Дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз поянда бод!
Дӯстию бародарӣ ва робитаҳои фарҳангӣ баӣни халқу миллатҳои гуногун яке аз масъалаҳои муҳими танзимкунандаи амну осоиш ва оромии ҷомеаи ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ ба ин масъала эътибори махсус дода, бо тамоми мамлакатҳои хориҷи дуру наздик муносибатҳои дӯстонаро ба роҳ мондааст.
Тоҷикон аслан мардуми инсондӯсту сулҳхоҳанд. Мардуми мо дӯстиро авло медонад, зеро саодати зиндагии инсонҳо дар дӯстӣ, ваҳдат, эҳтироми якдигар аст.
Ба қавли Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Аз ин хотир ҳар яки мо бояд барои рӯзгори ширин, гуворо ва пурсаодат ба ҳамдигар меҳру муҳаббат дошта бошем.
Беҳуда бузургони илму маърифатамон аз қадимулаём дӯстиро тарғибу ташвиқ накардаанд. Чунончӣ, Ҳофизи Шерозӣ фармудаанд:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Вобаста ба ин таъкиди шоир ниҳоли душманиву кинаву адоват ба ҷуз бадбахтӣ чизи дигареро ба бор нахоҳад овард. Ягона чизе, ки боиси оромии дил ва шодиву нишот мегардад, дӯстӣ ҳаст!
Имрӯз низ мардуми тоҷик дӯстиву ваҳдатро шиор ва пешаи худ қарор додааст. Ҳар яки мо эҳсос намуда истодаем, ки иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки кишварамон дар роҳи рушди босубот қарор гирад.
Таъмини сулҳу оромӣ, дӯстии баӣниҳамдигарӣ файзу баракатро афзун менамояд. Дар замони муосир, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле мураккабу печида гардидааст, хушбахтона дар Тоҷикистони азизи мо ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як омили созандаю таҳкимбахши мардуми кишвар гардидааст.
Халқи шарифи тоҷик таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ҳамеша дар кӯшиши он аст, ки на танҳо дар дохили кишвар, балки дар дигар давлатҳо низ сулҳу дӯстӣ барқарору ҳукмрон бошад. Халқи бомаърифати тоҷик ҳамеша ба дигар халқу миллатҳо паёми дӯстӣ равон мекунад. Тоҷикистон ва мардуми тоҷик ҳамеша ҷонибдори сулҳ бо мардуми Қирғизистон буданд.
Бояд қаӣд намуд, ки барои ба даст овардани сулҳу дӯстӣ, ҳанӯз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тамоми халқҳои бародар, аз ҷумла: тоҷик, қирғиз, рус, қазоқ, ӯзбек ва ғайра дар муҳорибаҳои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, ҷони худро дар роҳи сулҳу дӯстӣ ва озодии Ватани хеш дареғ надоштаанд. Ҷоиз ба қайд аст, ки ҳамаи ин халқҳо бародарона дар Иттиҳоди Шӯрави умр ба сар мебурданд.
Барои мо тоҷикон муносибати дӯстона, мустаҳкам ва тулонӣ бо халқҳои ҳамсоя ҳам тақозои таърих ва ҳам ниёзи мардумист.
Халқи тоҷик ҳамеша тарафдори сулҳ ҳаст ва барои ҳифзи марзу буми кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Тоҷикистон ҳомии сулҳу ваҳдат дониста шуда, бо халқҳои бародар робитаи дӯстӣ дорад, дар зери осмони софу мусаффо зиндагии осуда ва оромона доштанро аз ҳама авлотар медонад.
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки сулҳ асоси зиндагии мост. Бинобар ин, мо бояд дар пурзӯр шудани дарахти сулҳу амонӣ саҳмгузор бошем. Ҳамеша баҳри оштию ҳамдилӣ кӯшиш намоем. Ватани худро ободу зебо гардонем, бикӯшем, ки барои наслҳои оянда макони зебову дилнишинро боқӣ гузорем. Нагузорем, ки ашк аз чашмони модарон бирезад, хандаҳои кӯдакон ба гиряҳо мубаддал шавад.
Саодату камолоти миллат ва бахту иқболи он дар хамкорӣ ва робитаҳои дӯстиаш бо мамолики мухталиф боз ҳам бештар мегардад.
Маҳз дӯстӣ ба одамон хушбахтӣ меорад.
12 -уми марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон ворид шуданд. Дар фурудгоҳи баӣналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлатро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо эҳтироми баланд ва муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд.
Дар ҷараёни ин сафар, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба имзои санадҳои муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд. Ин санади таърихӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими субот ва амният дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон бори дигар собит сохт, ки иродаи қавии сиёсии роҳбарони ду кишвар метавонад роҳи ҳалли масъалаҳои мавҷударо пайдо намуда, заминаи мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкориро барои оянда фароҳам оварад.
Ин иқдом ба манфиати ҳар ду миллат буда, барои таҳкими субот ва рушду шукуфоии минтақа аҳамияти бузург дорад.
Поянда бод дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз!
Раёсати Агентии назорат дар соҳаи
маориф ва илми назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд