Дар ҷаласа директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корропусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурои мактабҳои Президентӣ, литсейҳо ва гимназияҳо барои хонандагони болаёқат, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, маркази таълимӣ-методии наазди раёсати маорифи вилояти Суғд, шурои ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ректорони муассисисаҳои таҳсилотии олии касбии равияи омӯзгорӣ, нашрияҳои “Омӯзгор”, “Маорифи Тоҷикистон”, “Маърифати омӯзгор”, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома, директори Агентӣ Саидзода Муҳаммадтоир Саид оид ба фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда баромад намуда, вазъи норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, самти фаъолияти корҳои илмию тадқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, норасоии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, нақшаи қабул дар муассисаҳои таъилмӣ дар зинаи бакалавр ва магистратура, мутобиқатии муассисаҳои таълимӣ ба меъёрҳои муайянкунандаи соҳа, назорати иҷрои пурраи барномаҳои таълимӣ, бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва фаъолияти китобхонаҳо дар муассисаҳои таълимӣ, вазъи пояи модию техникӣ, рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ ва оид ба фаъолияти шашмоҳаи раёсату шуъбаҳои Агентиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, ҳамзамон, вазифаҳо барои давраҳои минбаъдаи соли 2023 муайян карда шуд.
Дар рафти ҷаласа, инчунин, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидов Абдусаттор, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин, сардори шуъбаи ҳунармандӣ ва таълими калонсолони раёсати таҳсилоти ибтидоӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ормонов Муталиб, раиси Шурои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Ғафурӣ Зоир баромад карда, ҳисоботи директори Агентиро вобаста ба фаъолияти шашмоҳаи Агентӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷом ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришои мушаххас дода шуда, қарори дахлдор қабул карда шуд.