Items filtered by date: Ноябр 2022
Идомаи татбиқ ва иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Деваштич аз ҷониби сарпараст
Аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2022 ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, № АП-52 оид ба таъйини сарпарастон ба Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Деваштич» 10 адад компютери замонавӣ тақдим карда шуд.
Таҷлили Рӯзи Парчам миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ
Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Субҳонзода Икром – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки Мирзозода Иброҳим- раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Хониши идоравӣ дар Агентӣ
Дар бинои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи баргузории хонишҳои идоравӣ бо иштироки Сафарзода Ҳаёт Сайдамир-полковники милитсия, профессори кафедраи “Пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ”-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Усулҳои муқовимат ба тероризм ва эктримизм”хониши идоравӣ баргузор гардид.
Истиқболи 30 солагии иҷлосияи 16-Шӯрои Олӣ ва рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазавор таҷлил намудани ҷашни 30 солагии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мансури Дилрабо Саидулло-Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мусоева Рафиқа Ғаниевна-иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Неъматзода Маликшо-Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, роҳбарони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Нашрияи «Омӯзгор», Маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ» ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва минтақавии Агентӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
- 1
- 2