Тибқи нақшаи корӣ барои нимсолаи якуми соли 2021 дар семоҳаи аввал 2 мушовараи навбатии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм рӯзҳои 26.02.2021 ва 30.03.2021 гузаронида шуда, натиҷаи аттестатсияи давлатии 18 муассисаи таълимӣ, аккредидатсияи давлатии 11 муассисаи таълимӣ, санҷиши сифати таҳсилот дар 3 муассисаи таълимӣ, фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот ва тасдиқи қарорҳои шӯрои раёсату шуъбаҳои минтақавии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин, дар асоси нақшаи кории нимсолаи якуми соли 2021 масъалаҳои рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои таҳкими коргузорӣ ва назорат дар вазорату идораҳо аз 06.05.2020, №11/10-13, Нақшаи чорабиниҳои Агентӣ аз 09.12.2020, №301 ва аз 14.01.2021, рафти иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои протоколии ҷаласаҳои назоратии ҳафтаинаи назди директори Агентӣ моҳҳои феврал ва март дар ҷаласаи назоратии назди директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор дода шуданд.
Дар охири ҳисобот, сардори раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳисоботи се моҳаи Агентӣ ба музокира баромаднада, фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд ва ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ карданд.