wrapper

  15 январи соли 2021 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоот - Идизода Файзалӣ, аъзои мушовара ва ҳайати васеи кормандони агентӣ, намояндаи раиси шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ректорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, намояндагони сарраёсат ва шуъбаҳои  маорифи шаҳри Душанбе, намояндаи раиси шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, директорони Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, раиси шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, директори Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ва директори Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мушовараи ҷамъбастӣ доир гардид.

  Дар ҷаласаи ҳисоботӣ маърӯзаи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саидзода Шоҳин Нуриддин «Доир ба фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021» шунида шуд.

  Дар маърӯзаи директор самтҳои аттестатсия, аккредитатсия, иҷозатномадиҳӣ ва арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

  Инчунин, дар маърӯза қайд гардид, ки  дар давраи ҳисоботӣ тибқи банди 2 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.06.2020, №1557 аз ҷониби кормандони агентӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба 11 қонунҳои соҳавӣ, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки айни замон дар баррасии ниҳодҳои дахлдор қарор доранд.

  Хамзамон, қайд гардид, ки дар соли 2020 аз ҷониби раёсату шуъбаҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм барномаҳои аттестатсионӣ, аккредитатсионӣ, низомномаи раёсату шуъбаҳо, дастурамалҳои мансабӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ омода ва дар асоси фармоиши директори агентӣ мавриди амал қарор дода шуданд.

  Дар ҷаласаи ҳисоботӣ Сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Ҳисор ва мутахассиси пешбари раёсати Агентии назорати давлатии муассисаҳои томактабӣ, умумӣ ва иловагии Агентӣ ба музокира баромада, фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

  Дар натиҷа ҷаласаи мушовара маърӯзаи директори агентиро  «Доир ба фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021» қаноатбахш ҳисобида, нисбати тақсимоти вазифаҳо барои соли 2021 қарори дахлдор қабул намуд, ки дар он ҳайати мушовара ва кормандони агентӣ  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин, дигар супоришҳои дахлдор барои соли 2021 вазифадор карда шуданд.

Матни шарҳи шумо…

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35