Дар ҷаласаи нахуст директори Агентӣ Субҳонзода Икром оид ба фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2023 баромад намуда, вазъи ҷалби омӯзгорони ботаҷриба ба муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, самти фаъолияти корҳои илмию тадқиқотӣ дар муассисаҳои олии касбӣ, мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, нақшаи қабул дар муассисаҳои таъилмӣ дар зинаи бакалавр ва магистратура, мутобиқатии муассисаҳои таълимӣ ба меъёрҳои муайянкунандаи соҳаи маориф ва илм, назорати иҷрои пурраи барномаҳои таълимӣ, бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва фаъолияти китобхонаҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва офаъолияти семоҳаи аввали соли 2023 дар раёсату шуъбаҳои Агентиро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон, вазифаҳо барои семоҳаи ояндаи соли 2023 муайян карда шуд.
Дар рафти ҷаласа намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, муовини шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муовини сардори раёсати маорифи ВМКБ дар музокираҳо баромад карда, ҳисоботи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба фаъолияти семоҳаи аввали Агентӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷом ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.