Items filtered by date: Январ 2023
Баргузории маҷлиси ҷамъбастӣ дар ташкилоти ибтидоии «Пайрав» ҲХДТ-и, ноҳияи Шоҳмансур дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат
Санаи 30-юми январи соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Пайрав”-и Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мирзозода Иброҳим - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Каримзода Нилуфар - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Наботов Шукрулло Сафарович- муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Субҳонзода Икром Субҳон - Раиси ташкилоти ибтидоии «Пайрав» ҲХДТ-и ноҳияи Шоҳмансур, аъзои ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 бо садо додани Суруди миллӣ баргузор шуд.
Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Агентӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 23.12.2022 ироа гардида буд, ҷаласа баргузор гардид.
Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Агентӣ
Ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ - Субҳонзода Икром баргузор гардид, ки дар он аъзои мушовара ва сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, минтақавӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
Зодрӯзи муаллимаи гиромӣ, сиёсатмадор, зани оқилу тавоно мубораку хуҷаста бод!
Санаи 3-юми январ муаллимаи гиромӣ, шахсияти заминию самими, инсони нексиришту адолатпарвар, сиёсатмадори сатхи оли, пайрави сиёсатозмудаи падар, Озода Раҳмон зодрӯз доранд.
Роҳбарият ва ҳайати кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳолу сарфароз аз он ҳастанд, ки Шумо низ аз шумули кадрҳои тавоною кордон ва миллатдӯсти Ватан ҳастед, ки имрӯз бо завқу салиқаи баланд ва ифтихори миллӣ паи адои хизмати софдилона барои рушди нумуи ватани маҳбубамон, ки онро ном Тоҷикистон аст талошу корнамоӣ мекунед.