Ояндани хушбини Тоҷикистону Қирғизистон
Офтобо бори дигар хонаро пурнур кун,
Дӯстонро шод гардон, душманонро кур кун.
Имрӯз дар саҳифати таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як саҳифаи тозае боз шуд, ки ду халқи бо ҳам дӯсту бародар - тоҷику қирғизро ба ҳам пайваст кард.
Дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари дусту бародар ва ҳамсоя Ҷумҳурии Қирғизистон масъалаи марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон, ки ҳудуди 1000 километрро дар бар мегирад ва садсолаҳо боз ин ҷониб ҳалли худро наёфта буд, дубора муайян ва муқаррар карда шуд. Вобаста ба ин, ба шарофати талошҳои муштарак, иродаи сиёсӣ ва кушишҳои ду миллат барои расидан ба ҳусни ҳамҷаворӣ ва некӯҳамсоягӣ байни сарони ду кишвар Шартнома ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин, зимни сафари давлатӣ 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, 2 гузаргоҳи сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон расман ифтитоҳ гардид. Инчунин, ҷониби тарафҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ дар доираи 500 млн. долари Штатҳои Мутаҳидаи Америка созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, дар доираи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид бо дарназардошти аҳамияти таърихии 30-солагии имзои Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ, ба роҳ мондани рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷонибаи мутақобилан судманд, бо итминон изҳор доштанд, ки сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду ҳалқи бародар боқӣ мемонад. Ҳамчунин, сарони давлатҳо изҳор доштанд, ки барои рушди ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ, маориф, варзиш, сайёҳӣ, тандурустӣ, тавсеаи ҳамкории дӯстии парлумони ду кишвар, ҳамлу нақли молу маҳсулот, сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард, таъмини амният, идомаи талошҳои зарурӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар ва пурра ба кор андохтани лоиҳаи интиқол ва савдои неруи барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – 1000 (CASA-1000), дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор тадибирҳои маҷмӯӣ меандешанд.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров таъкид доштанд, ки аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои обу иқлим пайваста ҷонибдорӣ менамояд. Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати пешбурди масъалаҳои рӯзномаи кӯҳӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Сарони давлатҳо изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи созишномаҳои дар гуфтушунид дарҷшуда ба таҳкими беш аз пеши ҳамкории дуҷониба ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ба манфиати баланд бардоштани некӯаҳволии ҳалқҳои тоҷику қирғиз, инчунин ба таъмини сулҳу субот дар минтақа мусоидат мекунад.
Тибқи маълумотҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 56 ҳазор нафар мардуми қирғиз зиндагӣ доранд, ки барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони онҳо 64 муассисаи таълимӣ бо забони қирғизӣ амал мекунад.
Кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барои ду миллати ба ҳам дусту бародар марҳилаи нави рушдро замина гузошта, дар оянда ба дастовардҳои бузург ноил гарданд. Мо шаҳрвандон бояд ба қадри неъмати сулҳу дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ расем.
Сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои
таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ А.Садуллозода

Все реакции:
3030