Дар ҷаласаи мазкур 47 масъала, аз ҷумла, натиҷаи аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ, ташхиси иҷозатномадиҳӣ ва тасдиқи қарорҳои шурои раёсату шуъбаҳои минтақавии Агентӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Дар рафти баррасии масъалаҳои зикргардида директори Агентӣ-Икром Субҳонзода ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, назорати иҷрои пурраи нақшаю барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, касбияти волои омӯзгорон, таъмини раванди таълим бо васоити таълим, чоп ва мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таъмин ва иҷрои барномаҳои давлатии қабулшуда ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод. Хусусан, таъкид гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ҷоннок карда шуда, ҷиҳати иҷрои ҳатмии қарорҳои ҳайати мушовара чораҳои дахлдор андешида шавад. Пас аз муҳокимаи масъалаҳо бо назардошти пешниҳоду тавсия ва эродҳои гирифташуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.