wrapper

Шиори Раёсат: Дар тамоми зинаҳои таълим сифат бояд масъалаи асосӣ бошад!

Ҳадафи Раёсат: Баланд бардоштани сифати таълиму тарбия бо мақсади баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолии кишвар, ки тавонад дар ҳама кишварҳои ҷаҳон бомуваффақият кор ва фаъолият намуда, қобилияти эҷодии худро дар шароити гуногунии ҷомеаи муосир нишон дода тавонанд.

Таърихи Раёсат: Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 марти соли 2007, №105 Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таъсис дода шуд. Хадамот аз ду раёсат: Раёсати ташкили назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилот ва Раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ иборат буд. Раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимӣ аз 3 шуъба иборат буд, ки яке аз шуъбаҳои он шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба шумор мерафт. Шуъбаи мазкур  иборат аз 4 нафар корманд (мудири шуъба, 2 сармутахассис ва 1 мутахассиси пешбар) кор ва фаъолият менамуданд.

Бо мақсади таъмини пешбурди фаъолияти самарабахши сиёсати ягонаи назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти аттестатсия, аккредитатсия, иҷозатномадиҳӣ, баҳогузории маҷмӯӣ ва арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020, №1430 Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Баъдан бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2020, №1557 Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки яке аз сохторҳои дастгоҳи марказии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм Раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мебошад. Раёсати мазкур айни ҳол аз 7 нафар корманд: сардори раёсат, 3 сармутахассис, 2 мутахассиси пешбар ва 1 мутахассис иборат мебошад.

Арзишҳои асосии Раёсат: сифат, ахлоқ, касбият, эҷодкорӣ.

  • Сифат барои мо маънои ба довталабони худ расонидани хидматҳоеро дорад, ки фаъолият ба интизориҳои онҳо ҷавобгӯ ё қаноатманд бошанд. Кор дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ вазифаи асосии ҳар як корманди раёсат мебошад.
  • Мо дар рафти фаъолият меъёрҳои олии ахлоқиро риоя менамоем. Мо довталабон, шарикон ва кормандони худро ҳамчун як фарди беназир бо эҳтиёҷот ва орзуҳои инфиродӣ эҳтиром менамоем.
  • Мо мекӯшем, ки технологияҳои муосири ҷаҳон ва пешрафтҳои навро дар соҳаи маориф ва идоракунии кадрҳо истифода барем. Мо масъулияти баланди шахсии ҳар як кормандро истиқбол мекунем. Мо ошкорбаёниро истиқбол менамоем ва барои беҳтар намудани мубодилаи иттилоот кӯшиш менамоем.
  • Мо эҷодкорем, доимо ғояҳои навро тавлид мекунем. Ин манбаи доимии нерӯи мост, ки ба шарофати он мо муваффақ мегардем.

Вазифаҳои асосии сардори Раёсат:

  • роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти кормандони раёсатро анҷом медиҳад;
  • интизоми иҷроияро дар раёсат назорат менамояд;
  • маводи воридшударо ба кормандони раёсат барои иҷро месупорад, рафти иҷрои онҳоро ташкил ва назорат менамояд;
  • ба кормандони раёсат дар доираи ваколатҳои раёсат супоришҳо медиҳад, иҷрои саривақтии онҳоро назорат менамояд;
  • нақшаи кори нимсолаи (солона)-и кормандонро якҷоя бо онҳо тартиб дода, тасдиқ менамояд;
  • нақшаи чорабиниҳои раёсатро ҷиҳати амалӣ намудани санадҳои қонунгузорӣ, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳо дар соҳаи маориф таҳия намударо назорат менамояд;
  • нақшаи чорабиниҳои раёсатро ҷиҳати амалӣ намудани санадҳои қонунгузорӣ дар самти дахлдор таҳия ва тасдиқ менамояд.
  • барномаҳои маърифатӣ, тавзеҳи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии хизматчиёни давлатиро таҳия ва татбиқ менамояд;
  • дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақом, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дода, бо онҳо ҳамкорӣ менамояд;
  • нақшаҳои кори раёсатро таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои онро ташкил, назорат ва таъмин менамояд;
  • иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро ташкил, назорат ва таъмин менамояд;
  • лоиҳаи дастурамалҳои мансабии кормандони раёсатро таҳия, мувофиқа ва якҷоя бо роҳбари шуъбаи таъминотӣ ҳуқуқӣ ва кадрҳо ба тасдиқи директории Агентӣ пешниҳод менамояд;
  • лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро таҳия менамояд;
  • лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти шуъба дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия менамояд;
  • лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод карда шудаанд, мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи Агентиро омода менамояд;
  • лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории Агентиро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаи раёсатро омода менамояд;
  • дар кори комиссияҳо, гуруҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Агентӣ иштирок менамояд;
  • шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ менамояд;
  • оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа дар муҳлатҳои муқарраргардида, инчунин дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян шудаанд, ҳисобот пешниҳод менамояд;
  • ба фаъолияти кормандони раёсат барои содир нагардидани амалҳои коррупсионӣ назорат менамояд;
  • дар тарѓиби хизмати давлатӣ аз тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад;
  • дигар супоришҳои директори Агентӣ ва дигар роҳбариятро иҷро менамояд.

Вазифаҳои асосии сармутахассиси Раёсат:

  • масъули коргузории раёсат буда, сабти ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротии раёсатро иҷро намуда, нигоҳдории онҳоро дар парвандаҳои муқарраргардида таъмин менамояд;
  • оид ба гардиши ҳуҷҷатҳои ворида ва натиҷаи баррасии онҳо ба мудири Раёсат ахбороти ҳафтаина ва моҳона пешниҳод менамояд;
  • мониторинг мегузаронад, дастурҳои методӣ медиҳад, дар ҷамъбасти сол гузориши таҳлилӣ пешниҳод менамояд;
  • ҷиҳати таҳияи нақшаи агентӣ ва нақшаи кори нимсолаи (солонаи) Раёсат таклиф пешниҳод менамояд;
  • оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа, солона, аз ҷумла дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян гардида буданд, ҳисобот таҳия ва пешниҳод менамояд;
  • дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақом, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад ва бо онҳо ҳамакорӣ менамояд;
  • ҳар рӯз оид ба ҳаракати маводҳо дар дафтарҳои бақайдгирӣ қайдҳо мегузорад;
  • оид ба гардиши ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва натиҷаи баррасии онҳо ба сардори Раёсат ахбороти ҳафтаина ва моҳона пешниҳод менамояд;
  • дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд;
  • дар мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар раёсат иштирок менамояд;
  • рӯйхати санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳиянамудаи сардори раёсатро барои давраи ҳисоботӣ тартиб медиҳад ва маводҳои онҳоро дар ҷувзгирҳо тибқи феҳристи парвандаҳо нигоҳ медорад:
  • фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомоти зерин ба роҳ мемонад:

-дар муассисаҳои таълимии олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таълимӣ;

-раёсатҳо ва шуъбаҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми -Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои он.

  • оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа, солона, аз ҷумла дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян гардида буданд, ҳисобот таҳия ва пешниҳод менамояд.

Вазифаҳои асосии мутахассиси пешбари Раёсат:

  • оид ба гардиши ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва натиҷаи баррасии онҳо ба сардори Раёсат ахбороти ҳафтаина ва моҳона пешниҳод менамояд;
  • дастурҳои методӣ медиҳад, дар ҷамъбасти сол гузориши таҳлилӣ пешниҳод менамояд;
  • ҷиҳати таҳияи нақшаи агентӣ ва нақшаи кории нимсолаи (солона)-и Раёсат таклиф пешниҳод менамояд;
  • оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа, солона, аз ҷумла дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян гардида буданд, ҳисобот таҳия ва пешниҳод менамояд;
  • дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба роҳбари мақом, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад ва бо онҳо ҳамакорӣ менамояд;
  • ҳар рӯз оид ба ҳаракати маводҳо дар дафтарҳои бақайдгирӣ қайдҳо мегузорад;
  • оид ба гардиши ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва натиҷаи баррасии онҳо ба сардори Раёсат ахбороти ҳафтаина ва моҳона пешниҳод менамояд;
  • дар таҳияи лоиҳаи Дастурамали мансабии худ иштирок менамояд;
  • дар мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Раёсат иштирок менамояд;
  • рӯйхати санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳиянамудаи раёсат барои давраи ҳисоботӣ тартиб медиҳад ва маводҳои онҳоро дар ҷувзгирҳо тибқи феҳристи парвандаҳо нигоҳ медорад.
  • фаъолияти ҳамоҳангсозиро бо мақомоти зерин ба роҳ мемонад:

-дар муассисаҳои таълимии оли ва баъд аз муассисаи таълимӣ

-раёсатҳо ва шуъбаҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳо .

Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа, солона, аз ҷумла дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян гардида буданд, ҳисобот таҳия ва пешниҳод менамояд.

 

 

 

 

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35