Ҷаласаи мушовараи навбатии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Чоршанбе, Ноя 02 2022
- Агентӣ
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ - Субҳонзода Икром баргузор гардид, ки дар он аъзои мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи мазкур 57 масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд:
4-масъалаи натиҷаи аттестатсияи давлатӣ;
3-масъалаи натиҷаи аккредитатсияи давлатӣ;
14-масъалаи ташхиси иҷозатномадиҳӣ;
3-масъалаи санҷиши сатҳи сифати муассисаҳои таълимӣ;
1-масъалаи азнавбарасмиятдарорӣ;
8-масъалаи тасдиқи қарорҳои шурои шуъбаю раёсатҳои минтақавии Агентӣ;
23-масъалаи тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;
1-масъалаи тағирот ба нақшаи кории Агентӣ.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи мушовараи Агентӣ намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва муҳоҷират, фарҳанг ва Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Инчунин, дар ҷаласаи мазкур бинобар сабаби ба миён омадани зарурати истеҳсолӣ ба 23 санади меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ: тартиби иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ, барномаи санҷиши сифати таҳсилот, меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаҳои таълимӣ, низомномаҳо, барномаи аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва муассисаҳои баъд аз дипломӣ тағиру иловаҳо ворида карда шуда, дар таҳрири нав тасдиқ карда шуданд.
Дар рафти баррасии масъалаҳои зикргардида директори Агентӣ - Субҳонзода Икром ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, назорати иҷрои пурраи барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, норасогии омӯзгорон ва китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таъмин ва иҷрои барномаҳои давлатии қабулшуда ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа бо назардошти пешниҳоду тавсия ва эродҳои гирифташуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
- ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
- Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024
- Кӯмак ба ниёзмандон аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон