wrapper

  Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ - Субҳонзода Икром Субҳон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ иштирок доштанд.
  Рӯзномаи ҷаласа 43 масъаларо дар бар гирифт:
3-масъалаи аттестатсияи давлатӣ;
1-масъалаи аккредитатсияи давлатӣ;
28-масъалаи иҷозатномадиҳӣ;
2-масъалаи азнавбарасмиятдарорӣ;
3-масъалаи тасдиқи қарорҳои Агентӣ;
6-масъала тасдиқи қарорҳои шурои шуъбаю раёсатҳои минтақавии Агентӣ.
  Зимни баррасии масъалаҳои зикргардида директори Агентӣ - Субҳонзода Икром ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, назорати иҷрои пурраи барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани ҳайати сифатии соҳа аз ҳисоби кадрҳои баландихтисос дастуру супоришҳои мушаххас дод.
  Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа бо назардошти пешниҳоду тавсия ва эродҳои гирифташуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
 
                     
 
                       
 

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35