодати давлат аст.

2.Нақши омӯзгор - омӯзгор бояд ҳамеша ҳамчун меъмори шахсият ва тарбиятгари насли нав қадр шавад, зеро ояндаи давлат аз заҳмати онҳо вобаста аст.

3.Масъулияти ҷавонон - ҳар як ҷавон бояд ба ҳисси баланди ватандорӣ ва масъулиятшиносӣ таҳсил намоянд ва барои ободии Ватан саҳм гузорад.

4.Дастгирии соҳаи маориф - давлат ва ҳукумат ҳамеша омодаанд барои баланд бардоштани сифати маориф ва шароити таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Пешрафти Тоҷикистонро танҳо тавассути илм ва маорифи муосир метавон таъмин кард. Омӯзгорон бояд аз тарафи ҷомеа ҳамеша эҳимром шаванд, зеро онҳо меъмори ҳақиқии миллат ҳастанд.

Ҷавонон вазифадоранд, ки бо азму ирода таҳсил намоянд ва донишашонро ба нафъи давлату миллат равона созанд.

Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35