wrapper

  Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мактабҳои олӣ, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри 2011, №АП-1729 дар толори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми феврали соли ҷорӣ нишасти матбуотии агентӣ бо иштироки роҳбарият, аъзоёни мушовараи агентӣ, сардорони раёсату шуъба, бахшҳои агентӣ, ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

  Дар нишасти матбуотӣ 26 намояндагони расонаҳои хабарӣ: аз ҷумла шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо»,  радиоҳои «Садои Душанбе», «Радиои Тоҷикистон», «Радиои Бурунмарзӣ», «Овози Тоҷик», «Радиои Ховар», рӯзномаҳои «Садои мардум», «Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», «Минбари Халқ», «Россия сегодня», «Омӯзгор», «Народная газета», «Паёми Душанбе», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Садои мардум», «АМИТ Ховар», «Паёми Душанбе», «Мароми пойтахт» «АМИТ Ховар» (русӣ), маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омӯзгор» ва «Илм ва ҳаёт»   иштирок намуданд.

  Нишастро директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саидзода ҷаласаро оѓоз намуда, ҳозиринро бо аъзои мушовара ва кормандони Агентӣ шинос карда, тибқи варақаи иттилоотӣ вобаста ба самтҳои муҳимтарини раванди таълиму тарбия, сифати таҳсилот, неруи кадрӣ, базаи моддӣ-техникӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва фаъолияти Агентӣ  дар давоми соли 2020 шинос намуда, нусхаи чопии варақаи иттилоотиро дастраси намояндагон ва иштирокдорони васоити ахбори омма гардонид.

  Дар рафти нишасти матбуотии Агентӣ аз ҷониби намояндагон ва рӯзноманигорони васоити ахбори омма саволҳо вобаста ба самти фаъолияти Агентӣ: таҳсили шаҳрвандони тоҷик дар хориҷи кишвар ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, самти гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ, таъсиси муассисаҳои таълимии хусусии таҳсилоти миёнаи умумӣ, вазъи кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ  дар муассисаҳои таълимӣ вобаста ба эълон гардидани солҳои 2020-2040-«Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ, вазъи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар саволҳо пешниҳод гардид, ки ба онҳо Ш.Саидзода –директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони директори Агентӣ, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентӣ посухҳои мушаххас гардониданд.

                   

 

 

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35