Агентӣ
- Шанбе, 21 Март 2026
НАВРӮЗ- ҶАШНИ МАВЛУДИ ОФТОБ
НАВРӮЗ- ҶАШНИ МАВЛУДИ ОФТОБ

«Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт ва оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур ба мо омада расидааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Наврӯзро рӯзи таваллуди Офтоб ҳам мегӯянд. Оғози соли хуршедӣ, ибтидои баҳор, аз бурҷи Ҳут ба Ҳамал гузаштани Замин ҳама ба ҳамин рӯз рост меоянд. Ин рӯз ибтидои зиндагии ҷадид ба шумор меравад, аз ҳамин хотир онро Наврӯз, яъне рӯзи нав мехонанд. Баробари шуруъи соли нави тақвимӣ дар зиндагии ҳар сокини сайёра саҳифаи нав боз мегардад. Ниёгони мо бар он бовар доштанд, ки Наврӯз пешонии сол аст, яъне қисмати яксолаи ҳаёти мо ҳамин рӯз муқаррар мегардад. Аз ҳамин хотир кӯшиш мекарданд, ки дар ин рӯз хурсандӣ кунанду, ҳамдигарро бубахшанд. Кинаву адоватро аз дилашон берун созанду бадиҳоро фаромӯш намоянд.
Хони Наврӯзӣ ба тавре бояд ороста шавад, ки суннатҳои гузаштагони соҳибтамаддунамон дар он инъикос ёфта тавонад. Дастархони Наврӯзиро «ҳафтсин»-у «ҳафтшин» зеб мебахшад. Ҳама унсурҳои дар он ҷойдошта рамзи махсуси худро доранд. Бар замми ин суманак, ки яке аз рамзҳои асосии хони Наврӯз ба шумор меравад, бо таъми лазизу бӯйи хушаш машҳур гардидааст. Ҳамчунин, дар он хӯрокҳои миллӣ аз қабили далдаву қурутоб, оши буридаву оши палав гузошта мешавад, ки фоли неке барои соли дар пеш истода шуморида мешавад. Дигар анвои пӯхтупазу шираворӣ аз кадбонувони моҳири мо вобаста аст. Мардуми мо оғози соли навро бо рақсу суруд, туҳфа додани ҳамдигар, ташкил кардани бозиҳои миллии варзишӣ аз қабили гӯштин, бузкашӣ, бандкашак ва дигар бозиҳо пешвоз мегиранд. Хурсандии хурду калон ҳадду канор надорад. Садои карнайу сурнай, таблаку доира, кафкӯбии ҳалқаи занону духтарон дар базмгоҳ ҳаловати хосае дорад.
Дар арафаи Наврӯз такондани гилему палоси хона, офтоб додани курпаву курпачаву болиш, тоза намудани ҳавлӣ, кор кардани ҷӯйҳо расми деринаи мост. Ҳатто, бароварда партофтани ҷиҳозу ашёи куҳнаву шикаста, сӯхтаву фарсуда аз оғози саҳифаи нави зиндагӣ гувоҳӣ медиҳад. мардум бар он ақида бовар доранд, ки агар кас Наврӯзро бо руҳи болидаву хотири шод пешвоз гирад, то охири сол хурраму хушнуд хоҳад монд.
Имрӯзҳо ба кӯча мебарояму дилам рабрези фараҳ мегардад. Ҳаво гарму форам, нафаси баҳор ҳис мешавад. Толибагони мактабу донишҷӯдухтарон бо куртаҳои адрасу атлас, чакану гулдӯзӣ бо тоқиҳои зебову шинам ва кокулони майдабофӣ шӯхикунону гапзанон роҳ мераванд. Онон ба мисли гулҳоеанд, ки аз омадани Наврӯзу баҳор муждагонӣ медиҳанд. Ҳама дар тараддуди ҷашни бузурги аҷдодиамон Наврӯз. Ҳама ҷо сухан аз Наврӯзу баҳор меравад, охир ин яке аз идҳои бузурги миллист. Мо, ҳамчун меросдорони ниёгони тамаддунофари хеш вазифадорем. ки ин ҷашнро дар сатҳи баланд гузаронда, бо эҳтироми хоса онро ба наслҳои ояндаамон интиқол бидиҳем. Ҳар як суннати онро, ки саропо фалсафаи ҳастӣ дар онҳо инъикос гардидаанд, маҳфуз дошта тавонем.
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба Ҷашни Ҷаҳонӣ табдил ёфт. Тамоми давлатҳои ҳавзаи Наврӯз озодона ин иди бостониро ба шукуҳи шаҳомат истиқбол мегиранд.
Ба саросари Тоҷикистони азиз ва ба ҳар як хонадон тоҷик Наврӯзи оламафрӯз бо қадамҳои пурбаракаташ файзу баракат орад. Наврӯзатон муборак, ҳамдиёрони азиз.
Раҳимова Суман - сармутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Муфассал...- Шанбе, 21 Март 2026
Наврӯз ҷавонии ҷаҳон аст!
Наврӯз ҷавонии ҷаҳон аст!

Наврӯз на танҳо оғози сол, балки яке аз қадимтарин ва бошукӯҳтарин ҷашнҳои ҷаҳон аст, ки таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ин ҷашн рамзи эҳёи табиат, пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва гармӣ бар сардӣ, хубӣ бар бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ ва накӯӣ бар зиштӣ мебошад. Наврӯз ҷашни баҳор, такопӯи ҳаёт, зоишу рӯиши дубораи табиат ва ҷашни офариниши Оламу Одам аст. Бо чунин фазилатҳояш ҷашни фархундаи Наврӯз дар тамоми анъана ва суннатҳои гузаштаи мардуми форсизабон, аз ҷумла, тоҷикон, азизу мукаррамтарин ва беназиртарин русуми миллӣ маҳсуб мешавад. Азамату густардагӣ ва пойдории ин иди ниёгон пеш аз ҳама дар фалсафа ва асотири он вобастагӣ дорад. Дигар аз вижагии бемонанди ҷашни Наврӯз дар он аст, ки он ба ҳеҷ дину оину мазҳабе иртибот надорад. Наврӯз ҷашнест, ки ба инсон, ба хирад, ба табиат ва кайҳон ва рамзу рози он иртибот ва пайвастагии комил дорад. Тибқи ривоятҳои сабтшуда дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, Наврӯзро шоҳ Ҷамшед асос гузоштааст. Замоне, ки ӯ бар тахти заррин нишаст ва нури хуршед ба тоҷи ӯ тобид, ҷаҳон мунаввар шуд ва он рӯзро “Рӯзи нав” номиданд:
Ба фарри каёнӣ яке тахт сохт,
Чӣ моя бад-ӯ гавҳар андар нашнохт,
Ки чун хостӣ дев бардоштӣ,
Зи ҳомун гардун барафроштӣ.
Чу хуршеди тобон миёни ҳаво
Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво.
Ҷаҳон анҷуман шуд бари тахти ӯй,
Фурӯ монда аз фарраҳӣ бахти ӯй.
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро Рӯзи Нав хонданд.
Сари соли нав Ҳурмузи Фарвадин
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин рӯзи фаррух аз он рӯзгор
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Вале пеш аз ин дар мавриди ҷашнҳои гузаштагон бо номи Фарвардагон – ҷашни баҳорӣ дар Авесто омадааст, ки агарчи бо номи Наврӯз сабт нашудааст, боз ҳам ишорат ба таҷлил аз оғози фасли баҳор ва фарвардин –моҳи нахустини сол дорад. Фарвардгонро ҷашне қайд кардаанд, ки дар даҳ рӯз аз бисту панҷуми моҳи исфанд бо шумули панҷ рӯзи андаргоҳ (кабисаи сол) то саршавии моҳи фарвардин давом доштааст. Дар рисолаи дигари паҳлавӣ бо номи “Моҳи фарвардин, рӯзи хурдод” омадааст, ки дар шашуми моҳи фарвардин, ки хурдод ном дорад, Ҳурмузд ҷони ҷаҳонро офаридааст, бино бар ин дар назди эрониён азизу гиромӣ аст ин рӯз. Нахустин бор вожаи Наврӯз дар “Бундаҳишн” ном асари забони паҳлавӣ сухан рафтааст. Он ҷой, ки дар мавриди рӯзи шашуми фарвардин, ки хурдодрӯз аст, дар матнҳои асрҳои баъд бо номи “Наврӯзи бузург” хонда шудааст ва онро бо пӯшидани либосҳои нав, хушбӯйӣ истифода кардан истиқбол мекарданд, чунин навишта шудааст: “Чунин гӯяд, ки ҳамаи некӣ чун аз абаргарон ба гетӣ ояд, он ба Хурдодрӯз, ки Наврӯз аст, ояд”. Пайдост, ки агар он рӯз ба тан ҷомаи неку бидоранду бӯйи хуш бӯянду мурвои (фоли, шугуни) нек кунанду дар нишастан аз ҷойи риман (нопок), аз мардуми бад дур буванду обҳоро баҳр кунанд ва ситоиши гоҳҳои рӯзро, ки онро Айаранаму Аснайа номанд, анҷом диҳанд, он сол некуӣ ба эшон беш расад ва бадиро аз эшон дур созад”
Аз нигоҳи илмӣ, Наврӯз ба лаҳзае рост меояд, ки шабу рӯз баробар мешаванд. Ин нишонаи тавозун ва назми коинот аст. Суннатҳои таърихии “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин”, ки дар арафи ин ҷашн дар ҳар хонадон ороста мешавад, аз тамаввул ва баракату фаровонии нозу неъмат ва меҳмондории миллти мо гувоҳӣ медиҳад. Дастурхони наврӯзӣ бо рамзҳои хос оро дода мешавад, ки ҳар кадоме маънои амиқ дорад: суманак рамзи сабзиш, баракат ва қувват; себ рамзи зебоӣ ва саломатӣ; сир рамзи пизишкӣ ва дур кардани бемориҳо; санҷид рамзи ишқ ва меҳрубонӣ; сирко рамзи сабр ва ҷовидонӣ; сабза рамзи хуррамию сарсабзии табиат; сипанд рамзи дурӣ аз балову офатҳо. Барои ҳафтшин ин байтҳо маъруф аст:
Ҷашни Наврӯз аз замони Каён,
Мениҳоданд мардуми Эрон:
Шаҳду ширу шаробу шаккари ноб,
Шамъу шамшоду шоя андар хон.
Таъйин ё муайян кардани рӯзи фаро расидани соли нав – Наврӯз дар миёни мардуми тоҷик анъанаҳои зиёд дорад, ки муҳимтарини онҳо чунин мебошанд:
- Аз рӯйи ба бурҷи Барра ворид шудани Офтоб (солшумории хуршедӣ);
- Тақвими “Офтоб дар мард” (расидани Офтоб ба нишонаи “дил”);
- Аз рӯйи дар ҷойи муайян пайдо шудани ситораҳо;
- Аз рӯйи нишонаҳои табиӣ: қулла, санг ё шах расидани офтоб;
- Аз рӯйи сафари парандаҳо: турнаҳо, лаклакҳо ва ғайра.
Наврӯз дар бовари мардум паёмовари сулҳ ва ваҳдат, умеду орзу, хушбахтӣ ва осудаҳолӣ буда, яке аз бузургтарин ҷанбаҳои маънавии ҷашни Наврӯз ин бахшидан аст. Мутобиқи анъана одамон кинаҳоро аз дил дур мекунанд, ба аёдати калонсолон ва беморон мераванд.
Хонаву дари худро тоза мекунанд (хонатаконӣ аз суннати қадими ин ҷашн аст, ки то имрӯз дар миёни тоҷикон роиҷ аст), ки ин рамзи поксозии руҳ аз олудагии бадиҳост. Эътирофи ҷаҳонӣ ва азамати Наврӯз дар асри XXI аз марзҳои кишварҳои форсизабон берун рафт. Ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО соли 2009 Наврӯзро ба рӯйхати Мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил намуд. Соли 2010 Маҷмаи Умумии СММ 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.
Чаро Наврӯз барои мо муҳим аст? Наврӯз ягона ҷашнест, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо ва ҳуҷуми аҷнабиён (македониҳо, арабҳо, муғулҳо) аз байн нарафт, баръакс, онҳое, ки омаданд, ба ин фарҳанги боазамат, ба шукӯҳу ҷалоли он гирифтор мешуданд, онро ба мисли оинҳои худашон мепазируфтанд. Ин пеш аз ҳама нишони тафаккури илмӣ, ҷаҳоншиносӣ, пайвастагии доимӣ бо табиат ва ҳаётдӯстӣ ва намоди сатҳи маънавии миллати мост.
Ҳамаи инро ба назар гирифта Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар дар шаҳри Душанбе таъсис намудани Маркази байналмилалии Наврӯзро эълом доштанд, ки ин иқдом аз арҷ гузоштан ба ҷашни бузурги миллӣ ва мардумии мо аз тарафи чунин шахсияти бузург мебошад.
Хушвахтзода Дилшод – сардори раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Муфассал...- Шанбе, 21 Март 2026
Наврӯз: Набзи таърих ва паёми эҳёи ҷовидон
Наврӯз: Набзи таърих ва паёми эҳёи ҷовидон

Наврӯз — ин танҳо оғози солшумории хуршедӣ нест. Ин падидаи нодири фарҳангиест, ки аз умқи ҳазорсолаҳо гузашта, то ба имрӯз асолати худро гум накардааст. Он ҷашнест, ки бо табиат тавъам буда, қонунҳои кайҳониро бо зиндагии воқеии инсон пайванд медиҳад. Вақте ки шабу рӯз баробар мешавад ва офтоб ба бурҷи Ҳамал ворид мегардад, на танҳо замин, балки рӯҳи инсон низ ба навшавӣ ниёз пайдо мекунад.
Таърихи пайдоиш: Аз Каюмарс то Ҷамшед
Тибқи ривоятҳои асотирӣ ва нигоштаҳои Абурайҳони Беруниву Умари Хайём, бунёдгузори Наврӯз шоҳ Ҷамшед дониста мешавад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ки Ҷамшед дар ин рӯз бар тахти зарин нишаст ва нури офтоб бар тоҷи ӯ тобида, ҷаҳонро мунаввар кард. Мардум ин рӯзро «Рӯзи нав» ё «Наврӯз» номиданд.
Аммо фалсафаи Наврӯз амиқтар аз як ҷашнвораи дарборӣ аст. Он рамзи пирӯзии Аҳурамандо (нур) бар Аҳриман (торикӣ) мебошад. Ин тазод дар гузари фаслҳо — ғолибияти баҳор бар зимистони қаҳтун — таҷассум ёфтааст.
Русум ва суннатҳои наврӯзӣ: Поксозии куллӣ
Наврӯз аз чанд марҳилаи муҳим иборат аст, ки ҳар кадоме маънои амиқи равонӣ ва иҷтимоӣ дорад:
Хонатаконӣ: Пеш аз омадани Наврӯз мардум манзилҳои худро аз гарду ғубор пок мекунанд. Ин рамзи дур кардани энергияи манфӣ ва омодагӣ барои қабули хайру баракати нав аст.
Кишти сабза: Занони тоҷик чанд рӯз пеш аз ид гандум ё нахудро дар зарфҳо тар мекунанд. Сабза рамзи зиндагии дубора ва хуррамии рӯзгор аст.
Оштикунон: Муҳимтарин ҷузъи маънавии Наврӯз бахшиши гуноҳҳост. Касоне, ки бо ҳам қаҳрӣ буданд, дар ин рӯзҳо даст ба гардани ҳам оварда, кинаҳоро аз дил берун мекунанд.
Дастурхони идона: "Ҳафт син" ва фалсафаи некӣ
Дастурхони наврӯзӣ бояд бо ҳафт чизи бо ҳарфи "С" оғозшаванда оро ёбад, ки ҳар яке паёми хос дорад:
Сумбол (Райҳон): Нишони ҷавонӣ ва тароват.
Себ: Рамзи зебоӣ ва саломатӣ.
Санҷид: Рамзи ишқ ва меҳрубонӣ.
Сирко: Рамзи сабр ва дарозумрӣ.
Сир: Рамзи шифо ва тиб.
Суманак: Шоҳсутуни дастурхон, рамзи нерӯ ва фаровонии ризқ.
Суманак: Рӯҳи ҷамъиятии Наврӯз
Пухтани суманак як маросими дастаҷамъӣ аст. Шаб то саҳар гирди дег ҷамъ омадани занон, дафзаниву таронахонӣ ва орзуҳои нек кардан нишони ваҳдати мардум аст. Суманак танҳо як ғизо нест, он натиҷаи заҳмати муштарак ва нишони саховати замин аст.
Наврӯз дар замони муосир
Имрӯз, ки Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, он ҳамчун пули пайвандгари тамаддунҳо хизмат мекунад. Дар ҷаҳони пур аз тазодҳо, паёми Наврӯз — "Панди нек, гуфтори нек ва кирдори нек" — аз ҳарвақта бештар муҳим аст. Ин ҷашн ба инсоният ёд медиҳад, ки бо табиат созиш кунад, на ҷанг.
Наврӯз ҷашни пирӣ надорад. Ҳар сол он бо ҳамон шукӯҳ ва умедҳои нав меояд. Он ба мо мегӯяд, ки пас аз ҳар зимистони сахт баҳори шукуфон меояд. Бигзор, Наврӯзи имсола барои ҳар як фарди худогоҳ оғози саҳифаи тоза дар ҷодаи худшиносӣ ва саодат бошад.
Наврӯзи оламафрӯз муборак!
Сардори шӯъбаи Агентии назорат дар сохаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон Хуҷамиров Шаҳобиддин
Муфассал...
Тоҷикӣ
Русский
English
