wrapper

Паём дастурамал барои пешрафт ва рушди соҳаи илму маорифи кишвар!
Санаи 28.12.2024 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа гардид. Кулли маорифчиёни вилоят дастҷамъона Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро тавассути воситаҳои ахбори омма тамошо намуданд.
Воқеан Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат, умуман, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим дорад.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизор мешаванд, зеро хуб дарк менамоянд, ки ҳар як Паём дар худ барои шаҳрвандон башорати нек дошта, онҳоро ба ояндаи дурахшон боз ҳам наздиктар месозад.
Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят тамошои муташаккилонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии давлат тадбирҳои судманд андешида, дар ин самт ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд.
Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иқдоми хубе ба роҳ монда шудааст, ки дар заминаи дастуру супоришҳое, ки аз паёмҳои Президенти мамлакат бармеоянд, музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияҳо зиёд карда мешаванд.
Чунончӣ, қайд гардид дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 низ масъалаи баланд бардоштани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендияҳоро ба миён гузошта, ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чунин супориш доданд:
Дар Паёми имсола қайд гардид, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда мешавад, ҳамчунин маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд гардида, музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешаванд.
Мавриди ёдоварист, ки Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро амалӣ карда мешавад.
Зимни Паём роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ, муваззаф гардиданд.
Ҳамчуни гуфта шуд, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд.
Сарвари муаззами давлат қайд намуданд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд, агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.
Дар Паём қайд шуд, ки шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Дар баромади худ Сарвари муаззам дуруст қайд карданд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шавад ва ба ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон вазифагузорӣ намуданд.
Зимни Паём Сарвари давлат воқеъбинона қайд намуданд, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад, сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад, яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд.
Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.
Мудири маорифи шаҳри Хуҷанд доир ба пешниҳодҳои сарвари давлат доир ба вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт ва эълон шудани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» изҳори хушнудӣ намуданд.
Мудирони маорифи шаҳрҳои Истаравшан ва Конибодом оид ба суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил гардидан, бозтоб шудани ояндаи аз ин ҳам дурахшони кишвари азизамонро, баён доштанд.
Дар ноҳияи Спитамен санаи 28.10.2024, соати 10:00 тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Пас аз анҷоми ироаи Паём мудири маориф доир ба масъалаҳои муҳими Паём ибрози назар намуд.
Мудири маорифи ноҳияи Ашт вобаста ба 30 фоиз зиёд гардидани маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф андеша намуд.
Мудири маорифи шаҳри Гулистон доир ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ ибрози назар кард.
Дар маҷмӯъ, аҳли маорифи вилоят бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пазируфтанд.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳамсозии шароит барои рӯзгори осуда ва босаодати халқ нигаронда шудааст.
Ҳамаи кормандони соҳаи маориф тамоми нерӯи зеҳнию ақлониро барои амалисозии дастурҳои Роҳбари давлат, ки санаи 28.12.2024 зимни ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён доштанд, равона хоҳанд кард.
Сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд – Ҷаҳонгир Салимзода

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35