Items filtered by date: Июн 2023
Дастгирии моддӣ ва маънавӣ ба оилаҳои ниёзманд аз ҷониби Агентӣ
Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии оилаҳои ниёзманд ва маъюбону бепарасторон дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ба муносибати Иди Саиди Қурбон ба 10 оилаҳои ниёзманд ва маъюбону бепарастор маводи ғизоӣ аз қабили орд, макарон, шакар, картошка, пиёз, сабзӣ, тухм, равған, биринҷ ва тарбуз дастрас карда шуд.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи хизматчиёни давлатӣ
Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Директори Агентӣ - Саидзода Муҳаммадтоир Саид, корманди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи хизматчиёни давлатӣ ҷаласаи ҷашнӣ баргузор гардид.
Баргузории маҷлиси ташкилоти ибтидоии «Пайрав»-и ҲХДТ дар Агентӣ
20-уми июни соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Пайрав”-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ҳомидзода Насимҷон-намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Наботов Шукрулло–муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Турсунова Маъмурхон-намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Содиқзода Хурсанд-муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси ҳисоботии ҳизбӣ оид ба ҷамбасти фаъолияти ташкилот дар соли 2023 баргузор шуд.
Ҷаласаи хониши идоравӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сафарализода Хуҷамурод Қудусӣ-номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, Мудири кафедраи “Равандҳои сиёсӣ”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Сиёсати иҷтимоии давлат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум дар партави сиёсати миллӣ барои давраи то соли 2030” бо иштироки васеи кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ хониши идоравӣ баргузор гардид.