Агентӣ
- Сешанбе, 03 Ноябр 2020
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд - СМР-2030) дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мутобиқи ҳадафҳои дарозмуҳлат ва афзалиятҳои рушди кишвар, ки дар паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2014 ва 2015 баён шудаанд, таҳия гардидааст. Ҳуҷҷати мазкур бо дарназардошти тағйироти солҳои охир, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд, бахусус таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонии солҳои 2007-2009 ба иқтисодиёти кишвар тартиб дода шудааст.
СМР-2030 инчунин, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устуворро (ҲРУ), ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ моҳи сентябри соли 2015 тасдиқ шудаанд, ба инобат мегирад. Диққати асосӣ дар ҲРУ ба консепсияи рушди устувори инсон равона шудааст. Бинобар ин, пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолот ва истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ, вазифаҳои асосӣ ва шартҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон маҳсуб меёбанд. Машваратҳои миллӣ аз рӯи рӯзномаи ҲРУ имкон доданд афзалиятҳои асосии рушди кишвар баъди соли 2015, ки ба татбиқи онҳо идеологияи иқтисодӣ, принсипҳои заминавӣ ва маҷмӯи тадбирҳои дар СМР-2030 инъикосёфта равона шудаанд, муайян карда шаванд. Ба чунин афзалиятҳо: (1) маориф; (2) тандурустӣ; (3) шуғл; (4) нобаробарӣ; (5) мубориза бар зидди коррупсия; (6) таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо; (7) идоракунии самаранок; (8) ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; (9) пешгирии низои эҳтимолӣ; (10) амнияти энергетикӣ, экология ва идоракунии равандҳои демографӣ шомиланд.
СМР-2030 дар назар дорад, ки барои амалисозии чунин афзалиятҳо ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, бизнес ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд нақши муҳим дошта бошанд. Фаъолияти ниҳодҳои мазкур дар низоми миллии баҳодиҳӣ ва ояндабинии рушд, муайянсозии вазифаҳои кутоҳмуҳлат ва дарозмуҳлат ва мутаносибан нақшаҳои татбиқи онҳо асос меёбад. Бинобар ин, дар СМР-2030 масъалаҳои тақвияти рушди институтсионалӣ дар самти таъмини самаранок, шаффоф ва назорати идоракунӣ ва молиявии зиддикоррупсионӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ дар ҳамаи сатҳи идоракунии давлатӣ, дар маҷмӯъ бунёди модели идоракунии технократӣ ва меритократӣ (шоистасолорӣ) дар кишвар дар мадди аввал гузошта шудаанд. Барои тақвият додани нақши ниҳодҳои ҳамоҳангсоз ва масъулияти иҷтимоии бизнес дар раванди назорат ва рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ 6 тадбирҳо оид ба коҳиш додани фишори маъмурӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ, кам кардани ҷузъи коррупсионӣ, аз ҷумла дар асоси рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ баррасӣ мегарданд. Ҳамзамон, дар шароити ба қадри кофӣ рушднаёфтаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бизнес, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳамоҳангсозӣ ва бар дӯш гирифтани масъулият ҷиҳати таъмини рушди индустриалӣ ва инноватсионии иқтисодиёти миллӣ барои диверсификатсияи васеъ ва рақобатнокии он нақши пешбарандаро хоҳанд бозид.
Барои муфассалтар хондан боргирӣ намоед. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Муфассал...- Сешанбе, 03 Ноябр 2020
“Фурӯғи субҳи доноӣ...”
АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳои озмун ва рӯйхати адабиёти тавсияшаванда тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари дӯстдорони каломи бадеъ чораҷӯӣ карда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ намоянд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2020 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.
6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин намуда, оид ба хароҷоти он ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа гузошта шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 феврали соли 2020
№АП-1339
Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «5» феврали соли 2020,
№АП-1339
Низомномаи
озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
I. Муқаррароти умумӣ
1. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (минбаъд озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 баргузор мешавад.
2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.
3. Иштирокчиёни озмун ба се гурӯҳ тақсим карда мешаванд:
- тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;
- хонандагон ва донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);
- калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар).
4. Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор карда мешавад:
- адабиёти классикӣ;
- адабиёти муосир;
- адабиёти бачагона;
- адабиёти ҷаҳон;
- шоирӣ.
II. Сарпараст ва масъулони озмун
5. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
6. Масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
7. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории озмунҳо иштирок мекунанд.
8. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани давраҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавсманд мегардонанд.
9. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо раёсат, шуъба ва бахшҳои маориф, маънавиёт, фарҳанг, ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъули ташкил ва баргузории озмун мебошанд.
III. Комиссияи озмун
10. Ҳайати комиссияи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (минбаъд - комиссия) бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
11. Салоҳияти комиссия:
- таҳияи ҷадвали баргузории озмун ва назорати он;
- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба озмун;
- назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони озмун;
- омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни озмун ба даври ниҳоӣ;
- баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;
- тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун.
IV. Тартиби баргузории озмун
12. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2020 то моҳи декабри соли 2020 ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:
- даври якум моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳои деҳот ва шаҳрак;
- даври дуюм моҳи июн дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе);
- даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;
-даври чорум – ҷумҳуриявӣ барои ғолибони даври сеюм то 10 декабр дар муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон».
13. Хулосаи ҳайати ҳакамон ба комиссия ба даври чаҳорум бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия ва раиси ҳакамон пешниҳод мешавад.
14. Ҷойи баргузории даврҳои озмун дар деҳот, шаҳрак, маркази шаҳру ноҳияҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.
15. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ноҳия, шаҳр, вилоят, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) вогузор карда мешавад.
16. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми озмун тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш карда мешавад.
17. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи озмун то нимаи дуюми моҳи ноябр муқаррар карда мешавад.
18. Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) ва ташкилотҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
19. Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, бо нишони ифтихории «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз карда мешаванд.
V. Шартҳои иштирок дар озмун
20. Дар озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) иштирок карда метавонанд.
21. Шартҳои ташкил ва баргузории озмун аз ҷониби комиссияи озмун назорат карда мешавад.
22. Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорати хондан ва аз худ кардан бартарӣ дода мешавад.
Иштирокчӣ ба ҳайати ҳакамон маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро пешниҳод менамояд.
Аз ҷониби ҳайати ҳакамон ба иштирокчӣ барои аъзои фаъоли китобхона будан ва ба ҳунари нақлу оҳанги қироати ӯ низ хол дода мешавад.
Ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлолияту Озодӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзӯи об - ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот бартарӣ дода мешавад. Довталаби шоирӣ дар ҳамин мавзӯъҳо шеър эҷод мекунад.
Иштирокчӣ дар интихоб, хондан ва аз худ кардани осори адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона ва адабиёти хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст.
Иштирокчӣ метавонад аз намунаҳои эҷодиёти халқ: афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайра вобаста ба номинатсияи интихобкардааш истифода намояд.
Даҳ рӯз пеш аз оғози озмун иштирокчӣ шарҳи мухтасари ҳоли худ, рӯйхати асарҳои хонда ва азбаркарда (нусхаи чопӣ ё дастнависи ашъори азёдкардашуда ва мазмуни мухтасари асарҳои мутолиакардаашро бо зикри муаллиф ва номи асар) бо гузоштани имзо ба комиссияи озмун пешниҳод менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо суроға ва ҷойи баргузории озмунро ба довталабон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамоянд.
VI. Талабот ба иштирокчиёни озмун
23. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи хондани назм ва насри бадеӣ муайян карда мешавад:
- барои иштирокчиёни озмун хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;
- иштирокчӣ дар хондани шеърҳо (ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ) вобаста ба номинатсияи интихобкардааш озод аст;
- ба иштирокчӣ барои нақли афсона, латифа, қиссаю ривоят ва дигар намудҳои осори шифоҳии халқ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;
- аз довталаби шоирӣ таълифи як достони мукаммал дар вазнҳои анъанавӣ, аз ҷумла ҳазаҷ, рамал, мутақориб, 30 ғазал дар вазнҳои суннатии арӯз, аз қабили рукнҳои солими хафиф, ҳазаҷ, раҷаз, рамал, 20 рӯбоӣ, 10 дубайтӣ, 5 мустазод, 3 мухаммас, 2 мусаддас, 4 қасида, 5 шеъри сафед, 10 суруди ватандӯстона, 4 тарҷеъбанд ва 3 таркиббанд талаб карда мешавад.
VII. Меъёри арзёбии ғолибони озмун
24. Ҳайати ҳакамони озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:
- барои таваҷҷуҳ ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлолияту Озодӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзӯи об - ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот;
- барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи луғатҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар, таассурот аз хондани асар.
Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад.
Барои аз ёд хондани осори манзум бо шарҳу тавзеҳи калимаҳо 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 2 хол гузошта мешавад ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.
Барои шарҳи муфассалу баёни равшани осори насрӣ ва ҳунари баланди ровигӣ, инчунин тавзеҳи калимаҳо аз асарҳои мутолиашуда 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар 4 хол, барои ҷавоби миёна 3 хол, барои ҷавоби заиф 2 хол гузошта мешавад ва барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол гузошта намешавад.
Ҳангоми баҳогузорӣ ба маҳорати довталаби шоирӣ, тарзи интихоби мавзӯъ, риояи рукнҳои вазни арӯз, қофияву радиф, корбарии санъатҳои бадеӣ, интихоби таъбиру ибораҳо, миқдори луғатҳои нав ва мутобиқати шакл ба мазмуни шеъру суруд диққат дода мешавад.
Баробари ин, довталаби шоирӣ бояд дар мавзӯъҳои пешниҳодшуда бадеҳатан шеър гуфта тавонад. Байти аввал аз ҷониби ҳакамон пешниҳод мегардад ва идомаи онро дар ҳамон вазну қофия довталаб хаттӣ ё шифоҳӣ ҷавоб медиҳад. Дар озмун шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки аъзои Иттифоқи нависандагон набуда, шеърро хуб дарк менамоянд, завқи шоирӣ доранд, нозукиҳои шеърро аз бар кардаанд ва дар рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ намунаи ашъораш чоп шудааст. Довталаб замони иштирок дар озмун намунаҳои шеъри худро дар шакли чопӣ ва ё дастнавис пешниҳод менамояд.
VIII. Ҳайати комиссия ва ҳакамони озмун
25. Шумораи ҳайати комиссия дар асоси банди 10 Низомномаи мазкур муқаррар мегардад. Шумора ва ҳайати ҳакамонро комиссия муайян мекунад.
26. Ҳайати ҳакамони озмуни шаҳраку деҳот, ноҳия, шаҳр, ВМКБ ва вилоятҳоро раисони ноҳия, шаҳр ва вилоят бо санади дахлдор тасдиқ менамоянд ва онҳо амалҳои зеринро иҷро мекунанд:
- ҳайати ҳакамон тибқи пешниҳоди комиссияи озмун маҳорату истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунанд;
- ҳайати ҳакамон холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамоянд ва натиҷаи озмун дар суратҷаласа дарҷ гардида, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ карда мешавад.
27. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ворид мешаванд. Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису муовинонаш бояд тоқ бошад.
28. Хулосаи ҳайати ҳакамон дар комиссияи озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.
29. Комиссия натиҷаи ниҳоиро ҷамъбаст карда, онро барои мувофиқа ва тасдиқ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
IX. Таъминоти молиявии озмун
30. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми озмун, буду боши онҳо дар маҳалли баргузории озмун аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳру ноҳияҳо) ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.
31. Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми озмун аз суратҳисоби махсуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» пардохт карда мешавад.
32. Ба ғолибони даври чорум тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.
Ғолибони даври чоруми озмун аз тарафи комиссия омода ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ ва амалӣ менамоянд.
33. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.
X.Тартиби иштирок дар даври ниҳоии озмун
34. Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссия ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешавад:
- маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчӣ;
- рӯйхати асарҳои мутолиашуда;
- миқдори ашъори азёдшуда;
- нусхаи чопӣ ва ё дастхати ашъори азёдкарда ва мазмуни мухтасари китобҳои мутолиакарда бо зикри муаллиф ва номи асар;
- суратҷаласаи ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун.
XI. Тартиби пешниҳод барои дарёфти Шоҳҷоиза
35. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабоне метавонанд иштирок намоянд, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияҳои пешниҳодшуда ҷойи аввалро сазовор гардидаанд.
XII. Муқаррароти хотимавии озмун
36. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.
Замимаи 2
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «5» феврали соли 2020,
№АП-1339
Ҳайати
комиссияи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раиси комиссия;
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;
Директори муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», муовини раиси комиссия;
Сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия.
Аъзои комиссия:
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Иттифоқи нависандагон.
Сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ» ;
Сармуҳаррири нашриёти «Адиб» ;
Сармуҳаррири маҷаллаи «Помир» ;
Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ;
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мудири кафедраи адабиёти навини тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Мудири кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия;
Мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
Мудири кафедраи адабиёти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода;
Мудири кафедраи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.
Замимаи 3
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «5» феврали соли 2020,
№АП-1339
Ҷоизаҳои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Барои ғолибони озмун ҷоизаҳои зерин аз рӯйи чаҳор гурӯҳ ва панҷ номинатсия муқаррар карда мешаванд:
1. Миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ.
№ |
|
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
(бо сомонӣ) Маблағи умумӣ |
Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик |
||||
1 |
Ҷойи якум |
30 000 |
1 |
30 000 |
2 |
Ҷойи дуюм |
20 000 |
3 |
60 000 |
3 |
Ҷойи сеюм |
15 000 |
2 |
30 000 |
ҳамагӣ |
6 |
120 000 |
||
Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик |
||||
1 |
Ҷойи якум |
25 000 |
1 |
25 000 |
2 |
Ҷойи дуюм |
20 000 |
3 |
60 000 |
3 |
Ҷойи сеюм |
15 000 |
2 |
30 000 |
ҳамагӣ |
6 |
115 000 |
||
Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик: |
||||
1 |
Ҷойи якум |
25 000 |
1 |
25 000 |
2 |
Ҷойи дуюм |
20 000 |
3 |
60 000 |
3 |
Ҷойи сеюм |
15 000 |
2 |
30 000 |
ҳамагӣ |
6 |
115 000 |
||
Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон |
||||
1 |
Ҷойи якум |
25 000 |
1 |
25 000 |
2 |
Ҷойи дуюм |
20 000 |
3 |
60 000 |
3 |
Ҷойи сеюм |
15 000 |
2 |
30 000 |
ҳамагӣ |
6 |
115 000 |
2. Миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо).
№ |
|
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ |
Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик |
||||
1 |
Ҷойи якум |
30 000 |
1 |
30 000 |
2 |
Ҷойи дуюм |
20 000 |
3 |
60 000 |
3 |
Ҷойи сеюм |
15 000 |
2 |
30 000 |
ҳамагӣ |
6 |
120 000 |
||
Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик |
||||
1 |
Ҷойи якум |
25 000 |
1 |
25 000 |
2 |
Ҷойи дуюм |
20 000 |
3 |
60 000 |
3 |
Ҷойи сеюм |
15 000 |
2 |
30 000 |
ҳамагӣ |
6 |
115 000 |
||
Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик: |
||||
1 |
Ҷойи якум |
25 000 |
1 |
25 000 |
2 |
Ҷойи дуюм |
20 000 |
3 |
60 000 |
3 |
Ҷойи сеюм |
15 000 |
2 |
30 000 |
ҳамагӣ |
6 |
115 000 |
||
Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон |
||||
1 |
Ҷойи якум |
25 000 |
1 |
25 000 |
2 |
Ҷойи дуюм |
20 000 |
3 |
60 000 |
3 |
Ҷойи сеюм |
15 000 |
2 |
30 000 |
ҳамагӣ |
6 |
115 000 |
3. Дар байни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақҳои аҳолии кишвар).
№ |
|
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ |
|
Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик: |
|||||
1 |
Ҷойи якум |
30 000 |
1 |
30 000 |
|
2 |
Ҷойи дуюм |
20 000 |
3 |
60 000 |
|
3 |
Ҷойи сеюм |
15 000 |
2 |
30 000 |
|
ҳамагӣ |
6 |
120 000 |
|||
Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик: |
|||||
1 |
Ҷойи якум |
25 000 |
1 |
25 000 |
|
2 |
Ҷойи дуюм |
20 000 |
3 |
60 000 |
|
3 |
Ҷойи сеюм |
15 000 |
2 |
30 000 |
|
ҳамагӣ |
6 |
115 000 |
|||
Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик: |
|||||
1 |
Ҷойи якум |
25 000 |
1 |
25 000 |
|
2 |
Ҷойи дуюм |
20 000 |
3 |
60 000 |
|
3 |
Ҷойи сеюм |
15 000 |
2 |
30 000 |
|
ҳамагӣ |
6 |
115 000 |
|||
Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон:
|
|||||
1 |
Ҷойи якум |
25 000 |
1 |
25 000 |
|
2 |
Ҷойи дуюм |
20 000 |
3 |
60 000 |
|
3 |
Ҷойи сеюм |
15 000 |
2 |
30 000 |
|
ҳамагӣ |
6 |
115 000 |
|||
4. Миёни довталабони номинатсияи шоирӣ
№ |
|
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ |
1 |
Ҷойи якум |
25 000 |
1 |
25 000 |
2 |
Ҷойи дуюм |
20 000 |
1 |
20 000 |
3 |
Ҷойи сеюм |
15 000 |
1 |
15 000 |
|
ҳамагӣ |
3 |
60 000 |
|
ҷамъ |
75 |
1 455 000 |
5. Шоҳҷоиза
№ |
|
Маблағ барои як номинатсия |
Шумораи ҷоизагирандагон (нафар) |
Маблағи умумӣ |
1 |
Шоҳҷоизаи озмун |
60 000 |
1 |
60 000 |
6. Хароҷоти дигар
№ |
|
|
|
|
1 |
Хароҷотҳо оид ба омода кардани шоҳҷоиза, ҷоизаҳо ва дипломҳо |
131 400 |
Харҷоти марбут ба ташкил ва баргузории даври ҷамъбастии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомониро ташкил медиҳад.
Мукофотҳо бо пули миллии сомонӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани пардохти андозҳо пешбинӣ шудаанд.
Иштирокчиёни даври чорум бо диплом сарфароз гардонда мешаванд.
Замимаи 4
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «5» феврали соли 2020,
№АП-1339
Рӯйхати
адабиёти тавсияшаванда барои иштирокчиёни озмуни
«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
1. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик:
- ғазал - на кам аз 100 ғазал (аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Саноии Ғазнавӣ, Шайх Фаридаддини Аттор, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Фахриддини Ироқӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Зебуниссо, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон);
- рубоӣ ва дубайтӣ - на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ (аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абуалӣ ибни Сино, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён, Абусаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ ва дигарон);
- қасида - на кам аз 100 байт (аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Кисоии Марвазӣ, Абулқосим Унсурӣ, Анварии Абевардӣ, Абулҳасан Фаррухии Сиистонӣ, Абунаҷм Манучеҳрии Домғонӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хисрав, Хоқонии Шервонӣ, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон);
- порча аз достон - на кам аз 150 байт (аз Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саноии Ғазнавӣ, Аттори Нишопурӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил, Камолиддини Биноӣ, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон);
- дигар навъҳои шеърӣ (қитъа, мухаммас, мусаммат, мусаллас, тарҷеъбанд, таркиббанд ва ғайра) - 100 байт аз шоирони классик;
- осори мансури (насрии) классикӣ - «Томирис ва Куруш», «Шерак», «Авасто», «Ёдгори Зарирон», «Дарахти Ассурик», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Калила ва Димна», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Андарзи доноён ва маздоясно», «Андарзи Хусрави Ковадон», «Андарзи Пурйуткешон», «Бундаҳишн», «Динкард», «Сафарнома»-и Носири Хисрав, «Қобуснома»- и Унсурмаолии Кайковус, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва ғайра;
- намунаҳои насри ривоятӣ: «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Чаҳор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тӯтинома», «Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абӯмуслимнома» ва ғайра.
2. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик
- ғазал - на кам аз 100 ғазал (аз Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукуҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Аскар Ҳаким, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Сайдалӣ Маъмур, Ҳабибулло Файзулло, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ширин Бунёд, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳадиса Қурбонова, Меҳринисо, Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Искандари Хатлонӣ, Озарахш, Озар ва дигарон);
- рубоӣ ва дубайтӣ - на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ (Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукуҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Аскар Ҳаким, Лоиқ Шералӣ, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Гулназар Келдӣ, Ҳабибулло Файзулло, Мӯъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ширин Бунёд, Камол Насрулло, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, Ҳадиса Қурбонова, Меҳринисо, Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Искандари Хатлонӣ, Озарахш, Озар ва дигарон);
- порча аз достон - на кам аз 150 байт (аз Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Гулрухсор Сафиева, Сайдалӣ Маъмур, Ғаффор Мирзо, Мӯъмин Қаноат, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Ҳадиса Қурбонова ва дигарон);
- дигар навъҳои шеърӣ-100 байт аз шоирони муосири тоҷик.
- осори мансури (насрии) муосир - роман – 30 номгӯй, повест – 40 номгӯй, ёддоштҳо – 5 номгӯй, ҳикояву новелла – 50 номгӯй (аз Садриддин Айнӣ, Ҳаким Карим, Пулод Толис, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Ҷумъа Одина, Муҳиддин Хоҷаев, Урун Кӯҳзод, Сорбон, Кароматулло Мирзоев, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Юсуф Акобир, Ҷонибек Акобир, Бароталӣ Абдураҳмон, Баҳманёр, Сайф Раҳим, Маҷид Салим ва дигарон).
3. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона
ва афсонаҳои халқи тоҷик:
- осори насрӣ - 50 номгӯй, осори назмӣ - на кам аз 1000 байт (аз эҷодиёти Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонова, Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Нӯъмон Розиқ, Убайд Раҷаб, Акобир Шарифӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Алӣ Бобоҷон, Нозирҷон Боҳирӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Латофат Кенҷа, Юсуфҷон Аҳмадзода, Азизи Азиз ва дигарон, инчунин афсонаҳои халқи тоҷик, чистону латифаҳо ва ғайраҳо).
4. Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон:
- осори насрӣ - 70 номгӯй, осори назмӣ - на кам аз 1000 байт (аз эҷодиёти Ҷек Лондон, Виктор Гюго, Ги де Мопассан, Марк Твен, Эрнест Хеменгуэй, Ромен Роллан, Виллям Шекспир, Томас Майн Рид, Мигел де Сервантес, Даниел Дефо, Оноре де Балзак, Гёте, Алигери Данте, Франсуа Рабле, Рюноскэ Акутагава, Александр Дюма, Александр Пушкин, Лев Толстой, Юрий Лермонтов, Антон Чехов, Максим Горкий, Владимир Маяковский, Сергей Есенин, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ, Ғафур Ғулом, Мухтор Авезов, Олжас Сулаймонов, Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Теодор Драйзер, Олес Гончар, Янн Купала, Яккуб Колас, Самад Вурғун, Нодар Думбадзе, Оттар Чилладзе, Грант Матевосян, Ҷуброн Халили Ҷуброн, Рашод Нури, Робендранат Тагор, Стефан Тсвейг, Иқболи Лоҳурӣ, Муртазо Мушфиқ Козимӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Парвини Эътисомӣ, Содиқ Ҳидоят, Нимо Юшиҷ, Нодири Нодирпур, Аҳмади Шомлу, Суҳроби Сипеҳрӣ, Муҳаммад Иқбол, Эраҷ Мирзо, Халилуллоҳи Халилӣ, Нусрати Раҳмонӣ, Бориқ Шафеӣ, Восифи Бохтарӣ, Маликушшуаро Баҳор, Мо Ян (Гуан Мое) ва дигарон).
http://president.tj/node/22436
Муфассал...- Душанбе, 02 Ноябр 2020
Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»
20.06.2018, шаҳри Душанбе
Муҳтарам сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо,
Муҳтарам роҳбарон ва аъзои ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Ҳамаи шуморо ба шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» хайрамақдам мегӯям.
Умед дорам, ки аз рӯйи натиҷаҳои чорабинии имрӯза, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон доир мегардад, ҷиҳати татбиқи ҳадафу вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ дар арсаи захираҳои об мувофиқашуда иқдомоти амалии муассир сурат хоҳад гирифт.
Итминон дорам, ки конфронси имрӯза барои таҳияи тавсияҳои мушаххас роҷеъ ба мавзӯъҳои ҷаласаи дарпешистодаи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашум оид ба захираҳои об муҳокима мегардад, имконоти мусоид фароҳам меорад.
Муфассал...