wrapper

Агентӣ

Агентӣ

Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастурамали мансабии

мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

1.Номи мансаб – мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2.Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.

3.Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мутахассиси пешбар) аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

4.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сардори раёсат) тобеъ ва  ҳисоботдиҳанда мебошад.

5.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбар иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси раёсат вогузор карда мешаванд.

6.Мутахассиси пешбар бо роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд –Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм), сохторҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва муассисаҳои таълимӣ дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

                                 

 

                                   2.Талаботи тахассусӣ

 

7.Барои мансаби мутахассиси пешбар талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

 -одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари раёсатро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

 

3.Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбар

 

8.Мутахассиси пешбар дар давраи муваққатан набудани сармутахассис уҳдадориҳои мансабии онро иҷро менамояд.

9.Нақшаи кории худро таҳия ва барои тасдиқ ба сардори раёсат пешниҳод, ба нақшаҳои кори раёсат ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таклифу пешниҳодҳо менамояд.

10.Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба самтҳои фаъолияти раёсат баррасӣ ва натиҷаи онро ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.

11.Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия ва пешниҳод, лоиҳаҳои тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаашро пешниҳод менамояд.

12.Дар санҷиши фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм тибқи тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ё бекор кардани қарорҳои муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ки бар хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм қабул карда шудаанд, санад (гузориш) пешниҳод менамояд.

13.Иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсияро риоя намуда, дар ҳолати ошкор гардидани амалҳои коррупсионӣ ба сардори раёсат ва ё директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм тариқи хаттӣ гузориш пешниҳод менамояд.

14.Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, мақомоти давлатии дахлдор (дар мувофиқа ва бо тартиби муқарраргардида) иштирок ва уҳдадориҳои супоридашударо иҷро менамояд.

15.Оид ба фаъолияти худ, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба сардори раёсат (семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона) ҳисобот пешниҳод  менамояд.

16.Дар тарғиби соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад.

17.Тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои сардори раёсат ва директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба иҷрокунандагон ва шахсони масъул, назорати иҷрои онҳоро таъмин менамояд.

18.Иҷрои консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатиро оиди фаъолияти раёсат дар доираи самтҳои фаъолияти худ таъмин менамояд.

19.Дар таҳияи лоиҳаи дастурамали мансабиии худ иштирок намуда лоиҳаро ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.

20.Дар рафти гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузориии маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иштирок менамояд ва ё тибқи талабот комиссияро роҳбарӣ менамояд.

21.Арзёбии рейтинги муассисаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро холисона ҷамбаст намуда, ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.

22.Тартиби коркард, истифода, нигоҳдории маводи таълимӣ-илмӣ ва шароити ҷобаҷогузории он дар портали шабакаҳои иттилоотии интернетии муассисаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро назорат менамояд.

23.Дар раванди гузаронидани аттестатсия ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иштирок намуда санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ ва пурсишҳои шифоҳӣ мегирад.

24.Дигар уҳдадориҳои вобаста ба фаъолияти раёсат, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд иҷро менамояд.

25.Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба мақомотҳои ваколатдор хабар дода, бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.

26.Ҳангоми набудани сармутахассиси раёсат вобаста ба дастурҳои Сарвазири мамлакат ва муовинони он, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи лозимаро омода намуда, барои аз назар гузаронидан ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.

27.Ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколҳои ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти набудани сармутахассиси раёсат масъул мебошад.

28.Дигар дастурҳои сардори раёсат ва роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро иҷро менамояд. 

 

                           4.Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбар

 

  1. Мутахассиси пешбар ҳуқуқҳои зерин дорад:

-дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

-самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил ва оид ба такмили фаъолияти раёсат, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таклиф пешниҳод намояд; 

-маводҳои дар ихтиёри раёсат ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм қарордоштаро омӯзад;

-аз маълумоти дар ихтиёри мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ  қарордошта тибқи тартиби муқарраргардида истифода намояд;

-иҷрои масъалаҳои таҳти назорати раёсат қарордоштаро бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва/ё шахсони мансабдор дархост намояд;

-аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ ва илмии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;

-дар баррасии дастурҳои Сарвазири мамлакат ва муовинони он, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти раёсат алоқаманд мебошанд, иштирок менамояд;

-ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз Протоколҳои ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сардори раёсат ва дигар зерсохторҳои мактубҳои ирсолиро талаб намояд;

-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.

30.Мутахассиси пешбар дар ҳуҷҷатҳо, санадҳо, лоиҳаҳои фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои баррасӣ ба сардори раёсат ва роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм пешниҳод карда мешаванд, ҳуқуқи имзо карданро доро мебошад.

31.Мутахассиси пешбар дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

  1. Масъулияти мутахассиси пешбар

 

  1. Мутахассиси пешбар дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

-барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;

-барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият -барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

-барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

-барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

-барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

-барои сари вақт иҷро кардани дастурҳои Сарвазири мамлакат ва муовинони он, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз Протоколҳои ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

33.Мутахассиси пешбар барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.

 

                                  

  1. Муқаррароти хотимавӣ

 

  1. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ бо гирифтани имзо баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ ба мутахассис супорида мешавад.
  2. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбар мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

 

 

 

 

 

Муфассал...

Саволҳои озмуни ишғоли мансабҳои холи маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо фармоиши директориАгентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «11» апрели соли 2022, №204 тасдиқ шудааст.

 

Саволҳои

озмуни ишғоли мансабҳои холи маъмурии хизмати давлатӣ дар

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
  2. Мафҳуми маорифро шарҳ диҳед.
  3. Ҳуқуқи шахс ба таҳсил дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст?
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро шарҳ диҳед.
  5. Дар бораи Консепсияи миллии тарбия ва Консепсияи миллии маълумот диҳед.
  6. Дар бораи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳарф занед.
  7. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» маълумот диҳед.
  8. Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед.
  9. Кодекси одоби хизматчии давлатӣ кай тасдиқ шудааст?
  10. Кадом асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро медонед ва ё мутолиа кардаед.
  11. Дар бораи ташкил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳад.
  12. Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
  13. Парчам, нишон ва суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кадом мақомот кай қабул шудааст?
  14. Қаҳрамонҳои Тоҷикистонро номбар кунед.
  15. Масоҳати таълимӣ барои як хонанда дар зинаҳои таҳсилоти умумӣ чи қадар муқаррар карда шудааст?
  16. Мувофиқи меъёр бояд ба чанд нафар хонанда як компютер рост ояд?
  17. Сохтори системаи маорифро номбар кунед.
  18. Муассисаҳои таълимӣ дар кадом асос фаъолият карда метавонанд?
  19. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф кадомҳоянд?
  20. Уҳдадориҳои хизматчии давлатиро номбар кунед?
  21. Барои қатъ шудани хизмати давлатӣ кадом асосҳо мавҷуданд?
  22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони тоҷикӣ» кай қабул шудааст?
  23. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай шуда гузашт ва аҳамияти он дар чист?
  24. Стандарти давлатии таҳсилотро шарҳ диҳед.
  25. Иқтисодиёти маориф аз куҷо сарчашма мегирад?
  26. Таҳсилоти махсусро чӣ хел мефаҳмед.
  27. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандае, ки зинаи таҳсилоти олии касбиро ба танзим медароранд, кадомҳоянд?
  28. Сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро номбар кунед?
  29. Низоми кредитии таълимро маънидод кунед.
  30. Мафҳуми озодиҳои академиро фаҳмонед.
  31. Зинаҳои таҳсилоти олии касбии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда кадомҳоянд?
  32. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбиро маънидод кунед?
  33. Таълими фосилавиро шарҳ диҳед.
  34. Ҳуқуқҳои шахс ҳамчун хизматчии давлатӣ аз чӣ иборат аст?
  35. Дар кадом ҳолатҳо гузаронидани инвентаризатсия ҳатмист?
  36. Мақсади асосии гузаронидани инветаризатсия аз чӣ иборат аст?
  37. Дар кадом боби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оид ба масалаҳои муҳосибӣ гуфта шудааст?
  38. Намудҳо ва вакти истироҳатро шарҳ диҳед.
  39. Шартномаҳои меҳнатӣ ба кадом муҳлат баста мешаванд?
  40. Вақти кории хафтаина тибқи муқаррарот чанд рўз муайян шудааст?
  41. Таркиби ҳисоботи солонаи мактаб аз чӣ иборат аст?
  42. Сохтори низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом сатҳҳо иборат аст?
  43. Муассисаҳои таълимӣ аз кадом сарчашмаҳо маблағгузорӣ мешаванд?
  44. Андозаи музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро кӣ муайян мекунад?
  45. Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул гардидааст?
  46. Дар бораи Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед?
  47. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ кай қабул шудааст?
  48. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» кай қабул гардидааст ва аз чанд боб ва чанд мода иборат аст?
  49. Низомномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва таҳти кадом рақам тасдиқ шудааст?
  50. Оинномаи муассиса кадом масъалаҳоро дар бар мегирад?
  51. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ кай қабул шудааст?
  52. Вазифаҳои таҳсилоти томактабӣ номбар кунед?
  53. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом намудҳои муассисаҳои томактабӣ фаъолият мекунад?
  54. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таҳсилоти иловагӣ кай қабул шудааст ва аз чанд боб, модда иборат мебошад?
  55. Адабиёти таълимӣ, барномаи таълимӣ ва китоби дарсӣ чист?
  56. Муассисаи таълимӣ чист ва дар кадом ҳолат махсус маҳсуб меёбад?
  57. Тарбия чист?
  58. Таълим чист?
  59. Тарбиягиранда кист?
  60. Шурои методӣ ва иттиҳодияи методӣ чист ва кадом салоҳиятҳоро дорост?
  61. Аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ гуфта, чиро мефаҳмед.
  62. Аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ гуфта, чиро мефаҳмед?
  63. Ташхиси иҷозатдиҳӣ кадом вақт гузаронида мешавад?
  64. Фарқияти сифати таҳсилот ва сифати таълимро маънидод кунед?
  65. Масъалаи идоракунии сифати таҳсилот дар кадом боб ва моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оварда шудааст?
  66. Зери мафҳуми баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият чиро мефаҳмед ва амали кардани он чиро дар бар мегирад?
  67. Ба фаъолияти омӯзгори ки машғул шуда метавонад?
  68. Атттестатсияи давлатии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси кадом санадҳои меъёри ҳуқуқӣ гузаронида мешавад?
  69. Муҳлатҳои гузаронидани аттестасияи давлатиро номбар кунед, ва ҳолатҳои баҳодиҳӣ ба натиҷаи онро шарҳ диҳед.
  70. Зимни ҷамъбасти натиҷаи аттестатсияи давлатӣ кадом паҳлуҳои фаъолияти муассиса бештар афзалият доранд, ва натиҷаи баҳодиҳии мусбии онҳо ҳалкунанда маҳсуб меёбад?
  71. Аттестатсияи кормандони соҳаи омўзгорӣ дар кадом асос гузаронида мешавад?
  72. Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай тасдиқ шудааст ва ба ду гуруҳ ҷудо кардани синфро аз фанҳои алоҳида дар кадом маврид иҷозат медиҳад?
  73. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» кай қабул шудааст ва муҳтавои он аз чӣ иборат аст?
  74. Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
  75. Тибқи Низомнома Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ваколатҳоро дорад?
  76. Вазифаҳои хизматии муовини директор ва кормандони Агентиро кӣ муайян менамояд?
  77. Озмун чӣ гуна чорабинӣ аст, ба кадом хотир ва дар кадом асос гузаронида мешавад?
  78. Оё хизматчии давлатӣ ҳуқуқи ба соҳибкори машғул шуданро дорад?
  79. Кадом намуди ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро медонед, ки ба коррупсия алоқаманданд?
  80. Кадом конвенсияҳои байналхалқиро медонед, ки соҳаи маорифро ба танзим медарорад?
  81. Ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҷзияи он чӣ гуна амалӣ мегардад?
  82. Ҷавобгарии интизомии хизматчии давлатӣ?
  83. Уҳдадориҳои падару модар дар таълими фарзанд, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак» пешбинӣ шудаанд кадомҳоянд?
  84. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ» маълумот диҳед.
  85. Намудҳои муроҷиатҳои шаҳрвандонро номбар кунед?
  86. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар низоми иҷозатдиҳӣ» маълумот диҳед.
  87. Принсипҳои асосии иҷозатдиҳиро шарҳ диҳед.
  88. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон оид ба иҷозатдиҳӣ кадом салоҳиятҳоро дорост?
  89. Салоҳияти мақомоти иҷозатномадиҳандаро номбар намоед?
  90. Амали иҷозатнома чист?
  91. Оид ба муҳлати амали иҷозатнома маълумот диҳед.
  92. Ҳуҷҷате, ки мавҷуд будани иҷозатнома ва қарори додани онро тасдиқ мекунад номбар намоед?
  93. Боздоштани иҷозатнома ва бекор кардани амали иҷозатномаро шарҳ диҳед.
  94. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор кай қабул гардидааст?
  95. Барномаҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ (дар ҳамаи зинаҳо) кай тасдиқ карда шудааст?
  96. Барномаҳои санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ?
  97. Мафҳуми сифати таҳсилотро шарҳ диҳед.
  98. Меъёрҳои баҳодиҳӣ ба дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагон аз тарафи кӣ таҳия карда мешавад?
  99. Гурўҳ, бахш ва шуъбаҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ дар асоси чӣ фаъолият менамоянд?
  100. Маҳоратии касбии омўзгорон бо кадом роҳҳо баланд бардошта мешаванд?
  101. Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи табдил додани Хадамоти давлатии назорат дар соҳи маориф ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва таҳти кадом рақам ба тасвиб расидааст?
  102. Ҳолатҳое, ки ба хизмати давлатӣ қабул шудани шаҳрвандро истисно мекунад, шарҳ диҳед.
  103. Дар бораи низоми хизмати давлатӣ маълумот диҳед.
  104. Принсипҳои асосии химатӣ давлатиро номбар кунед.
  105. Дар бораи кафолатҳои иҷтимоии хизматчии давлатӣ маълумот диҳед.
  106. Ҳолати саркашӣ намудани шаҳрванд аз талаботи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро шарҳ диҳед.
  107. Дар бораи мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ маълумот диҳед.
  108. Фарқияти байни мафҳумҳои ҳуқуқ, ўҳдадорӣ ва масъулиятро шарҳ диҳед.
  109. Мақоми давлатиро шарҳ диҳед.
  110. Мафҳуми калимаи салоҳиятро шарҳ диҳед.
  111. Мақомоти марказӣ чигуна салоҳият дорад?
  112. Ибораи «Эътироф ва баробарарзишӣ»-ро бо забони русӣ гуед?
  113. Дар бораи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» маълумот диҳед?
  114. Мафҳуми калимаи радбандиро шарҳ диҳед.
  115. Идоракунии молиявӣ чист?
  116. Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро кадом шакли моликият ташкил медиҳад?
  117. Дар бораи салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
  118. Дар бораи сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
  119. Аъзои Ҳукуматро номбар кунед?
  120. Зинаҳои таҳсилотро номбар кунед?
  121. Раиси Маҷлиси Милли кист?
  122. Раиси Маҷлиси Намояндагон кист?
  123. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кист?
  124. Кумитаҳои давлатиро номбар кунед?
  125. Дар бораи сиёсати дарҳои кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
  126. Самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ки муайян мекунад?
  127. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кадом мақомот татбиқ мекунад?
  128. Рутбаҳои тахассусии хизмати давлатиро номбар кунед?
  129. Ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандонро шарҳ диҳед.
  130. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаънояндро бо забони русӣ гуед?
  131. Фарқият байни ҳарфи А ва Б дар чист?
  132. Феҳристи мансабҳои хизмати давлатӣ дар асоси кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ карда шудааст?
  133. Мафҳуми калимаи архивро шарҳ диҳед.
  134. Бойгониро кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим менамояд?
  135. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро кадом мақомот татбиқ менамояд?
  136. Моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
  137. Дар бораи низоми идоракунии хизмати давлатӣ маълумот диҳед.
  138. Ҳуқуқи озодонаи шахс ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст?
  139. Мафҳуми калимаҳои мустақилият ва истиқлолиятро шарҳ диҳед.
  140. Дар бораи феҳристи мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ маълумот диҳед.
  141. Дастгоҳи давлатӣ чист.
  142. Муқаддимаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
  143. Дар бораи сохти идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
  144. Дар бораи иттиҳодияҳои диннӣ маълумот диҳед.
  145. Барои чӣ сархатиб аз буҷети давлат музди меҳант мегирад?
  146. Тағйирёбии ҳудуди марз дар асоси кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад?
  147. Ҳифзи ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед, ки мансубияти динӣ доранд?
  148. Мафҳуми мансаби давлатиро шарҳ диҳед.
  149. Дар бораи мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ маълумот диҳед.
  150. Дар бораи феҳристи мансабҳои хизмати давлатӣ маълумот диҳед.
  151. Барои заноне, ки дар озмуни мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бори аввал иштирок мекунанд, кадом имтиёзҳо муқаррар карда шудааст?
  152. Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо забони русӣ гуед?
  153. Дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» чӣ гуфта шудааст?
  154. Мафҳумҳои дастгоҳи марказиро шарҳ диҳед.
  155. Баъди хатми кадом муассисаи таълимӣ шахс соҳиби таҳсилоти миёнаи касбӣ мегардад?
  156. Ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ дарҷ гардидааст?
  157. Мафҳуми калимаи назоратро шарҳ диҳед.
  158. Дар бораи Асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
  159. Дар бораи рейтинги муассисаҳои таълимӣ маълумот диҳед?
  160. Кадом нишондодҳо дар тавсифномаи хизматчии давлатӣ дарҷ мегардад?
  161. Кӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад?
  162. Хизматчии давлатӣ кист?
  163. Мутахассис кист?
  164. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна фонд аст?
  165. Ба фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом ҳисоб маблағҳо ворид мегарданд?
  166. Шарикони байналмилалии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед?
  167. Чанд навъи раводид вуҷуд дорад?
  168. Шаклҳои идоракуни вобаста ба иқтисодиёт кадомҳоянд?
  169. Хизмати давлатӣ аз хизматчии давлатӣ чи фарқ дорад?
  170. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд кишвари рўи олам намояндагии дипломатии худро дорад?
  171. Дар кадом моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оид ба сатҳу сифати таълим дарҷ гардидааст?
  172. Мафҳуми мониторинг ҷист?
  173. Маҷмуи меъёрҳо, принсипҳои одоби хизмати давлатиро шарҳ диҳед
  174. Мафҳуми калимаи илмро шарҳ диҳед?
  175. Принсипҳои аттестатсияро номбар кунед
  176. Дар бораи фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот диҳед?
  177. Мафҳуми калимаи маорифро шарҳ диҳед.
  178. Калимаи Агентии назорат дар соҳаи маъориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба забони русӣ ва англисӣ гуйед?
  179. Принсипҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчии давлатиро шарҳ диҳед.
  180. Мафҳуми калимаи инноватсия чист?
  181. Доир ба пайдарҳамии нақшаву барномаҳои таълимӣ ҳарф занед.
  182. Ихтисоси ҳамгиро чист?
  183. Уҳдадориҳои иловагии хизматчии давлатиро шарҳ диҳед.
  184. Дар кадом моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оид ба ҳуқуқ ва уҳдадориҳои омўзгор дарҷ гардидааст?
  185. Мафҳумҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»-ро номбар кунед?
  186. Ҳифзи ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кунед, ки мансубияти динӣ доранд?
  187. Мафҳуми мансаби давлатиро шарҳ диҳед?
  188. Дар бораи мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ маълумот диҳед?
  189. Номинатсияҳои озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро номбар кунед?
  190. Моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо забони русӣ гуед?
  191. Дар бораи имтиёзҳои муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед?
  192. Дар бораи категорияи сиёсӣ маълумот диҳед?
  193. Мафҳуми таърих аз тамаддун чӣ фарқият дорад?
  194. Доир ба пайдарҳамии нақшаву барномаҳои таълимӣ ҳарф занед?
  195. Стандарти давлатии таҳсилот аз ҷониби кӣ тасдиқ мегардад?
  196. Принсипҳои одоби хизматчии давлатиро номбар кунед?
  197. Мафҳуми «Давлатӣ иҷтимоӣ» тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад?
  198. Мафҳуми «Давлатӣ ягона» тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шавад?
  199. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо) доир ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм номбар карда шаванд?
  200. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалии вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, номбар карда шаванд?
  201. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бораи мубориза ба зидди терроризм» маълумот пешниҳод карда шавад?
  202. Мафуми «Терроризм» ва «Амали террористи» шарҳ дода шаванд?
  203. Субектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд?
  204. Субектҳои дар мубориза бар зидди терроризм иштирокунанда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд?
  205. Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 маълумот пешниҳод карда шавад?
  206. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстримизм» маълумот пешниҳод карда шавад?
  207. Мафуми «Экстремизм» ва «Сепартизм» шарҳ дода шаванд?
  208. Субектҳои ба экстремизм бевосита муқовиматкунанда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд?
  209. Субектҳои дар муқовимат ба экстремизм иштирокунанда номбар карда шуда, доираи ваколатҳои онҳо дар ин самт шарҳ дода шаванд?
  210. Дар бораи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм маълумот пешниҳод карда шавад?
  211. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» маълумот пешниҳод карда шаванд?
  212. Дар бораи шаклҳоиа иттиҳодияҳои динӣ ва вазъи ҳуқууқии онҳо маълумот пешниҳод карда шаванд?
  213. Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин маълумот пешниҳод карда шаванд?

 

 

 

Муфассал...

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд

Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатии холии зерин озмун эълон менамояд:

 

Дастгоҳи марказӣ  

1.Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;

2.Мутахассиси пешбари бахши муносибатҳои байналмилалӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1890,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

1.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1398,10 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд

        1.Сардори раёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 4002,35 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;

        2.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;

        3.Мутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Хатлон

1.Мутахассиси пешбар – 4 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ;

2.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1345,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

1.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1635,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Шуъбаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар минтақаи Рашт

1.Сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1809,60 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

1.Мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1484,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2.Мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1218 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи ҷадвали ягонаи тарифӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сардори раёсат:

–таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– 8 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 7 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол обиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм;

– донишҳои касбӣ, қобилият ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

 

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

 

Талаботи тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

 

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

Талаботи тахассуси барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:

 

– таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

– донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

– одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва ҳамкорон;

– малакаи хуби муошират;

– малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ.

 

Барои иштирок дар озмун

ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

 

– ариза ба унвони роҳбари мақомот;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ, шакли 038УЕ;

– нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

– маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкӣ;

– маълумотнома оид ба доғи судӣ;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

– нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (СИН);

–нусхаи маълумотнома дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

– 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4;

– маълумотнома (справка-объективка) бо акси ранга.

 

 

Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо

 

Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Садриддин Айнӣ 126, шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ (Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, ошёнаи 3), телефон 225-83-28, 225-83-32.

Муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо баъд аз 21 рӯзи нашри озмун дар бораи гузаронидани озмун.

Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35