wrapper

Наврӯзи оламафрӯз

Наврӯз ин ҷашни анъанавии мардуми форсизабон буда, ҳар сол 21-уми март ҳамчун соли нав таҷлил карда мешавад. Он яке аз идҳои  қадима ва зеботарин буда, ибтидои соли нав ва баҳорро ифода  менамояд.

Наврӯз дар Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин ҷашни миллии ниёгон ба ҳисоб рафта, таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Наврӯз пайвандгари насли имрӯзаю гузаштаи ниёгон мебошад.

Чи хеле ки маълум аст, Наврӯз ин рӯзи нав буда, дар аввали соли хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, навсозии зиндагӣ ва ҳамбастагии мардумон дорои арзишҳои баланди маънавӣ мебошад.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадаст, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони Шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Оид ба таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашн дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд дарҷ гардидааст. Масалан, дар асрҳои “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, “Осор-ул-боқия”-и Абурайҳони Берунӣ, “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ва дигар осори бузургони мо маълумотҳои пурмазмун оварда шудааст.

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Даври гул - гулфикани Наврӯз аст,

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Наврӯз ҳамчун иди миллии мо бо як шукӯҳу шаҳомати калон ҷашн гирифта шуда, дар ин рӯзҳои ҷашн барномаҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, рақсу суруд дар иҷрои ҳунарпешагон баргузор мегардад.

Наврӯз бо иқдоми Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб намуда, тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилаиии Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.    

Наврӯз - иди эҳё, навсозӣ ва умеду орзуҳост. Бигзор дилҳоятон ҳамеша пур аз меҳру муҳаббат бошад ва орзуҳоятон амалӣ гардад!

Иди Наврӯз муборак!

 

Олимов Ашурмад - сармутахассиси шуъбаи баҳодиҳӣ ва  мониторинги сифати таҳсилоти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35