wrapper

Саодати зиндагии миллатҳо дар дӯстӣ, ваҳдат ва эҳтироми якдигар аст.
 
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
 
Ҳақ ба ҷониби муаллифи мисраҳои боло Ҳофизи Шерозӣ аст.
 
Дубора барқарор гардидани муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон руҳияи тамоми мардуми осоиштаи ин ду кишвари аз қадим бо ҳам дӯсту ҳамсояро шоду болида гардонид. Пеш аз ҳама месазад дар ин ҷода ташаббусҳои созандаи роҳбарони соҳибхиради ҳар ду кишварро арҷгузорӣ кард.
Пешвои миллати тоҷикон, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки мардуми тамаддунофари тоҷик аз қадимулайём мардуми сулҳҷӯй ва сулҳофаранд.
То ба имзо расонидани ин санаи муҳими таърихӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон якчанд сафари расмӣ доштанд. Аз ҷумла, соли 1998 Президенти маҳбуби мо бо сафари расмӣ ба Қирғизистон ташриф оварда, бо Президенти ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев вохӯрии судманд доир намуда буд. Соли 2007 бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба ба Бишкек сафар намуда, моҳи август дар саммити аъзои давлатҳои ШОС иштирок намуд ва моҳи сентябри ҳамон сол бо сафари расмӣ дар фурудгоҳи Манас роҳбари давлати тоҷиконро котиби давлатӣ Адахан Мадумаров ва вазири энергетика Игор Чудинов гарму ҷушон истиқбол гирифта, ҳамчунин, дар доираи вохӯриҳо гуфтушунидҳо бо Президенти Қирғизистон Курманбек Бакиев доир карда шуда буд. Ҳамчунин, моҳи сентябри соли 2016 Пешвои миллати тоҷикон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҷашнии Шурои аъзои давлатҳои ИДМ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карда буд.
Зимни сафарҳои расмӣ ва корӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари ҳамсоя доимо дар бағал пайғоми сулҳ доштанд ва ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки байни ин ду миллати аз азал дӯст, сулҳу дӯстӣ поянда бошад.
Бо вуҷуди ин, душманони беруна тавонистанд, ки дар муносибати аз азал гарми ин ду миллат тухми кинаву адоват коранд ва то андозае муваффақ ҳам шуданд, ки байни ду бародари дӯсту ҳамсоя дар сарҳади давлатӣ муносибатҳо сард гардад. Лекин хурсандии душманони ин ду миллати бо ҳам дӯст, ҳамсоя ва бародар дер давом накарда, хиради азалии ин миллатҳо боло гирифта, сари мизи гуфтушунид бо ҳам омада, натиҷаи ин гуфтушунидҳо имрӯз самараи неки таърихӣ ба бор оварда, дар лабони мардуми ин кишварҳо дубора табассум дамид.
Чи хеле ки дар боло зикр гардид, имрӯз яъне 13 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар маросими маҷозии бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд. Ин чорабинии муҳими таърихӣ бо иштироки роҳбарият ва сокинони вилоятҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
Дар як фазои идона мардуми ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя дубора дарҳои бастаро ба рӯйи якдигар боз карда, риштаҳои деринаи дӯстию ҳамсоядориро мустаҳкам намуда, роҳи навро ба сӯйи ҳамкориҳои нав васеъ кушоданд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин, роҳбарони вилоятҳои ҳаммарз пас аз кушода шудани гузаргоҳҳо ба хаймаҳои идонаи ду тараф ташриф оварда, бо мардум суҳбатҳо анҷом дода, дар барномаи муштараки фарҳангӣ иштирок намуданд.
Аз чеҳраи мардум бараъло ҳувайдо буд, ки мардуми ин ду кишвари ҳамсоя ташнаи сулҳу осоиштагӣ ҳастанд.
Таъмин кардани сулҳу оромӣ, дӯстии байни миллатҳои бо ҳам дӯсту ҳамсоя дар рӯйи замин файзу баракатро афзун менамояд.
Хушбахтона ва шукргузорӣ аз неъмати арзишмандтарин - Истиқлоли пояндаи кишвари маҳбубамон, дар Тоҷикистони азизи мо ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як омили созандаю таҳкимбахши мардуми кишвар табдил ёфтааст. Халқи тамаддунофар ва шарифи тоҷик таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки на танҳо дар дохили кишвар, балкӣ дар тамоми давлатҳои кураи Замин низ сулҳу дӯстӣ барқарор бошаду кабутари сулҳ дар фазои софу беғубор парафшонӣ кунад.
Мардуми сулҳпарвари тоҷик ба тамоми мардуми сайёра паёми сулҳ мефиристад. Чуноне ки Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фармудааст:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Поянда бод, дӯстии миллати тоҷик ва қирғиз!
Тағдиров Тағдиршо - сардори шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар митақаи Ҳисор

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35