Агентӣ
- Панҷшанбе, 27 Апрел 2023
Ҷаласаи хониши идоравӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Самандари Қаландар-ассистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ хониши идоравӣ баргузор гардид.
Муфассал...- Сешанбе, 11 Апрел 2023
Ҷамъбасти фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2023
Дар бинои Агентӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи якуми соли 2023 баргузор гардид.
Дар ҷаласа директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром, намояндагони Вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, намояндагони шурои ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, васоити ахбори омма, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм иштирок доштанд.
Муфассал...- Ҷумъа, 31 Март 2023
Баррасии 29 масъала дар ҷаласаи ҳайати мушовара
31-уми марти соли 2023 таҳти раёсати директори Агентӣ Икром Субҳонзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доранд, муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ иштирок намуданд.
Муфассал...