Дар ҷаласаи мазкур аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, намояндагон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доранд, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи ва олии касбӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур 63 масъала, аз ҷумла, натиҷаи аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ, ташхиси иҷозатномадиҳӣ, натиҷаи сатҳу сифати таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ ва тасдиқи қарорҳои шурои раёсату шуъбаҳои минтақавии Агентӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.
Дар рафти баррасии масъалаҳои баррасишуда, директори Агентӣ-Саидзода Муҳаммадтоир ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, назорати иҷрои пурраи нақшаю барномаҳои таълимӣ, иҷрои босифати Стандарти давлатии таҳсилот, баланд бардоштани сифати таҳсилот, касбияти хуби омӯзгорон, таъмини раванди таълим бо васоити таълим, чоп ва мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таъмин ва иҷрои барномаҳои давлатии қабулшуда ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва масъулини соҳа, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар рафти ҷаласаи мазкур тъкид гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ҷоннок карда шуда, ҷиҳати иҷрои ҳатмии қарорҳои ҳайати мушовара чораҳои дахлдор андешида шавад.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳо бо назардошти пешниҳоду тавсия ва эродҳои гирифташуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.