17 феврали соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқгардида бо иштироки доираи васеи кормандон дар самти муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ доир гардид, ки дар он намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, қайд кард, ки оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» диққати махсус дода мешавад ва аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Баҳри таъмини иҷрои бандҳои 1, 2, 11, 23, 24, 36, 40, 41, 44, 48 ва 60-и Стратегияи мазкур аз тарафи Сарраёсат чораҳои зарурӣ андешида шуда, барои амалӣ намудани он мутасаддиён ба мақомоту кумитаю вазорату идораҳо тибқи нақша сафарбар карда мешаванд.
Вохӯрии мазкур дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор карда шуда, байни намояндаи мақомот ва кормандони Агентӣ саволу ҷавоб доир гардид ва дар қисмати ниҳоӣ аз ҷониби намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Агентӣ тавсия ва дастурҳои муфиддода шуд.