wrapper

Агентӣ

Агентӣ

Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2021 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми июли соли 2021 бо иштироки роҳбарияти агентӣ, аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои агентӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Муфассал...

Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нимсолаи якуми соли 2021

  19 июли соли 2021 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф  ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои ҳайати мушовараи агентӣ, Нурулло Оқилзода - мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шодиев Мирзошариф – сардори раёсати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату кумитаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорону мудирони  раёсату шуъба ва бахшҳои агентӣ, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф ҷаласаи мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 баргузор гардид.

Муфассал...

Кумак ба оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида  

   16 июли соли 2021 бо ташаббуси кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод кумак (маводи хӯрока) расонида шуд.

Муфассал...

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35