Истиқлоли давлатӣ ганҷи бебаҳо ва бузургтарин дастоварди таърихӣ

Арзиши истиқлолияту озодии Ватан бо ягон ченак арзёбӣ карда намешавад. Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамадуни хешро медонаду аз онҳо ифтихор мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш қайд намудаанд, ки «Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад». Аз ин гуфтаҳои Пешвои миллат бармеояд, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба мо имконият пайдо шуд, ки ин ганҷи бебаҳоро ба манфиати ҷомеа баҳри ояндаи нек ва хушбахтии мардум, дӯстию бародарӣ, ваҳдату якпорчагии миллати тоҷик бобаракат ва пурсамар истифода намоем.
Волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи навини Тоҷикистон соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ мебошад. Дар давраи муқовиматҳои шадиди сиёсӣ Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд.
Санади мазкур Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр муайян намуд ҳам, онро дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди нави Шӯравӣ тасаввур мекард ва истиқлоли комилро таъмин карда наметавонист.
Дар тӯли як соли аз қабули эъломия сипаригардидта Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ бо дарназардошти воқеияте, ки босуръат ҷараён мегирифт ва таҳаввулоти азими ғайримунтазирро ба вуҷуд меовард, ба мазмуну муҳтавои истиқлоли худ боз рӯй оварданд ва барои дарёфти истиқлоли комил талош намуданд.
Ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 баамломада аз оғози рӯзҳои вопасини ин давлати абарқудрат дарак медод. Зеро ҷумҳуриҳо муҳтавои истиқлолияти сиёсиро дар ин марҳала дарк намуда, барои ба даст овардани истиқлолияти комил саъйу талош мекарданд.
Ҳолати мазкур дар изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) аз 9 сентябри соли 1991 қабул гардида буд, чунин баён гардидааст: «Тағйироти инқилобиро дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ ба назар гирифта, кӯшиши ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри ба он дохилшавандаро оиди аз нав барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ эҳтиром намуда,... мувофиқи Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 августи соли 1990 қабул шуда буд, Шурои Олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон мекунад».
Изҳороти қабулгардида боиси он гардид, ки Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсусро «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуда, матни Изҳороти Шурои Олиро дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донад.
Қабул гардидани ин ду санади таърихӣ ҳатмӣ зарурати такмили Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо менамуд. Бо дарки ин амри воқеӣ Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуд ва 9 сентябри соли 1991 тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.
Хулоса, 9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ расман Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.
Сиву панҷ сол қабл, 9 сентябри соли 1991 муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавиштсози миллати бофарҳанг ва соҳибтамаддуни тоҷик ба ҳастӣ пайваст. Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Гарчанде бархе аз душманони миллат бо фармоиши хоҷагони бурунмарзӣ, ки тобу тоқати ин рӯйдоди бузурги таърихиро надоштанд, бо иғвову дасиса ҷанги бародаркуш ташкил намуда, ҳазорҳо мардуми бегуноҳро ба эъдом расонда, ба муҳоҷират маҷбур карданд, вале ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд. Зеро ба бахти миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омада, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ наҷот доданд.
Замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони биҳиштосо дар партави сиёсати созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти баруманди арсаи сиёсат дар таърихи навини Тоҷикистон тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ касб намояд.
Аз ибтидои асри бисту як мо шоҳиди онем, ки дар минтақа ва ҳатто дар бисёр ҳолат берун аз он бо иштироки Тоҷикистон тасмимҳое гирифта мешавад, ки онҳо мазмунан ва моҳиятан барои сулҳу субот ва оромию осоиштагии ҳаёти инсон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ равона шудаанд. Маҳз бо баракат ва шарофати Истиқлоли давлатӣ миллати бофарҳангу соҳибтамаддун, кӯҳантаърих ва меҳмоннавозеро бо номи “тоҷик” ва мамлакатеро бо номи “Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд, эҳтиром ва эътироф менамоянд. Илова бар ин, ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми хосаеро касб намудааст.
Бо гузашти вақт ва дар муддати 35 соли соҳибистиқлолӣ дар самти рушду нумуи волоияти конун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, таъмини амният, бунёду азнавсозии иншооти соҳаҳои гуногун, роҳсозӣ, рушди иқтисоду фарҳангу илм ва маориф, таъсиси корхонаву коргоҳҳо, эҳё намудани расму суннатҳои миллӣ-мардумӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, рушди иқтисоди хонаводагӣ, пазируфтани ташаббусҳои байналмилалӣ ва ғайра корҳои бениҳоят зиёд ва назаррас анҷом дода шуданд. Аслан, дастовардҳои соҳаҳои гуногун аз соли 2000 оғоз гардиданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар зарфи 25 сол ё чоряки аср Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳи зиёда аз якасраи дигар мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳонро баъд аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсиашон тай намудааст. Рушду нумуи соҳаҳои Тоҷикистон дар зарфи солҳои 2000-2026 зар замони соҳибистиқлоли дар таърихи Тоҷикистон беназир аст.
Агар аз рӯйи инсоф қазоват кунем, аз даврони соҳибистиқлолии мо даҳ соли аввали он бо нооромӣ гузашт ва тамоми дастовардҳои беназир дар самтҳои мухталиф дар ҳамин бисту як соли охир муяссарамон гардидаанд ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳама ҷаҳду талош дар умури давлатдорӣ дар сурати поянда будани оромиву осоиштагӣ ва соҳибистқлолӣ натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Бидуни муболиға, дар ин муддати кӯтоҳ, яъне сию панҷ соли Истиқлолияти давлатӣ мо бузургтарин корҳоро анҷом додем. Ин аз хиради воло ва сиёсати дурусти пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Қайд намудан зарур аст, ки маҳз ба туфайли фидокорӣ ва заҳматҳои хастанопазир ва шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ин дастовардҳо ноил гардидааст.
Набояд фаромӯш кард, ки дар тӯли ин солҳо мардуми Тоҷикистон фоҷиаи мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ - ҳамдигаркуширо аз сар гузаронида, муборизаи қувваҳои сиёсии қудратхоҳ ба кишвар ҳисороти бузурги ҷонӣ, моддӣ ва маънавӣ расонидаанд, ки онро бо пулу мол андоза кардан нашояд.
Дар он замон ақли солим боло гирифту қувваҳои даргир ба ҳам омаданд ва ҳар кадом уҳдадор шуданд, ки барои мустаҳкам намудани истиқлолияти воқеӣ ҷонашонро дареғ намедоранд ва кӯшиш ба харҷ доданд, ки дар фазои сулҳу субот бинои истиқлолиятро бо ҳам месозанд.
Ҳоло мо бояд аз он шукрона кунем, ки бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро беш аз 190 давлати ҷаҳон мешиносанд ва садои Тоҷикистонро дар олитарин минбарҳои ҷаҳон мешунаванд.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои Конститутсия, Суруди миллӣ, Парчам, забони миллӣ, асъори миллӣ, артиши миллӣ ва ғайраҳо буда, аъзои бонуфузтарин ташкилотҳои байналмиллалӣ аст.
Қайд намудан зарур аст, ки Конститутсия дар бобати фароҳам овардани сулҳи комил ва ризоияти миллӣ дар саросари мамлакатамон низ нақши муҳим бозидааст, зеро дар он тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ инъикос гардидааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки сиёсати дар асоси Конститутсия пешгирифтаи Президенту Ҳукуматро на танҳо кулли мардуми Тоҷикистон, балки созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва аксари мамлакатҳои ҷаҳон пуштибонӣ ва дастгирӣ менамоянд.
Вобаста ба ин, Президенти маҳбуби кишвар ҳамеша таъкид менамоянд, ки омӯзиши Конститутсия, ҳамчунин рамзҳои давлати миллӣ, яъне Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳанӯз дар боғчаҳои бачагонаву синфҳои ибтидоӣ ба роҳ монда шавад. Дар ҳар давлати соҳибистиқлол бояд ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, дарки моҳияти давлатдории миллӣ бо тамоми рамзҳояш ҳанӯз бо шири модар дар ҷону хиради ҳар як фард маъво гирад ва аз насл ба насл гузарад.
Мардону занон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли мо ҳуқуқи баробар доранд. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, Президенти мамлакатамон ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки иштироки бештари занон дар ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, дар корҳои идораи давлат таъмин карда шавад. Аз ин ҷост, ки занони бофарҳангу фаъол ва кордон дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия вазифаи роҳбариро ба зимма доранд ва теъдоди онҳо сол ба сол афзуда истодааст.
Зикр кардан зарур аст, ки роҳбарияти мамлакат, хусусан сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли проблемаҳои ҷавонон низ эътибори ҷиддӣ медиҳанд, зеро ҷавонон дар ҷомеаи мо қувваи бузурганд ва дар ободонии ватани соҳибистиқлол ва баланд бардоштани обрӯи миллат саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамзамон, Президенти маҳбуби кишварамон аз рӯзи ба сари қудрат омаданашон ҳамеша ҷавононро дастгирӣ мекарданд. Илова ба ин, ҳамеша дар сиёсати пешгирифтаашон такя ба ҷавонон низ мекунанд. Ин аст, ки сол аз сол сафи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон афзуда истодааст ва ҳолати мазкур аз такя намудан ва дастгирӣ кардан ба ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти татбиқи чор ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат назаррас мебошанд ва дар солҳои охир рӯз аз рӯз беҳтар шудани вазъи соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва роҳсозӣ, коммуникатсия ва технологияи иттилоотиро ҳамагон дида истодаем.
Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангу варзиш ба маҷрои куллан нав ворид гардида, сол аз сол рушд намуда истодаанд.
Инчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи илмро дар баробари соҳаҳои маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ меҳисобад ва барои таъмини самаранокии корҳои илмиву таҳқиқотӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст.
Истиқлолияти давлатиро метавон дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Вобаста ба ин, махсус хотирнишон бояд намуд, ки маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард.
Ифтихор намудан аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат рукни бисёр муҳимми истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату ватани худро дар ихтиёр доранд.
Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад.
Мо бояд ифтихор намоем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад.
Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми низомҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва неруҳои сарҳадӣ дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлат таҳти назорати доимӣ гирифта шудааст. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Бо сипарӣ гардидани солҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳим метавон хулоса кард, ки давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба набзи иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем.
Бо шарофати истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ноил шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳар яки мо дар таҳкими истиқлолият ва рушду шукуфоии кишвар саҳмгузор бошем.
Дар интиҳо, бори дигар ёдрас менамоем, ки ҳар як шахс вазифадор аст, ки ин ганҷи бебаҳои таърихии ба дастоварда ва қонунҳои дар он амалкунандаро риоя кунанд, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гаштааст, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз, бо чунин орзуҳо гуфтаниам, бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо орад.
Ализода Довуд Алӣ – муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ
Русский
English
