wrapper

Марҳилаи нави рушди муносибатҳои дуҷонибаи
Тоҷикистон ва Қирғизистон
 
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон нақши калидӣ дошта, ҷиҳати рушди тамоми ҷанбаҳои ҳаётан муҳим саҳми арзишманд доранд.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз 14 январи соли 1993 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон барқарор гардида, дар марҳилаи аввали ҳамкориҳо ҷиҳати тақвият бахшидани муносибатҳо ва робитаҳои дуҷониба зарурият ба миён омад, ки пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон таҳким бахшида шаванд. Дар ин замина беш аз 100 санад ба тасвиб расонида шуда буданд.
Санадҳои асосие, ки самтҳои аслии ҳамкориро ба танзим медароранд ва дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шудаанд: Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои накӯҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 мебошанд.
Дар паи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон бо азму иродаи қавӣ, сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба равобити Тоҷикистону Қирғизистон такони ҷиддӣ дода шуд.
Дар марҳилаи нави рушди муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки дар идомаи ҳамкориҳои дӯстию бародарӣ миёни тоҷикону қирғизон саҳифаи наверо боз намуд.
Яке аз санадҳои муҳими муносибатҳои ҳасана ин Изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.
Тибқи банди 10 Изҳороти мазкур сарони давлатҳо ба ҳифзи асолати этникӣ ва забонии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои тоҷикони этникии дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон истиқоматкунанда ва қирғизҳои этникии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии миллӣ дар заминаи ҳифз ва рушди забони модарӣ, фарҳанги миллӣ, анъана ва расму оинҳои онҳо мусоидат мекунанд.
Инчунин, тибқи банди 11 санади мазкур сарони давлатҳо зарурати тавсеаи мунтазами ҳамкориро дар соҳаи гуманитарӣ таъкид мекунанд. Дар ин самт робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ ва тандурустӣ таҳким ёфта, табодули ҳайатҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои илмию таҳлилӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ, дастаҳои ҳунарӣ ва театрӣ таҳким хоҳанд ёфт.
Яке аз ноҳияҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он бештар миллати қирғиз зиндагонӣ мекунад, ин ноҳияи Лахш маҳсуб меёбад. Зимнан, дар ин ноҳия аз тарафаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон барои мардуми қирғиз шароитҳои буду бош, кору фаъолият ва таҳсил фароҳам гардидааст.
Соҳаи маориф дар ноҳияи Лахш таи солҳои охир бо дастгириҳои пайваста ва сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд намуда истодааст.
Айни замон дар ноҳияи Лахш 61 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ин 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 Литсей барои хонандагони болаёқат, 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора дар 24 муассисаи таълимӣ таълиму тарбия бо забонҳои қирғизӣ ба роҳ монда шудааст.
Инчунин, дар муассисаҳои таълимии ноҳия 803 синф аз ин дар 686 синф, ки шумораи хонандагонашон 10511 нафар мебошад, таълим бо забони давлатӣ ва дар 117 синф таълим бо забони қирғизӣ ба роҳ монда шудааст, ки шумораи хонандагонаш 2070 нафар мебошад. Бояд тазаккур кард, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 5552 нафар хонандаи қирғизтабор таҳсил намуда истодааст.
Ҳамзамон, 76 нафар омӯзгор, ки хатмкунандагони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд, дар 24 муассисаи таълимӣ бо забони қирғизӣ таълиму тарбия дода истодааст.
Бо кушодашавии марзҳо боз ҳам робитаҳои дӯстию бародарӣ миёни ин мардумони кишварҳои ҳамсоя густариш ёфта, шаҳрвандон озодона дар донишгоҳҳои ду кишвар таҳсили илм намуда, ба манфиати ҳамдигар хизмат намуда, дар рушди маориф саҳмгузор мегарданд.
Баҳронзода Қудратулло - сардори шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35