wrapper

   Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми июли соли 2021 бо иштироки роҳбарияти агентӣ, аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои агентӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

  Дар нишасти матбуотӣ 44 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма аз агентии иттилоотӣ, телевизион, радио, нашрия, маҷалла ва ҳафтаномаҳо иштирок намуданд.

  Нишасти матбуотиро директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саидзода оғоз намуда, ҳозиринро бо аъзои ҳайати мушовара ва кормандони агентӣ шинос карда, хайрамақдам гуфтанд. Сипас, вобаста ба самтҳои муҳимтарини раванди таълиму тарбия, сифати таҳсилот, неруи кадрӣ, базаи моддӣ-техникӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва фаъолияти агентӣ  дар нимсолаи якуми соли 2021 маълумот дода, варақаи иттилоотиро дастраси намояндагон ва иштирокдорони воситаҳои ахбори омма гардониданд.

  Баъд аз шунидани ҳисоботи директор аз ҷониби намояндагон ва рӯзноманигорони воситаҳои  ахбори омма саволҳо вобаста ба фаъолияти агентӣ, таҳсили шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ, таъсиси муассисаҳои таълимии хусусӣ, вазъи кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ   вобаста ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 - «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», гузариш ба низоми 12-сола, омодагӣ ба таълим тавассути онлайн,  рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ, вазъи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва ғайраҳо пешниҳод гардиданд, ки ба саволҳои мазкур аз ҷониби Ш.Саидзода – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони директор, мушовир, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои агентӣ посухҳои мушаххас дода шуд.

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35