Items filtered by date: Апрел 2022
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ
Тибқи ҷадвали қабули шаҳрвандон рӯзи 15.04.2022 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарият, қабули шаҳрвандон ҷиҳати баррасии дархосту саволҳояшон баргузор гардид.
Саҳмгузорӣ дар тозаву озодагардонӣ
Дар асоси дастуру супоришҳо ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба идҳои бузурги давлатӣ Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ аз ҷумла имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам ободу зебо, сабзу хурамгардонии шаҳри Душанбе шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд.
Мушовараи Агентӣ «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли 2022»
11 апрели соли 2022 дар маҷлисгоҳи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон, аъзои мушовараи Агентӣ, намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ ҷаласаи мушовара «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семоҳаи аввали соли 2022» доир гардид, ки дар он тамоми паҳлуҳои фаъолияти Агентӣ дар семоҳаи аввали соли 2022 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.