wrapper

Агентӣ

Агентӣ

Таассуротҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Таассуротҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28.12.2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
Санаи 28 декабри соли равон чун анъана Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид ва мо- аҳли кормандони шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Ҳисор тавассути оинаи нилгун онро тамошо кардем.
Паёми навбатӣ дар толори боҳашамат ва зебои бинои нави Парлумони Тоҷикистон, таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, бо иштироки раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, собиқ вакилони Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои шурои ҷамъиятӣ, ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, вакилони якчанд иттиҳодиҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Чун ҳарвақта рушди соҳаи маориф ва илм ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти таваҷҷуҳи хоса қарор дода шуда, насли наврасу ҷавон ҳамчун захираи тиллоӣ ва ояндасози миллат арҷгузорӣ мегарданд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи маориф Пешвои миллат дар Паёми имсола кормандону масъулини мактабу маориф, волидайн ва аҳли ҷомеаро барои тарбияи сазовори насли ояндасоз ҳидоят намуданд ва мактабро ба ҳайси боргоҳи илму маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас арзёбӣ карданд.
Пешвои муаззами миллат арҷу эҳтиром гузоштан ба омӯзгорро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар ин самт таъкид дошта, қайд намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 30% зиёл карда шавад.
Инчунин роҳбари давлат иброз доштанд, ки заминаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад.
Пешвои муаззами миллат ҳамзамон ироа намуданд, ки сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба мактабу маориф ва саҳлангорӣ ба тарбияи кӯдак дар хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбият мебошад. Яъне, то вақте тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҷиноятҳою корҳои пешгӯинашаванда хоҳанд буд.
Бо мақсади иҷрои барномаи давлатии соҳаи томактабӣ Пешвои миллат роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои дар ҳар як маҳали аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунанд, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шавад.
Ҳадафи роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳаги бостонии тоҷикон ва тавсияи доираи донишу ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон дар кишвар мебошад.
Ин суханони сарвари давлат моро водор месозад, ки ба мақсади ояндаи дурахшони давлату миллат ба масъалаҳои таълим додану маърифатнок кардани хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот якҷоя бо волидайн ва мақомоти масъули давлатӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем. Тибқи унсурҳои Консепсияи миллии тарбия, ки ҳамчун санади беҳтарини раҳнамунсоз барои тарбияи насли наврас ва ҷавонон ба шумор рафта, ин самт бояд дар мадди назари ҳамагон қарор дода шавад. Тарбияи миллӣ дар шаҳрванд сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, ташаббускорӣ ва амсоли онро ташаккул медиҳад ва ин ҳидоятҳои сарвари давлат моро водор месозад, ки ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои Паём назоратро дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ пурзӯр намоем.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки ҳамаи нуктаҳои дар Паём ироагардида ба манфиати мардуми кишвари азизамон буда, ба ҳарчи зудтар амалӣ гардонидани ҳадафи олии ҳукумат-ноил шудан ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат нигаронида шудааст.
Хулоса, нуктаҳое, ки дар Паём зикр гардиданд, собитгари онанд, ки Паёми солона дар назарияи сиёсӣ ва амалияи давлатдорӣ паёмест, ки ҳам аз назари маънову ҷойгоҳ ва ҳам аз назари мазмуну таъинот падидаи муҳими сиёсӣ ва ҳуҷҷати муҳими муайянкунандаи давлатӣ ҳисоб шуда, аҳамияти махсуси сиёсию давлатӣ, дипломатию байналмилалӣ ва идориву коргузорӣ дорад.
Тағдиров Тағдиршо-сардори шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Ҳисор
 
Муфассал...

Суратгузориш аз рафти тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгузориш аз рафти тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи кишвар», ки имрӯз 28 декабри соли 2024 дар бинои нави Парлумони кишвар ироа гардид.

 

Муфассал...

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
24 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» Конференсияи илмӣ-амалиро дар мавзуи «Парчами давлатӣ – ифтихори мост» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд.
Конференсия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, муҳтарам директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоҳир Саид ҳайати меҳмонону кормандонро бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, Парчамро рамзи давлату давлатдорӣ, бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон унвон намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.
Дар кори конференсия сардори раёсати ташкили кори судҳо ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчами давлатӣ – рамзи шинохти асолати миллӣ», мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Шарофуддинов Суҳроб Саломович дар мавзуи «Парчами давлатӣ – рамзи давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ», сардори раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷобиров Раҷабалӣ Фатҳуллоевич дар мавзуи «Ҷойгоҳи Парчам дар давлатдории тоҷикон», директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ – Ғафурӣ Зоир Саъдулло дар мавзуи Парчами давлатӣ – рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллати тоҷик» ва сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сафарзода Сафармад Саид дар мавзуи «Парчами давлатӣ – дастоварди бузурги Истиқлолияти давлатӣ, иштирок ва маърӯза намуданд.
Дар қисмати дуюми конференсия дастаи ҳаваскорони «Шифобахш»-и Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» суруду таронаҳои ифодакунандаи Парҷами давлатӣ рамзи давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ ва шинохти асолати миллиро пешкаши ҳозирин гардониданд.
 
Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35