Дар нишасти матбуотии мазкур 25 нафар намояндагони расонаҳои иттилоотии давлатӣ ва мустақил, намояндагони нашрияву рӯзномаҳо, радио ва шабакаҳои телевизионӣ иштирок намуданд.
Барои намояндагони васоити ахбори омма варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2023, бо забони давлатӣ дар шакли китобча пешниҳод карда шуд.
Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал дар доираи 15 дақиқа оид ба фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 вобаста ба маълумоти оморӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ, сифати таҳсилот, аттестатсия, аккредидатсияи давлатӣ, иҷозатномадиҳии фаъолияти муасисаҳои таълимӣ, баробрарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот, муайян намудани аслияти ҳуҷҷат, таҳкими раванди коргузорӣ, муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, робитаҳои байналмилалӣ, фаъолияти раёсату шуъбаҳои минтақавӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Сипас ба саволҳои хабарнигорон ва намояндагони васоити ахбори омма аз ҷониби Директори Агентӣ посухҳои мушаххас дода шуд.