wrapper

Items filtered by date: Октябр 2025

Дастурамали мансабии                             

сармутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

  1. Номи мансаб – сармутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
  2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи панҷум мансуб аст.
  3. Сармутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (минбаъд – сармутахассиси раёсат аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
  4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини соҳавӣ ва сардори раёсат (минбаъд – роҳбарият) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
  5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани сармутахассиси раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба яке аз мутахассисони пешбари раёсат вогузор карда мешаванд.
  6. Сармутахассиси раёсат бо роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм), сохторҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

                                    2.Талаботи тахассусӣ

 

7.Барои мансаби сармутахассис талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

-3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

 -одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси раёсатро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

 -малакаи кор бо компютер (барномаҳои офисӣ, аз қабили Microsoft Word, Microsoft Exel, Microsoft PowrPoint) ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

 

  1. Уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси раёсат

 

  1. Сармутахассиси раёсат дар давраи муваққатан набудани сардори раёсат уҳдадориҳои мансабии онро иҷро менамояд.
  2. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти гузаронидани аттестатсияи давлатӣ, аккредитатсияи давлатӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуда аз натиҷаи он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ ва ё танҳо ба мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба тариқи хаттӣ хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  3. Дар рафти санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва ё бекор кардани қарорҳои муассисаҳои таълимӣ, ки бар хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф қабул карда шудаанд, хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  4. Дар рафти гузаронидани санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсиши шифоҳӣ дар раванди аттестатсияи давлатӣ ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда аз натиҷаи он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ ва ё танҳо ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба тариқи хаттӣ санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
  5. Иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсияро риоя намуда, дар ҳолати ошкор гардидани амалҳои коррупсионӣ ба директор ва ё роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм тариқи хаттӣ ва ё шифоӣ гузориш пешниҳод менамояд.

 

  1. Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатии дахлдор (дар мувофиқа ва бо тартиби муқарраргардида) иштирок ва уҳдадориҳои супоридашударо иҷро менамояд.
  2. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи раёсат дар якҷоягӣ бо кормандон дар муҳлатҳои муқарраргардида ба сардори раёсат ҳисобот пешниҳод намояд.
  3. Оид ба фаъолияти нимсола ва солонаи худ ва ҳангоми баҳодиҳии фаъолият дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
  4. Дар тарғиби соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок менамояд.
  5. Маводҳои воридгардидаро дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат ва ё танҳо баррасӣ намуда иҷроиши онро таъмин менамояд.
  6. Нақшаи кори нимсолаи (солонаи) кормандонро якҷоя бо сардори раёсат тартиб медиҳад.
  7. Дар рафти таҳияи лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои раёсат ҷиҳати амалӣ намудани санадҳои қонунгузорӣ дар самти дахлдор иштирок менамояд.
  8. Иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатиро дар самти фаъолияти Раёсатро дар доираи самтҳои фаъолияти худ таъмин менамояд.
  9. Дар таҳияи лоиҳаи дастурамали мансабиии худ иштирок намуда лоиҳаро ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.
  10. Дар таҳияи нақшаҳои кории раёсат иштирок намуда, баъд аз тасдиқи он дар мувофиқа бо сардори раёсат иҷрои онро назорат ва таъмин менамояд.
  11. Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро таъмин менамояд.
  12. Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия менамояд.
  13. Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба самтҳои фаъолияти раёсатро баррасӣ ва натиҷаи онро дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод менамояд.
  14. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона дар муҳлатҳои муқарраргардида, инчунин дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян шудаанд, ҳисобот пешниҳод менамояд.
  15. Арзёбии рейтинги муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ҳар сол холисона ҷамбаст намуда ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.
  16. Тартиби коркард, истифода, нигоҳдории маводи таълимӣ-илмӣ ва шароити ҷобаҷогузории он дар портали шабакаҳои иттилоотии интернетии муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро назорат менамояд.
  17. Дар раванди гузаронидани аттестатсия ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуда санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ ва пурсишҳои шифоҳӣ мегирад.
  18. Дигар дастурҳои роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро иҷро менамояд.

 

  1. Ҳуқуқҳои сармутахассиси раёсат

 

  1. Сармутахассиси раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

- самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил ва оид ба такмили фаъолияти раёсат, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таклиф пешниҳод намояд; 

- маводҳои дар ихтиёри раёсат ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм қарордоштаро омӯзад;

- аз маълумоти дар ихтиёри мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ  қарордошта тибқи тартиби муқарраргардида истифода намояд;

- иҷрои масъалаҳои таҳти назорати раёсат қарордоштаро бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва ё шахсони мансабдор дархост намояд;

- аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ ва илмии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;

- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.

  1. Сармутахассиси раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

  1. Масъулияти сармутахассиси раёсат

 

  1. Сармутахассиси раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;

- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

  1. Сармутахассиси раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.

 

  1. Муқаррароти хотимавӣ

 

  1. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ бо гирифтани имзо баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ ба сармутахассиси раёсат супорида мешавад.
  2. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии сармутахассиси раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Дастурамали мансабии                             

мутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

  1. Номи мансаб – мутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.
  2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи ҳафтум мансуб аст.
  3. Мутахассиси раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд (минбаъд – мутахассиси раёсат аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
  4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини соҳавӣ ва сардори раёсат (минбаъд – роҳбарият) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
  5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба яке аз мутахассисони раёсат вогузор карда мешаванд.
  6. Мутахассиси раёсат бо роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм), сохторҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

2.Талаботи тахассусӣ

 

7.Барои мансаби мутахассис талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

 -одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси раёсатро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират;

- малакаи кор бо компютер (барномаҳои офисӣ, аз қабили Microsoft Word, Microsoft Exel, Microsoft PowrPoint) ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

 

  1. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси раёсат

 

  1. Мутахассиси раёсат дар давраи муваққатан набудани мутахассиси пешбари

раёсат уҳдадориҳои мансабии онро иҷро менамояд.

  1. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти гузаронидани аттестатсияи давлатӣ, аккредитатсияи давлатӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда аз натиҷаи он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ ва ё танҳо ба мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба тариқи хаттӣ хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  2. Дар рафти санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва ё бекор кардани қарорҳои муассисаҳои таълимӣ, ки бар хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф қабул карда шудаанд, хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  3. Дар рафти гузаронидани санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсиши шифоҳӣ дар раванди аттестатсияи давлатӣ ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда аз натиҷаи он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ ва ё танҳо ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба тариқи хаттӣ санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
  4. Иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсияро риоя намуда, дар ҳолати ошкор гардидани амалҳои коррупсионӣ ба директор ва ё роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм тариқи хаттӣ ва ё шифоӣ гузориш пешниҳод менамояд.
  5. Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатии дахлдор (дар мувофиқа ва бо тартиби муқарраргардида) иштирок ва уҳдадориҳои супоридашударо иҷро менамояд.
  6. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи раёсат дар якҷоягӣ бо кормандон дар муҳлатҳои муқарраргардида ба сардори раёсат ҳисобот пешниҳод намояд.
  7. Оид ба фаъолияти нимсола ва солонаи худ ва ҳангоми баҳодиҳии фаъолият дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
  8. Дар тарғиби соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок менамояд.
  9. Иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатиро дар самти фаъолияти Раёсатро дар доираи самтҳои фаъолияти худ таъмин менамояд.
  10. Дар таҳияи лоиҳаи дастурамали мансабиии худ иштирок намуда лоиҳаро ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.
  11. Дар таҳияи нақшаҳои кории раёсат иштирок намуда, баъд аз тасдиқи он дар мувофиқа бо сардори раёсат иҷрои онро назорат ва таъмин менамояд.
  12. Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро таъмин менамояд.
  13. Масъалаҳои коргузории раёсатро пеш мебарад.
  14. Дар рафти гузаронидани арзёбии рейтинги муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок менамояд.
  15. Дар раванди гузаронидани аттестатсия ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ ва пурсишҳои шифоҳӣ мегирад.
  16. Дигар дастурҳои роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро иҷро менамояд.

 

  1. Ҳуқуқҳои мутахассиси раёсат

 

  1. Мутахассиси раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

- самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил ва оид ба такмили фаъолияти раёсат, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таклиф пешниҳод намояд; 

- маводҳои дар ихтиёри раёсат ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм қарордоштаро омӯзад;

- аз маълумоти дар ихтиёри мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ  қарордошта тибқи тартиби муқарраргардида истифода намояд;

- иҷрои масъалаҳои таҳти назорати раёсат қарордоштаро бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва ё шахсони мансабдор дархост намояд;

- аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ ва илмии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;

- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.

  1. Мутахассиси раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

  1. Масъулияти мутахассиси раёсат

 

  1. Мутахассиси раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;

- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

 -барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

  1. Мутахассиси раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.

 

  1. Муқаррароти хотимавӣ

 

  1. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ бо гирифтани имзо баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ ба мутахассиси раёсат супорида мешавад.
  2. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

 

                                                Дастурамали мансабии                 

мутахассиси пешбари раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

  1. Номи мансаб – мутахассиси пешбари раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.
  2. Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.
  3. Мутахассиси пешбари раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд (минбаъд – мутахассиси пешбари раёсат аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
  4. Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини соҳавӣ ва сардори раёсат (минбаъд – роҳбарият) тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад.
  5. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбари раёсат иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба яке аз мутахассисони раёсат вогузор карда мешаванд.
  6. Мутахассиси пешбари раёсат бо роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм), сохторҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

 

2.Талаботи тахассусӣ

 

7.Барои мансаби мутахассиси пешбар талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

         -одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари раёсатро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер (барномаҳои офисӣ, аз қабили Microsoft Word, Microsoft Exel, Microsoft PowrPoint) ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

 

  1. Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари раёсат

 

  1. Мутахассиси пешбари раёсат дар давраи муваққатан набудани

сармутахассиси раёсат уҳдадориҳои мансабии онро иҷро менамояд.

  1. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти гузаронидани аттестатсияи давлатӣ, аккредитатсияи давлатӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда аз натиҷаи он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ ва ё танҳо ба мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба тариқи хаттӣ хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  2. Дар рафти санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф бо тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва ё бекор кардани қарорҳои муассисаҳои таълимӣ, ки бар хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф қабул карда шудаанд, хулоса (маълумотнома) пешниҳод менамояд.
  3. Дар рафти гузаронидани санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ, пурсиши шифоҳӣ дар раванди аттестатсияи давлатӣ ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, аз натиҷаи он тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ ва ё танҳо ба директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба тариқи хаттӣ санад (гузориш) пешниҳод менамояд.
  4. Иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсияро риоя намуда, дар ҳолати ошкор гардидани амалҳои коррупсионӣ ба директор ва ё роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм тариқи хаттӣ ва ё шифоӣ гузориш пешниҳод менамояд.
  5. Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва муассисаҳои таълимӣ, мақомоти давлатии дахлдор (дар мувофиқа ва бо тартиби муқарраргардида) иштирок ва уҳдадориҳои супоридашударо иҷро менамояд.
  6. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаи раёсат дар якҷоягӣ бо кормандон дар муҳлатҳои муқарраргардида ба сардори раёсат ҳисобот пешниҳод намояд.
  7. Оид ба фаъолияти нимсола ва солонаи худ ва ҳангоми баҳодиҳии фаъолият дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳисобот пешниҳод менамояд.
  8. Дар тарғиби соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок менамояд.
  9. Иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатиро дар самти фаъолияти Раёсатро дар доираи самтҳои фаъолияти худ таъмин менамояд.
  10. Дар таҳияи лоиҳаи дастурамали мансабиии худ иштирок намуда лоиҳаро ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.
  11. Дар таҳияи нақшаҳои кории раёсат иштирок намуда, баъд аз тасдиқи он дар мувофиқа бо сардори раёсат иҷрои онро назорат ва таъмин менамояд.
  12. Иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро таъмин менамояд.
  13. Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро мустақилона ё дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия менамояд.
  14. Шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба самтҳои фаъолияти раёсатро баррасӣ ва натиҷаи онро дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод менамояд.
  15. Оид ба фаъолияти семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона дар муҳлатҳои муқарраргардида, инчунин дар муҳлати на камтар аз се рӯз то гузаронидани баҳодиҳии фаъолият дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабие, ки дар давраи ҳисоботӣ муайян шудаанд, ҳисобот пешниҳод менамояд.
  16. Масъалаҳои коргузории раёсатро пеш мебарад.
  17. Дар рафти гузаронидани арзёбии рейтинги муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок менамояд.
  18. Дар раванди гузаронидани аттестатсия ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ, умумӣ ва иловагии мақоми маҳаллидоштаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ ва пурсишҳои шифоҳӣ мегирад.
  19. Дигар дастурҳои роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро иҷро менамояд.

 

  1. Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбари раёсат

 

  1. Мутахассиси пешбари раёсат ҳуқуқҳои зерин дорад:

- дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

- самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил ва оид ба такмили фаъолияти раёсат, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таклиф пешниҳод намояд; 

- маводҳои дар ихтиёри раёсат ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм қарордоштаро омӯзад;

- аз маълумоти дар ихтиёри мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ  қарордошта тибқи тартиби муқарраргардида истифода намояд;

- иҷрои масъалаҳои таҳти назорати раёсат қарордоштаро бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва ё шахсони мансабдор дархост намояд;

- аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ ва илмии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;

- аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.

  1. Мутахассиси пешбари раёсат дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

  1. Масъулияти мутахассиси пешбари раёсат

 

  1. Мутахассиси пешбари раёсат дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

- барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

- барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;

- барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»;

- барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

- барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

- барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

- барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

- дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

  1. Мутахассиси пешбари раёсат барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.

 

  1. Муқаррароти хотимавӣ

 

  1. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар хадамоти кадрӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи хадамоти кадрӣ бо гирифтани имзо баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ ба мутахассиси пешбари раёсат супорида мешавад.
  2. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбари раёсат мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

Дастурамали мансабии

мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Муқаррароти умумӣ

 

1.Номи мансаб – мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2.Мансаби мазкур тибқи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансабҳои категорияи шашум мансуб аст.

3.Мутахассиси пешбари раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – мутахассиси пешбар) аз тарафи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм) мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

4.Ишғолкунандаи мансаби мазкур ба сардори раёсати назорати давлатии илм ва инноватсия, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – сардори раёсат) тобеъ ва  ҳисоботдиҳанда мебошад.

5.Дар давраи муваққатан ҳозир набудани мутахассиси пешбар иҷрои уҳдадориҳои мансабии ӯ ба мутахассиси раёсат вогузор карда мешаванд.

6.Мутахассиси пешбар бо роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохторӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд –Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм), сохторҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва муассисаҳои таълимӣ дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ менамояд.

                                 

 

                                   2.Талаботи тахассусӣ

 

7.Барои мансаби мутахассиси пешбар талаботи тахассусии зерин муқаррар карда мешавад:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси равияи омӯзгорӣ, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва гуманитарӣ;

-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;

 -одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари раёсатро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ.

 

3.Уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбар

 

8.Мутахассиси пешбар дар давраи муваққатан набудани сармутахассис уҳдадориҳои мансабии онро иҷро менамояд.

9.Нақшаи кории худро таҳия ва барои тасдиқ ба сардори раёсат пешниҳод, ба нақшаҳои кори раёсат ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таклифу пешниҳодҳо менамояд.

10.Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба самтҳои фаъолияти раёсат баррасӣ ва натиҷаи онро ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.

11.Лоиҳаи тавсияҳои методии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба фаъолияти раёсат дахлдоштаро дар якҷоягӣ бо дигар кормандони раёсат таҳия ва пешниҳод, лоиҳаҳои тавсияҳои методии омоданамудаи дигар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро дар якҷоягӣ бо кормандони раёсат баррасӣ намуда, хулосаашро пешниҳод менамояд.

12.Дар санҷиши фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм тибқи тартиби муқарраргардида иштирок ва аз натиҷаи санҷишҳо барои бартараф намудани камбудиҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ оид ба иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ё бекор кардани қарорҳои муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ, ки бар хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм қабул карда шудаанд, санад (гузориш) пешниҳод менамояд.

13.Иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсияро риоя намуда, дар ҳолати ошкор гардидани амалҳои коррупсионӣ ба сардори раёсат ва ё директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм тариқи хаттӣ гузориш пешниҳод менамояд.

14.Дар кори комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ, ҷаласаҳо, машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва муассисаҳои таълимӣ, илмӣ, мақомоти давлатии дахлдор (дар мувофиқа ва бо тартиби муқарраргардида) иштирок ва уҳдадориҳои супоридашударо иҷро менамояд.

15.Оид ба фаъолияти худ, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба сардори раёсат (семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солона) ҳисобот пешниҳод  менамояд.

16.Дар тарғиби соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла тариқи воситаҳои ахбори омма иштирок мекунад.

17.Тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои сардори раёсат ва директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ба иҷрокунандагон ва шахсони масъул, назорати иҷрои онҳоро таъмин менамояд.

18.Иҷрои консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатиро оиди фаъолияти раёсат дар доираи самтҳои фаъолияти худ таъмин менамояд.

19.Дар таҳияи лоиҳаи дастурамали мансабиии худ иштирок намуда лоиҳаро ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.

20.Дар рафти гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузориии маҷмӯӣ ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иштирок менамояд ва ё тибқи талабот комиссияро роҳбарӣ менамояд.

21.Арзёбии рейтинги муассисаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро холисона ҷамбаст намуда, ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.

22.Тартиби коркард, истифода, нигоҳдории маводи таълимӣ-илмӣ ва шароити ҷобаҷогузории он дар портали шабакаҳои иттилоотии интернетии муассисаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро назорат менамояд.

23.Дар раванди гузаронидани аттестатсия ва назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иштирок намуда санҷишҳои тестӣ, корҳои хаттӣ ва пурсишҳои шифоҳӣ мегирад.

24.Дигар уҳдадориҳои вобаста ба фаъолияти раёсат, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд иҷро менамояд.

25.Дар ҳолати ошкор гардидани амали коррупсионӣ дар доираи салоҳияти худ ба мақомотҳои ваколатдор хабар дода, бо онҳо ҳамкорӣ менамояд.

26.Ҳангоми набудани сармутахассиси раёсат вобаста ба дастурҳои Сарвазири мамлакат ва муовинони он, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи лозимаро омода намуда, барои аз назар гузаронидан ба сардори раёсат пешниҳод менамояд.

27.Ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз протоколҳои ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти набудани сармутахассиси раёсат масъул мебошад.

28.Дигар дастурҳои сардори раёсат ва роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илмро иҷро менамояд. 

 

                           4.Ҳуқуқҳои мутахассиси пешбар

 

  1. Мутахассиси пешбар ҳуқуқҳои зерин дорад:

-дар баррасии масъалаҳои ба фаъолияти раёсат дахлдошта ва қабули қарор аз рӯи масъалаҳои ба уҳдадориҳои мансабии ӯ дахлдошта иштирок намояд;

-самтҳои фаъолияти раёсатро таҳлил ва оид ба такмили фаъолияти раёсат, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таклиф пешниҳод намояд; 

-маводҳои дар ихтиёри раёсат ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм қарордоштаро омӯзад;

-аз маълумоти дар ихтиёри мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ  қарордошта тибқи тартиби муқарраргардида истифода намояд;

-иҷрои масъалаҳои таҳти назорати раёсат қарордоштаро бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва/ё шахсони мансабдор дархост намояд;

-аз мақомоти дахлдор, муассисаҳои таълимӣ ва илмии дахлдор маълумот ва маводи барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ заруриро бо тартиби муқарраргардида дархост карда гирад;

-дар баррасии дастурҳои Сарвазири мамлакат ва муовинони он, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба фаъолияти раёсат алоқаманд мебошанд, иштирок менамояд;

-ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз Протоколҳои ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сардори раёсат ва дигар зерсохторҳои мактубҳои ирсолиро талаб намояд;

-аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта шавад.

30.Мутахассиси пешбар дар ҳуҷҷатҳо, санадҳо, лоиҳаҳои фармоишҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои баррасӣ ба сардори раёсат ва роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм пешниҳод карда мешаванд, ҳуқуқи имзо карданро доро мебошад.

31.Мутахассиси пешбар дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

 

  1. Масъулияти мутахассиси пешбар

 

  1. Мутахассиси пешбар дорои чунин масъулиятҳо мебошад:

-барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, ки дар дастурамали мансабии мазкур пешбинӣ шудаанд;

-барои пешниҳод накардани маълумоти дуруст ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, тартиб додан ва пешбурди парвандаи шахсии худ;

-барои риоя накардани маҳдудиятҳо ва дигар талаботҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

-барои риоя накардани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият -барои пешниҳод накардан ва ё пешниҳоди нодурусти эъломияҳо оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молумулкӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида;

-барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-барои ошкор намудани сирри хизматӣ, давлатӣ ва дигар сирре, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд;

-барои риоя накардани интизоми меҳнат, қоидаҳои тартиботи дохилӣ;

-барои ғайримақсаднок истифода бурдан ва ё вайрон намудани моликияти давлатии вобастакардашуда;

-барои сари вақт иҷро кардани дастурҳои Сарвазири мамлакат ва муовинони он, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусха аз Протоколҳои ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-дигар масъулияте, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

33.Мутахассиси пешбар барои иҷро накардан ва ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ, интизоми меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, истифодаи ғайримақсаднок ва нобуд сохтани моликияти барои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ вобастакардашуда ва дигар ҳолатҳои дар дастурамали мансабии мазкур нишондодашуда тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад.

 

                                  

  1. Муқаррароти хотимавӣ

 

  1. Дастурамали мансабии мазкур дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум дар шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дуюми он аз тарафи шуъбаи кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ, эътироф ва баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилот дар давлатҳои хориҷӣ бо гирифтани имзо баъди бақайдгирӣ дар китоби бақайдгирии дастурамалҳои мансабӣ ба мутахассис супорида мешавад.
  2. Ҳангоми тағйир ёфтани уҳдадориҳои мансабӣ ва ҳуқуқҳои хизматчии давлатии маъмурӣ аз рӯи натиҷаи баҳодиҳии фаъолияти солона, ҳангоми азнавташкилдиҳии раёсат ва ё Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва дигар ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани Дастурамали мансабии мутахассиси пешбар мегарданд, Дастурамали мансабии мазкур аз нав таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

 

 

 

 

 

Page 3 of 4

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35