Имрӯз дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ бо роҳбарият ва намояндагони Агентӣ баргузор гардид, ки дар он, инчунин, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Дар вохӯрӣ нақши Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Лоиҳаи «Муҳити таълим-асоси таҳсилоти босифат» мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ба намояндагони Бонки умумиҷаҳони туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.