wrapper

Items filtered by date: Апрел 2021

  Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2021 фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳо, нақшаи корӣ барои нимсолаи якуми соли 2021, фармоишҳои директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, тибқи банди 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.06.2020, №1557 дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба 11 қонуни соҳавӣ таѓйиру иловаҳо ворид намуд, ки то имрӯз 4-тои он қабул гардида, 2-то дар баррасӣ ва 5-то бо назардошти вобаста будан аз 2 қонуни дар баррасиқарордошта дар омӯзиши Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

  Бо мақсади иҷрои талаботи банди 17 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 30 августи соли 2017 зимни ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш» ва банди 5 зербанди 12 Низомномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузаронида шуд.

Дар бораи мо

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе кӯчаи Айнӣ 126

E-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.
Tел: 225-85-35
Факс: 225-85-35