ШУЪБАИ БАҲОДИҲӢ ВА МОНИТОРИНГИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шуъбаи баҳодиҳӣ ва мониторинги сифати таҳсилот дар сохтори дастгоҳи марказии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Шуъба бо воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.
Вазифаҳои Шуъба инҳо мебошанд:
-назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини иҷрои нақшаву барнома ва консепсияҳои назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот, таҳия ва мувофиқасозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии (дахлдор) назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот, баррасӣ намудани мактубу дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ ва арзу шикоятҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандон;
-омода намудани маърўзаҳо, ҳисоботи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои муҳокимашаванда оид ба мониторинги сатҳу сифати таҳсилот дар маҷлисҳои ҳайати мушовара ва дигар ҷамъомаду чорабиниҳо;
-иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии сатҳи сифати таҳсилот;
-тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба директори агентӣ пешниҳод намудани нақшаҳои кории (фаъолияти) семоҳа, нимсола, нўҳмоҳа ва солона;
-ҳар ду сол пас гузаронидани ҳама намуди санҷишҳои сатҳи сифати таҳсилот дар ҳама зинаҳои муассисаҳои таълимӣ;
-гузаронидани мониторингҳои сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;
-таҳияи барномаҳои санҷишӣ ва дастурҳои методӣ оид ба назорат ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
-гузаронидани чорабиниҳои семинарҳо, конфронсҳои илмӣ-амалӣ, тренингҳо оид ба масъалаҳои баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот;
Шуъба аз сардор, ки роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти Шуъбаро анҷом медиҳад, 2 нафар сармутахассис, 1 нафар мутахассиси пешбар ва 1 нафар мутахассис иборат буда, онҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор аз ҷониби директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.