wrapper

  Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 500 биною иншоот ба шабакаҳои гармидиҳии мутамарказ пайваст мешаванд. Дар ин бора муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифхон Сафарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

  «Ҳоло дар ин самт корҳо бо маром ҷараён доранд. Сохторҳои хизматрасон муваззаф гардидаанд, ки дар доираи иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати ҳарчи бештар пайваст кардани бинову иншоот ба шабакаҳои гармидиҳӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд»,-илова кард Шарифхон Сафарзода.

  Роҳбарияти ноҳия дар идома вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шаш моҳи аввали соли равон маълумот дод. Зикр гарид, ки бо мақсади мутобиқ намудани кӯчаю хиёбонҳо ба нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз ҷониби мутахассисони соҳа дар ин давра аз ҳудуди ноҳия 174 хонаи истиқоматӣ бартараф карда шуд. Илова бар ин аз ҷониби соҳибкорон дар ҳудуди ноҳия бунёди зиёда аз 60 хонаи истиқоматии баландошёнаи муосир ба тарзи замонавӣ идома дорад.

  Дар вазъияти пандемия риояи талаботи санитарию беҳдошт дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дорад. Ҳамарӯза дар ҳудуди ноҳия корҳои безарраргардонӣ, дезинфексионӣ ва поккунӣ гузаронида мешаванд.

  Инчунин дар асоси амри Раиси шаҳр Душанбе «Дар бораи таъсис додани Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ, интиқол ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар шаҳри Душанбе» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

  Ситоди кории ноҳия аз ҳисоби намояндагони ШКД, КИ ҲХДТ, шуъбаву бахшҳои маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин ва дигар сохторҳои дахлдор гурӯҳҳо ташкил карда, тӯли 2 моҳ мешавад, ки дар бозорҳо, боғҳо, маркази савдоҳо ва кӯчаву хиёбонҳо, роҳравҳои ҳудуди ноҳия вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Гурӯҳҳои корӣ ба сокинон мефаҳмонанд, ки дар ҷойҳои серодам ниқобҳои муҳофизатӣ пӯшанд, фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд ва аз маводи антисептикӣ истифода намоянд. Вобаста ба мавҷи дуюми ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ пурзӯр карда мешаванд.

  Муовини якуми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарифхон Сафарзода иброз намуд, ки суръат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сокинони ноҳия дар нимсолаи дуюм аст, ки барои иҷрояшон камари ҳиммат бастаанд.

  Бино ба маълумоти роҳбарияти ноҳия, ба истиқболи ҷашни миллӣ тибқи нақша дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маҷмӯъ 695 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, то ҷашни миллӣ дар ҳудуди ноҳия сохтмони 58 бинои истиқоматӣ, 11 корхонаи саноатии хурду бузург, 28 маркази савдо, 7 муассисаи томактабӣ, 6 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 10 майдончаи варзишӣ, 1 толори варзишӣ ва 1 маркази савдо дар назар аст.

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35