Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мансури Дилрабо Саидулло-Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мусоева Рафиқа Ғаниевна-иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматзода Маликшо-Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, роҳбарони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Нашрияи «Омӯзгор», Маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ» ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур меҳмонон: Мансури Дилрабо Саидулло, Мусоева Рафиқа Ғаниевна, Неъматзода Маликшо ва директори Агентӣ Субҳонзода Икром суханрони намуда, ҷиҳати саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-ум, дастовардҳои даврони 31 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон, арзишҳои истиқлолияти миллӣ, хусусиятҳои муҳими иҷлосияи тақдирсози миллат, аҳмияти арзишҳои истиқлолият ва Иҷлосияи 16-ум дар рушду нумуи ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию сиёсии мардуми кишвари азизамон маърузаҳо ҳузури иштирокдорон ироа намуданд.