wrapper

Агентӣ

Агентӣ

Наврӯз ҳамчун таҷассумгари эҳёи фарҳанги миллӣ

Наврӯз ҳамчун таҷассумгари эҳёи фарҳанги миллӣ

 

Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ ба шумор меравад, ки оғози баҳор, баробар шудани шабу рӯз ва навшавии табиатро таҷассум мекунад. Ин ҷашн аз давраҳои бостон то имрӯз ҳамчун рамзи эҳё, поксозии маънавӣ ва оғози давраи нави зиндагӣ пазируфта шудааст. Дар фарҳанги халқҳои ориёӣ Наврӯз танҳо як ҷашни тақвимӣ нест, балки падидаи фарҳангиву маънавие мебошад, ки муносибати инсонро ба табиат, ҷомеа ва арзишҳои ахлоқӣ инъикос менамояд.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ аҳамияти бештар пайдо кардааст. Дар ҳамин замина Наврӯз ҳамчун мероси нодири фарҳангӣ метавонад барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаи мардумон саҳми муҳим гузорад. Ин ҷашн арзишҳои сулҳ, некӣ, эҳтиром ба табиат ва ҳамбастагии иҷтимоиро тарғиб намуда, ба рушди фарҳанги сулҳ мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, омӯзиши моҳият ва аҳамияти фарҳангии Наврӯз дар илми муосир низ муҳим арзёбӣ мегардад.

Манбаъҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки таърихи Наврӯз ба ҳазорсолаҳои дур мерасад. Дар фарҳанги мардумони қадим мушоҳидаи қонунҳои табиат, махсусан ҳаракати офтоб ва тағйири фаслҳо, нақши муҳим дошт. Баробар шудани шабу рӯз ҳамчун нишонаи оғози давраи нави ҳаёт дарк мегардид. Барои мардум ин падида рамзи мувозинат, тартиб ва ҳамоҳангии зиндагии инсон бо табиат ба шумор мерафт.

Дар ривоятҳои қадим пайдоиши Наврӯз ба номи подшоҳи афсонавии ориёӣ Ҷамшед вобаста дониста мешавад. Мувофиқи ривоятҳо, дар давраи ҳукмронии ӯ адолат, фаровонӣ ва оромӣ дар ҷомеа ҳукмфармо буд. Аз ин рӯ, мардум рӯзи ба тахт нишастани ӯро рӯзи нав номидаанд. Гарчанде ин ривоят хусусияти рамзӣ дорад, аммо он нишон медиҳад, ки Наврӯз аз ибтидо бо мафҳумҳои некӣ, адолат ва созандагӣ пайвастагӣ доштааст.

Осори адабии классикии форсу тоҷик низ ба ин ҷашн таваҷҷуҳи зиёд зоҳир кардааст. Шоири бузурги форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар асари машҳури худ «Шоҳнома» Наврӯзро ҳамчун рӯйдоди муҳим дар таърихи фарҳанги ориёӣ тасвир мекунад:

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшондаанд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Ин байт гувоҳи он аст, ки Наврӯз дар фарҳанги қадим таҷассумгари пирӯзии некӣ, шодмонӣ ва эҳёи зиндагӣ маҳсуб меёфт.

Дар тӯли асрҳо ин ҷашн дар байни халқҳои гуногун бо анъанаҳои мухталиф таҷлил мегардид, аммо моҳияти асосии он - эҳтиром ба табиат, навсозии зиндагӣ ва таҳкими арзишҳои инсонӣ - тағйир наёфтааст. Ҳамин хусусият боис гардидааст, ки Наврӯз то имрӯз ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги бисёр халқҳо боқӣ монад.

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба эҳё ва рушди суннатҳои миллӣ бештар гардид. Дар ин раванд Наврӯз ҳамчун мероси арзишманди ниёгон мақоми муҳим пайдо карда, ба яке аз рамзҳои муҳими фарҳанги миллӣ табдил ёфт. Имрӯз ин ҷашн дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мегардад. Дар доираи он намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои миллӣ, барномаҳои фарҳангӣ ва дигар анъанаҳои қадимӣ ташкил карда мешаванд, ки ба ҳифзи мероси фарҳангии халқ мусоидат менамоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин иброз намудаанд: «Наврӯз аз ҷумлаи куҳантарин ва муқаддастарин суннатҳои миллии мардуми мо мебошад, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо арзишҳои баланди инсонӣ ва фарҳангиро ҳифз намудааст».

Ин андеша нишон медиҳад, ки Наврӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки унсури муҳими худшиносии фарҳангии ҷомеа мебошад. Дар бархе аз асарҳои илмӣ онро чун сутуни хештаншиносии миллати тоҷик низ хондаанд.

Дар замони муосир аҳамияти байналмилалии Наврӯз низ бештар гардид. Бо назардошти арзиши таърихӣ ва фарҳангии он, бо иқдоми Садри тамаддунофари миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии инсоният ворид карда шуд. Баъдан, соли 2010 дар Иҷлосияи 64-и Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Ин иқдом шаҳодат аз он медиҳад, ки Наврӯз имрӯз на танҳо ба як миллат, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ тааллуқ дорад ва сар то сари олам ҳама бо ибораи тоҷикии “Наврӯз муборак” ҳамдигаро табрик менамоянд, ки боиси сарфарозии мо тоҷикон аст:

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Даври ғул-ғулфикани Наврӯз аст,

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Имрӯз ин ҷашн дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз барномаҳои фарҳангӣ, фестивалҳо, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ҳамоишҳои илмӣ баргузор мешаванд. Чунин чорабиниҳо барои муколамаи фарҳангҳо ва тақвияти робитаҳои байни халқҳо замина фароҳам меоранд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими Наврӯзи соҳибистиқлолӣ нақши он дар таҳкими ҳамбастагӣ ва ваҳдати ҷомеа мебошад. Дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашн мардум ба ҳам наздик мешаванд, ба дидорбинии якдигар мераванд ва муҳити дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро тақвият медиҳанд. Наврӯз мардумро ба эҳтироми калонсолон, дастгирии ниёзмандон ва таҳкими муносибатҳои иҷтимоӣ ҳидоят мекунад. Дар фарҳанги мардумӣ анъанаҳои нек чун кумак ба шахсони эҳтиёҷманд, зиёрати пиронсолон ва анҷом додани корҳои хайр аз ҷумлаи суннатҳои муҳими ин ҷашн ба ҳисоб мераванд.

Дар ин бобат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки: «Наврӯз ҷашни меҳру муҳаббат, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии мардум мебошад, ки метавонад ҷомеаро ба сӯи сулҳ ва созандагӣ раҳнамоӣ намояд».

Ин андешаҳо аҳамияти иҷтимоии Наврӯзро дар таҳкими ҳамдилии мардум ва пойдории ҷомеа нишон медиҳанд.

Ҳамин тавр, Наврӯз имрӯз аз доираи як ҷашни миллӣ фаротар рафта, ба падидаи муҳими фарҳангии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Он халқҳои гуногуни ҷаҳонро дар атрофи арзишҳои умумии инсонӣ муттаҳид намуда, ба рушди фарҳанги сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат мекунад. Ҳифз ва густариши суннатҳои Наврӯз барои тарбияи эҳтиром ба мероси таърихӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди арзишҳои инсонпарварӣ аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, ин ҷашни куҳан метавонад дар оянда низ ҳамчун василаи таҳкими дӯстӣ ва ҳамбастагии мардумони ҷаҳон хизмат намояд.

Дар ин росто, бо истифода аз ин фурсат аҳли илму зиё ва тоҷикони ҷаҳонро бо фарорасии фасли пурфайзи баҳор ва ҷашни бостонии Наврӯз, ки рамзи эҳёи табиат, навсозии зиндагӣ ва густариши арзишҳои неки инсонӣ мебошад, мо аҳли зиё ва намояндагони соҳаи маорифи кишвар тамоми мардуми куҳанбунёду фарҳангпарвари тоҷикро самимона шодбош мегӯем. Бигзор Наврӯзи хуҷаста ба ҳар хонадон файзу баракат, ба дилҳо умеду рӯшноӣ ва ба Ватани азизамон сулҳу суботи пойдор, пешрафту шукуфоӣ оварад. Наврӯз муборак! https://hauteprotocol.fr

 

Сафарзода Сафармад Саид-сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълимӣ калонсолон

Муфассал...

НАВРӮЗ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

НАВРӮЗ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ  

ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии тоҷикон Наврӯз ба ҳисоб рафта, дорои таърихи беш аз шашҳазорсола мебошад. Ҳеч як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва кӯҳантар дар таърихи фарҳанги мардуми мо нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи мо тоҷикон ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим марҳилаи зиёди пурпечутобро убур карда, то замони мо расидааст.

Чуноне, ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.

Сарчашмҳои таърихӣ агар Наврӯзро бо номи шоҳи пешдодӣ Ҷамшед тавъам донанд ва ин ҷашн дар рӯзгори шоҳаншоҳии ӯ оғоз гардида бошад, пас бо боварӣ гуфта метавонем, ки эҳёи ҷашни Наврӯз дар қарни бисту як ва ҷаҳонӣ шудани он ҳамчун ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо таваҷҷӯҳ ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашн ва дар асл миллати Наврӯз аст.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, оини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст. Ин ҷашни фархунда ба қалби хурду бузурги ҷомеа умеду орзуи зиндагӣ, хушҳоливу сурур ва руҳияи ҳамзистиву осоиш бахшида, мардумро ба дӯстиву самимият ва муҳаббату садоқати инсонӣ нисбат ба ҳамдигар ҳидоят мекунад. Маҳз ба ҳамин сабаб ин падидаи асили табиӣ ва фарҳангӣ ҳаргиз кӯҳна намегардад ва дар ҳама давру замонҳо ҳамқадаму ҳамқисмати инсоният боқӣ мемонад».

Ҷаҳонишавии ҷашни бостонии Наврӯзи оламафрӯз ва дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани он нишонаи аз тарафи халқҳои гуногуни ҷаҳон эътироф гардидани ҳақиқати ҳол мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ фармудаанд: «Имрӯз Наврӯзи аҷдодии мо на танҳо дар кишварҳои ориёӣ, балки дар сарзаминҳое низ ҷашн гирифта мешавад, ки дар замони худ аз сарчашмаи пурбаракат ва ҷовидонаи фарҳанги мо баҳравар шудаанд. Мо ҳоло хушбахтем, ки тамоми мардуми Осиёи Миёна дар рӯзи ин ҷашни фархунда ҳамдигарро ба ибораи тоҷикии «Наврӯз муборак!» табрик мекунанд. Ин нукта бори дигар тасдиқ мекунад, ки миллати мо дар тамоми таърихи худ нақши паҳнкунандаи тамаддунро бозидааст».

Воқеан, Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.

Наврӯз ҳамчун ҷашни зодрӯзи хуршеди ховарон, ки ҳамеша барои ҳамагон ва дар ҳама ҷо нуру гармӣ мебахшад, сарвати ҷумла фарзандони одам  аст.

Хусусан, дар шароити торафт мураккабу буҳронӣ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ҷашни Наврӯз метавонад ҳамчун оини сулҳу оромӣ ва ҳамкориву дӯстӣ барои мардумони олам хизмат намояд. Зеро дунёи имрӯза беш аз ҳар вақти дигар ба суботу оромӣ, рӯзгори бехушунат ва зиндагии осуда ниёз дорад.

Дар ҳақиқат ҳам Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку тоза ва сабзу хуррам нигоҳ медорад. Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёгар, пайвандгари дӯстӣ, бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштӣ ва зудояндаи занги кинаву озурдагӣ шинохта шудааст.

Наврӯз ҷашнест, ки умеди инсонро ба пирӯзии некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ қавӣ мегардонад ва одам дар ин рӯз асоси тамоми амалҳои хайрро дар миқёси табиату кайҳон тасаввур кардааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош менамояд. Дар замони соҳибистиқлолӣ Наврӯз ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ бошукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад.

Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлол шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.

Имсол низ мардуми кишвари азизамон Наврӯзи хуҷастапайро дар фазои озод, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоянд, ки ин неъмати бузург аст ва бояд аз он шукргузор бошем. Ба хотири боз ҳам афзун намудан ва таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки бунёдкориву созандагиро сармашқи зиндагии ҳаррӯзаи худ намуда, минбаъд низ бо нерӯи дучанд барои ободониву пешрафти Ватани азизамон саъю талош варзида, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфа ва дастовезҳои арзанда омода намоянд.

Наврӯзи Аҷам - Иди воқеан миллӣ ва аҷдодӣ ба хонадони ҳар яки шумо муборак ҳамдиёрони азиз!

 

НАҶМИДДИНЗОДА БАҲОДУР САИД

Корманди Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Муфассал...

НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ

НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ТАҶЛИЛИ ИДИ НАВРӮЗ

 

Наврӯз куҳантарин, бузургтарин ва маъруфтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дар баробари ҷашнҳои дигари ориёӣ таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ анъана ва расму оин монанди ҷашни Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест.

Наврӯз то имрӯз аз ҷониби тоҷикон ва дигар мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Вобаста ба таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёд зикр гаштааст, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ дар асоси онҳо мақолаҳову рисолаҳои зиёду арзишманд таълиф намудаанд.

Манбаъҳо ва сарчашмаҳо дар даврони подшоҳии Ҷамшед аз бунёди ҷашни Наврӯз иттилоъ медиҳанд. Аз гузоришҳо бармеояд, ки дар замони Дориюши бузург ва тавассути ӯ Наврӯз дар Миср роиҷ гардидааст. Аз ҷониби Куруши Кабир соли 538 қабл аз мелод Наврӯз ба расмият шинохта шуд.

Ҳафриёти бостоншиносон дар Осиёи Миёна ва хусусан маҳдудаи имрӯзаи Тоҷикистон – Саразм (ҳазораи IV-II п.м.), Тахти Сангин (асрҳои V п.м.-то ӀI м.), Карон (асрҳои VII-VI п.м.) гувоҳи онанд, ки аз ҷониби мардуми мо дар гузашта ҷашну маросимҳои миллӣ баргузор карда мешуданд. Исботи баргузорӣ дар он аст, ки аз ин мавзеъҳо ҷашнгоҳҳо бозёфт карда шуданд. Масалан, дар шаҳри қадими Карон майдони чавгонбозӣ, маъбади об, бурҷи оташ, расадхонаву устурлоб то имрӯз боқӣ мондааст, ки далели раднопазири огоҳии мардум аз илми ситорашиносӣ, тақвим ва ғайраҳо мебошад. 

Илова бар ин, бозёфтҳои зиёде низ доир ба санъати тасвирӣ дар Панҷакенти қадим, мусаввараҳои бисёррангаи рӯйи деворҳо, чӯбҳои кандакоришуда ва муҷассамаҳои аз лойу гил сохташуда, аз ҷумла деворнигораи «Базми Наврӯз» (асри VI-VII) бозгӯйи баргузор намудани ин ҷашн дар Суғд мебошанд. Деворҳои яке аз ҳуҷраҳо дар қасри ҳокимони Панҷакент (асрҳои V-VI) бо гули лола наққошӣ шудааст, ки он рамзи Наврӯз мебошад.

Вобаста ба ривоҷу равнақ ёфтани ҷашни Наврӯз ва дигар оинҳо дар замонҳои бостон осори тарҷумашуда ба забони арабӣ дар аҳди хилофати араб иттилоъ медиҳанд. Дар робита ба таҷлили ин ҷашн аз тарафи суғдиён ва хоразмиён дар осори Берунӣ иттилои фаровон мавҷуд мебошад.

Қадимтарин манбаъҳо дар бораи Наврӯзи даврони Сосониён адабиёти паҳлавӣ ва осори муаррихони асрҳои IХ-ХII мебошанд. Дар замони Сосониён мардумони қаламрави Ориёно Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Аз бозёфтҳои тозаи паҳлавӣ, “Осор-ул-боқия” ва бархе аз манобеи илмию адабӣ бармеояд, ки дар замони Сосониён рӯзи Ҳурмузди моҳи фарвардин, баробар ба 1-уми фарвардин (21 март) Наврӯзи хурд ё Наврӯзи ом ба муддати 5 рӯз ва рӯзи Хурдоди моҳи фарвардин, баробар ба 6-уми фарвардин (26 март) Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосон баргузор карда мешуд. Ҷашни Наврӯз бо оташафарӯзӣ ва иҷрои оини доду диҳиш, густардани хони ҳафтсину ҳафтшин рӯзи сездаҳуми фарвардин ба поён мерасид.

Наврӯз дар асрҳои миёна низ пойдору устувор боқӣ монда, шукӯҳу эътибори худро нигоҳ дошт. Дар Бағдод ва дигар марказҳои бузурги хилофати Аббосиён Наврӯз бошукӯҳ ҷашн гирифта мешуд. Ба ин муносибат дар адабиёти араб жанри “Найрузиёт” (“Наврӯзона”) падид омад ва шоирони номдор Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Абунувос, Ибни Муътаз, Башшор ибни Бурд, Мутанаббӣ, Ровандӣ, Туғроӣ, Буҳтурӣ, Ибни Румӣ, Ибни Таовӣ, Муҳаммади Асмор дар васфи Наврӯз ба забони арабӣ шеърҳо эҷод намудаанд.

Давлатҳои миллии тоҷикон – Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён дар эҳёи фарҳангу суннатҳои аҷдодиамон нақши калон гузоштанд. Дар замони давлатдории Сомониён, ки ба яке аз неруҳои муқтадири сиёсии минтақа табдил ёфта буд, барои эҳё ва рушду густариши забону фарҳангу суннатҳои миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда буд. Дар ин давра Наврӯз бори дигар ба мақому манзилате, ки дар замони Сосониён дошт, соҳиб гардид. Аз сурудаҳои устод Рӯдакӣ ва ашъори ҳамасрони ӯ бармеояд, ки дар аҳди Сомониён Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирифтанд.

Баргузории маросимҳои ҷашни Наврӯз дар замони ҳукмронии Ғазнавиён, Ғуриён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Темуриёни Осиёи Миёна, Аштархониён, Шайбониён ва Манғитиён дар муқоиса бо Темуриёни Ҳинд камранг ба назар мерасад. Наврӯз ҳар сол дар замони ҳукмронии Темуриёни Ҳинд бо барномаи махсус таҷлил мегардид. Хусусан, аз ҷониби Акбаршоҳи Темурӣ Наврӯз ба муддати 19 рӯз ҷашн гирифта мешуд ва дар ин муддат наврӯзгоҳ, дарбор ва кӯчаву растаҳо ҳама чароғон ва дару деворҳо бо матоъҳои рангорангу зарбофт оро дода мешуданд. Ҷашни Наврӯз дар наврӯзгоҳҳо ё оғӯши табиат – талу теппа ва боғу бӯстонҳо баргузор карда мешуд.

Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз – Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Озарбойҷон дар замони Шуравӣ ба таври расмӣ баргузор намешуд. Инчунин, дар Русия халқияту миллатҳои зиёде, аз ҷумла чеченҳо, абхазҳо, ингушҳо, осетинҳо, тоторҳо, бошқирдҳо, мардумони Доғистон, қабардинҳо, балқарҳо ва ғайра зиндагӣ мекунанд, ки ниёгони онҳо Наврӯзро аз давраҳои пеш бар асари тамосҳои амиқи фарҳангӣ бо мардуми мо ҷашн мегирифтанд. Мардумони ин минтақа ва Осиёи Марказӣ Наврӯзро дар замони Шуравӣ ҳамчун ҷашни баҳору шукуфтани табиат ва кишту кор ғайрирасмӣ таҷлил менамуданд. Дар Тоҷикистон аз соли 1978 таҷлили ҷашни Наврӯз расмият пайдо кард.

Ҷашни Наврӯз дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯшишу талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат ба ҷашни байналмилалӣ табдил дода шуд.

Шоёни зикр аст, бо кӯшишу талошҳои содиқона ва ташаббусҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҷашни Наврӯз дар конфронси Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ, дар шаҳри Абу-Дабӣ рӯзҳои 28 сентябр – 2 октябр ҳамчун мероси фарҳангию таърихӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва ин ҷаласа дар ҷаҳонӣ шудани Наврӯз замина гузошт. Рӯзи 30-уми сентябри соли 2009 Наврӯз ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд. Ин буд, ки 23 феврали соли 2010 қарори ҷаласаи 64-уми Маҷмааи умумии СММ бо рамзи А\RES\64\253 ба тасвиб расид ва тибқи он муқаррар гардид, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон рӯзи 21-уми март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” таҷлил карда шавад. Гузашта аз ин, соли 2025 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ширинии суннатии наврӯзӣ – суманак ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримодии башарият ворид карда шуд.  

Ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.

Таърихи Наврӯз – таърихи фарҳанг, таърихи оин, таърихи ахлоқ, таърихи анъана, таърихи одат, таърихи мардум буда, оинаест, ки мо дар он худро мебинем ва мешиносем.

 

АЛИЗОДА ДОВУД АЛӢ – муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35