САДА-ҶАШНИ ОИНИ НИЁГОН

Халқи тоҷик аз даврони қадим соҳиби анъанаю суннатҳои бостонӣ ва фарҳангӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштааст. Ҷашнҳои миллии мо аз қабили Наврӯз, Меҳргон Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда то имруз ҷойгоҳи хоссаи худро дар ҷомеа нигоҳ доштааст .
Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид, ки “Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд. Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд”
Ҷашни Сада аз замони ориёиҳо сар карда, то даврони салтанати ғазнавиёну салҷуқиён ва дар баъзе минтақаҳо то замони истилои муғул маъмул буда, дар байни мардум дар қатори ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардид. Баъд аз асрҳои XII-XIII бо таъсири рӯҳониёни мутаассиб таҷлили расмии ҷашни Сада аз тарафи шоҳон қатъ шуда, он ба ҷашни мардумӣ табдил ёфта, дар шакли сайрҳо то ба рӯзгори мо омада расидааст. Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Тасвири баргузории ҷашни Садаро дар замони ҳукмронии Сомониёну Ғазнавиён дар асарҳои таърихӣ ва бадеӣ, махсусан дар қасидаҳо, мушоҳида кардан мумкин аст.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ ҷашн гирифта шуда, мутобқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 – уми январ рост меояд.
Сада ном гирифтани ин ҷашн беҳуда нест, зеро он аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд ва он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро дар бар мегирифт. Сада яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва пурқадимтарини мардуми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки решаҳои он ба таърихи ҳазорсолаҳо пеш бармегардад. Сада аз ҷашнҳои миллии мост ва руҳияи миллиро таҳким бахшида, ифтихори мардумро тақвият медиҳад.
Иди Сада пеш аз ҳама ҷашни табиат ва меҳнати инсон мебошад, ки он ба зиндашавии табиат, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ишора мекунад.
Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.Метавон бо таваҷҷуҳ ба сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва муҳтавои “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ дар шарҳу тавсифи ҷашни Сада ҳамин ҷанбаи асливу асосии он, ободонӣ, тамаддунофаринӣ ва рушду ривоҷи ҳунарҳои саноатӣ, рӯшангарӣ ва кишоварзиву чорводориро аслу асос қарор дод.
Ҷашнҳои миллӣ пояи ҳуввияти миллӣ ва нишонаи асолати фарҳангии тоҷикон буда, анъанаҳои давлатдории халқи тоҷикро инъикос менамоянд.
Сада рамзи пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сармо ва дониш бар нодонист.Он мардумро ба меҳнат, умед ва ҳамбастагӣ даъват мекунад.
Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойину суннатҳои ниёгон зинда гардида, расман рӯзи 30-юми январ ҳар сол ҷашни оини ниёгон Сада таҷлил мегардад.
Ин иқдомҳои бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд пешаи худ намуда, баҳри пос нигоҳ доштани ҷашнҳои миллӣ, урфу одатҳо, анъанаҳои ниёгон , таҳкими худшиносӣ саҳмгузор бошем.
Мавлододова Аслигул –мутахассиси пешбари муносибатҳои байналмилалӣ, котиби ташкилоти ибтидоии “Пайрав”-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикӣ
Русский
English
