Ташрифи кормандон аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон
- Шанбе, Мар 19 2022
- Агентӣ
Санаи 16.03.2022 роҳбарият, кормандони раёсату шуъбаҳо дар остонаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии кишвар аз намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дидан намуданд.
Ҳайати намояндагони Агенти дар шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна, ки яке аз шуъбаҳои калонтарин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар он таърихи инсоният аз замони ҷомеаи ибтидоӣ то ибтидои асри ХХ бо маводи гуногуни арзишманд инъикос ёфтааст, сайри таърихӣ карданд.
Инчунин, онҳо дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин бо ёдгориҳо ва нигораҳо доир ба комёбиҳою дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои гуногун шинос шуданд.







Матлабҳои дигар аз Агентӣ
- Баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ҷаласаи хониши идоравӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ҷамъбасти фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2023
- Баррасии 29 масъала дар ҷаласаи ҳайати мушовара
- Баррасии стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия