wrapper

Items filtered by date: Декабр 2024

    Роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ва кормандони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе  конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон - ҳомии Истиқлолияти давлатӣ ва меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ» баргузор намуданд.

  Дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор пешвоз гирифтани ҷашни 29-умин солгарди Консутитутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия - бахтномаи миллат» баргузор гардид.

  31-уми октябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Агентӣ таҳти раёсати директори Агентӣ-Саидзода Муҳаммадтоир ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

  Дар ҷаласаи мазкур аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавӣ, намояндагон аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар сохторашон муассисаи таълимӣ доранд, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таълимии зинаи таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи ва олии касбӣ иштирок намуданд.

   6-уми октябри соли ҷорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид.

  Дар ҷаласа муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Содиқзода Хурсанд, муовини директор-Назарализода Дилафрӯз, намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хотлон, шурои ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, намояндагони нашрияҳои “Омӯзгор”, “Маорифи Тоҷикистон”, “Маърифати омӯзгор”, сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм иштирок доштанд.

Page 22 of 51

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35  

Copyright © 2025 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. All Rights Reserved. Designed by IBlove