Ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар нуҳмоҳаи соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2022
- Панҷшанбе, Окт 13 2022
- Агентӣ
12.10.2022 Дар бинои Агентӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2022 баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Субҳонзода Икром, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагони шурои ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, Сармуҳаррири маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон", сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои Дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома, директори Агентӣ -Субҳонзода Икром оид ба фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳмоҳаи соли 2022 баромад намуда, вазъи норасогии омузгорон дар муассисаҳои таълимиӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, самти фаъолияти корҳои илмию тадқиқотӣ дар муассисаҳои олии касбӣ, норасогии китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаҳои гуногуни таҳсилот, нақшаи қабул дар муассисаҳои таъилмӣ дар зинаи бакалавр ва магистратура, мутобиқатии муассисаҳои таълимӣ ба меъёрҳои муайянкунандаи соҳа, назорати иҷрои пурраи барномаҳои таълимӣ, бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва фаъолияти китобхонаҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи раёсату шуъбаҳои Агентӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2022 муайян карда шуд.
Дар рафти ҷаласа Сардори раёсати назорати давлатӣ, илм, инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ, Мудири шуъбаи маниторинги сифати таҳсилот, Сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, Сармуҳаррири маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” дар музокираҳо баромад карда, ҳисоботи директори Агентиро вобаста ба фаъолияти нуҳмоҳаи Агентӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷом ҷиҳати иҷрои саривақтии ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супориш дода шуда, қарори дахлдор қабул карда шуд.
Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МОСТ»
- ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
- ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- САРФАРОЗГАРДОНИИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ
- Ҷамъбастӣ фаъолияти кории Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024