wrapper

Items filtered by date: Сентябр 2023

   6-уми сентябри соли ҷорӣ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Истиқлолият-рамзи пойдории давлат» баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадтоир Саидзода – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, муовинон, сардорони раёсату шуъба, мудирони бахш ва кормандони  раёсату шуъбаҳои минтақавӣ иштирок намуданд.

   Дар асоси фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадшо Саидзода-сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва иловагӣ, мушовири директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд. Маросими супоридани мукофот бо иштироки  Эмомалӣ Насриддинзода - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Нурулло Оқилзода-мушовири колони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва роҳбарияту кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм сурат гирифт.

   Имрӯз дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ бо роҳбарият ва намояндагони Агентӣ баргузор гардид, ки дар он, инчунин, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.

   Тамошои дастаҷамъонаи дарси сулҳ ва рӯзи дониш дар толори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35