wrapper

Items filtered by date: Якшанбе, 14 Декабр 2803

  31-уми январи соли ҷорӣ, таҳти раёсати директори Агентӣ - Икром Субҳонзода ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати  мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доштанд, муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, муассисаҳои сохтории Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

  Санаи 30-юми январи соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Пайрав”-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мирзозода Иброҳим - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Нилуфар - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Наботов Шукрулло  Сафарович- муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Субҳонзода Икром Субҳон - Раиси  ташкилоти ибтидоии «Пайрав» ҲХДТ-и ноҳияи Шоҳмансур, аъзои ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022  ва вазифаҳо барои соли 2023  бо садо додани Суруди миллӣ баргузор шуд. 

    Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 23.12.2022 ироа гардида буд, ҷаласа баргузор гардид.

   Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ - Субҳонзода Икром баргузор гардид, ки дар он аъзои мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, минтақавӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.

Page 29 of 51

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35