НАВРӮЗ- ҶАШНИ МАВЛУДИ ОФТОБ

«Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт ва оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур ба мо омада расидааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯзро рӯзи таваллуди Офтоб ҳам мегӯянд. Оғози соли хуршедӣ, ибтидои баҳор, аз бурҷи Ҳут ба Ҳамал гузаштани Замин ҳама ба ҳамин рӯз рост меоянд. Ин рӯз ибтидои зиндагии ҷадид ба шумор меравад, аз ҳамин хотир онро Наврӯз, яъне рӯзи нав мехонанд. Баробари шуруъи соли нави тақвимӣ дар зиндагии ҳар сокини сайёра саҳифаи нав боз мегардад. Ниёгони мо бар он бовар доштанд, ки Наврӯз пешонии сол аст, яъне қисмати яксолаи ҳаёти мо ҳамин рӯз муқаррар мегардад. Аз ҳамин хотир кӯшиш мекарданд, ки дар ин рӯз хурсандӣ кунанду, ҳамдигарро бубахшанд. Кинаву адоватро аз дилашон берун созанду бадиҳоро фаромӯш намоянд.
Хони Наврӯзӣ ба тавре бояд ороста шавад, ки суннатҳои гузаштагони соҳибтамаддунамон дар он инъикос ёфта тавонад. Дастархони Наврӯзиро «ҳафтсин»-у «ҳафтшин» зеб мебахшад. Ҳама унсурҳои дар он ҷойдошта рамзи махсуси худро доранд. Бар замми ин суманак, ки яке аз рамзҳои асосии хони Наврӯз ба шумор меравад, бо таъми лазизу бӯйи хушаш машҳур гардидааст. Ҳамчунин, дар он хӯрокҳои миллӣ аз қабили далдаву қурутоб, оши буридаву оши палав гузошта мешавад, ки фоли неке барои соли дар пеш истода шуморида мешавад. Дигар анвои пӯхтупазу шираворӣ аз кадбонувони моҳири мо вобаста аст. Мардуми мо оғози соли навро бо рақсу суруд, туҳфа додани ҳамдигар, ташкил кардани бозиҳои миллии варзишӣ аз қабили гӯштин, бузкашӣ, бандкашак ва дигар бозиҳо пешвоз мегиранд. Хурсандии хурду калон ҳадду канор надорад. Садои карнайу сурнай, таблаку доира, кафкӯбии ҳалқаи занону духтарон дар базмгоҳ ҳаловати хосае дорад.
Дар арафаи Наврӯз такондани гилему палоси хона, офтоб додани курпаву курпачаву болиш, тоза намудани ҳавлӣ, кор кардани ҷӯйҳо расми деринаи мост. Ҳатто, бароварда партофтани ҷиҳозу ашёи куҳнаву шикаста, сӯхтаву фарсуда аз оғози саҳифаи нави зиндагӣ гувоҳӣ медиҳад. мардум бар он ақида бовар доранд, ки агар кас Наврӯзро бо руҳи болидаву хотири шод пешвоз гирад, то охири сол хурраму хушнуд хоҳад монд.
Имрӯзҳо ба кӯча мебарояму дилам рабрези фараҳ мегардад. Ҳаво гарму форам, нафаси баҳор ҳис мешавад. Толибагони мактабу донишҷӯдухтарон бо куртаҳои адрасу атлас, чакану гулдӯзӣ бо тоқиҳои зебову шинам ва кокулони майдабофӣ шӯхикунону гапзанон роҳ мераванд. Онон ба мисли гулҳоеанд, ки аз омадани Наврӯзу баҳор муждагонӣ медиҳанд. Ҳама дар тараддуди ҷашни бузурги аҷдодиамон Наврӯз. Ҳама ҷо сухан аз Наврӯзу баҳор меравад, охир ин яке аз идҳои бузурги миллист. Мо, ҳамчун меросдорони ниёгони тамаддунофари хеш вазифадорем. ки ин ҷашнро дар сатҳи баланд гузаронда, бо эҳтироми хоса онро ба наслҳои ояндаамон интиқол бидиҳем. Ҳар як суннати онро, ки саропо фалсафаи ҳастӣ дар онҳо инъикос гардидаанд, маҳфуз дошта тавонем.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба Ҷашни Ҷаҳонӣ табдил ёфт. Тамоми давлатҳои ҳавзаи Наврӯз озодона ин иди бостониро ба шукуҳи шаҳомат истиқбол мегиранд.
Ба саросари Тоҷикистони азиз ва ба ҳар як хонадон тоҷик Наврӯзи оламафрӯз бо қадамҳои пурбаракаташ файзу баракат орад. Наврӯзатон муборак, ҳамдиёрони азиз.
Раҳимова Суман - сармутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Тоҷикӣ
Русский
English
