ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
10 январи соли 2026 дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 декабри соли 24/-13 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026» таҳти раёсати директори Агентӣ Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар Ислом, муовини директори Агентӣ, сардорону кормандони раёсат, шуъба, бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Агентӣ, намояндагони вазорату идароҳо, мақомотҳои қудратӣ, маҷалаву рузнома, роҳбарони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, раисони шурои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ ва роҳбарони якқатор муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.
Нахуст, ҳисоботҳои директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2025 шунида шуд. Директори Агентӣ зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 баён доштанд, ки «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам». Дар идомаи ҳисобот қайд гардид, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф барномаҳои давлатӣ, баланд намудани сатҳу сифати таълим тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар маҷмӯъ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд.
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи роҳбарият ва кормандони соҳаро ба иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, сатҳи касбияти кормандон, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ дар соҳа ва таҳкими ҳамкории байниидоравӣ ҷалб намуда, ҳисоботи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар соли 2025-ро қаноатбахш арзёбӣ намуд.
Сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон – Мирзоқанд Аминҷон, сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва или дар шаҳри Душанбе – Маҳмадзода Тоҷиниссо Файзалӣ, прокурори раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амирзода Абдулло Олимбек ва намояндаи Вазорати рушти иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Одиназода М.С. оди ба ҳисоботи директори Агентӣ музокира намуда ҳисоботи директори Агентии назорати маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар соли 2025-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таклифу пешниҳодҳои ироагардида, ҷиҳати татбиқи нақшаҳои пешбинишуда, махсусан сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар соли 2026, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ба масъулин супоришҳо дод.
Ҳамзамон, вазифаҳои асосии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 муайян гардида, аз рӯйи масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул карда шуд.



Тоҷикӣ
Русский
English
