wrapper

   6-уми сентябри соли ҷорӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Истиқлолият-рамзи пойдории давлат» баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадтоир Саидзода – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, муовинон, сардорони раёсату шуъба, мудирони бахш ва кормандони  раёсату шуъбаҳои минтақавӣ иштирок намуданд.

   Зимни сухани ифтитоҳӣ Муҳаммадтоир Саидзода қайд намуд, ки Истиқлолият шарафу номус, ифтихор аз давлату ватандории озоду осуда буда,  ҷашн гирифтани он ифтихору сарбаландии ҳар фарди ватандӯсту ватандори ин миллат ва ин ватани биҳиштосо мебошад. Истиқлоли миллии Тоҷикистони азизи мо бисёр гарон ба даст омадааст. Он орзуву омоли садсолаҳои халқи тоҷик буд, ки дар лаҳзаҳои бисёр ҳам ҳассос ва тақдирсоз барои миллати сарбаланди мо муяссар гардид ва дар роҳи саодату истиқлоли комили ватани мо дар баробари саҳми бузурги халқи шарифи Тоҷикистон хизатҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.

   Дар идома Сафармуҳаммад Сафарзода-сармутахассиси раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ дар мавзуи «Заминаҳои ташаккул ва рушди соҳаи маориф дар замони Истиқлолият», Муҳаммадсидиқ Абдуманонзода-мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ дар мавзуи «Истиқлолият-дастоварди нодири миллат» ва Акмал Садуллоев-мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи «Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият» маърӯза намуданд.  

   Инчунин, дар рафти ҷаласа кормандони дигари Агентӣ вобаста ба ин ҷашни бузург фикру андешаҳои худро баён карданд.

   Дар анҷоми ҷаласа ба якчанд нафар кормандони фаъол аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи маориф ва илм бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35