wrapper

  Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2021 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, нақшаи корӣ барои нимсолаи якуми соли 2021, фармоишҳои директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, тибқи банди 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.06.2020, №1557 дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба 11 қонуни соҳавӣ таѓйиру иловаҳо ворид намуд, ки то имрӯз 4-тои он қабул гардида, 2-то дар баррасӣ ва 5-то бо назардошти вобаста будан аз 2 қонуни дар баррасиқарордошта дар омӯзиши Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

  Тибқи нақшаи корӣ барои нимсолаи якуми соли 2021 дар семоҳаи аввал 2 мушовараи навбатии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм рӯзҳои 26.02.2021 ва 30.03.2021 гузаронида шуда, натиҷаи аттестатсияи давлатии 18 муассисаи таълимӣ, аккредидатсияи давлатии 11 муассисаи таълимӣ, санҷиши сифати таҳсилот дар 3 муассисаи таълимӣ, фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот ва тасдиқи қарорҳои шӯрои раёсату шуъбаҳои минтақавии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

   Инчунин, дар асоси нақшаи кории нимсолаи якуми соли 2021 масъалаҳои рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои таҳкими коргузорӣ ва назорат дар вазорату идораҳо аз 06.05.2020, №11/10-13, Нақшаи чорабиниҳои Агентӣ аз 09.12.2020, №301 ва аз 14.01.2021, рафти иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои протоколии ҷаласаҳои назоратии ҳафтаинаи назди директори Агентӣ моҳҳои феврал ва март дар ҷаласаи назоратии назди директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор дода шуданд.

   Дар охири ҳисобот, сардори раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳисоботи се моҳаи Агентӣ ба музокира баромаднада, фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуданд ва ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ карданд. 

 

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35