6 январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа-Оқилзода Нурулло, ҳайати васеи кормандон, аъзои мушовараи Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳо, Раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ ҷаласаи мушовара «Оид ба ҷамбасти фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022» баргузор гардид, ки дар он тамомаи самтҳои фаъолияти солонаи Агентӣ аз ҷониби директори Агентӣ Шоҳин Саидзода таҳлилу баррасӣ гардид.
Дар рафти ҷаласаи ҳисоботӣ мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа-Оқилзода Нурулло, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон-Саломиён Муҳаммаддовуд ва номояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Юсуфӣ Саломиддин ба музокираи умумӣ баромада, ҳисоботи солонаи Агентиро мусбӣ арзёбӣ намуданда, вобаста ба камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа муҳокимаронӣ намуданд.